Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозори занҳо" дар Турсунзода. Бозоре, ки зиндагии ҳазорон нафарро пеш мебарад. ВИДЕО


Дар ин бозор аксариятро занон ташкил медиҳанд.
Дар ин бозор аксариятро занон ташкил медиҳанд.

Мамлакат Тошибоева омӯзгори риёзӣ дар мактабе дар шаҳри Турсунзода буд, баъди бознишастагӣ бозорнишин шуд. Ҳоло дар бозори марказии шаҳр тиҷорат мекунад.

Ӯ яке аз 1300 зане аст, ки дар бозори мазкур кор мекунанд. Аз миёни 2100 тоҷири бозори марказии Турсунзода 1300 нафар зан ҳастанд, бақияро мардон ташкил медиҳанд. Ба Радиои Озодӣ гуфт, кораш сахт нест, омӯзгорӣ бо вуҷуди мушкилӣ ба назараш осонтар менамояд. Ӯ мегӯяд: Сенздаҳ сол шуд, ки дар бозор кор мекунам. Аз муаллимагӣ, бозор мушкилтар аст, чунки бо одамони гуногун кор мекунӣ.”

Ҳар рӯз бори зиёдеро мебаранду мекашанд. Бо бардоштани халтаҳои бузурги картошкаву қуттиҳои мева, корҳоеро анҷом медиҳанд, ки барои мардон ҳам осон нест. Мамлакат Тошибоева мегӯяд: Барои як зан мушкила ст, саҳарӣ меоед, сабзӣ, картошка гирифтан даркор, ҳаминҷо оварда мондан даркор аст. Барои занҳо мушкил аст. «

Рӯзҳои зиёди ҳамкори омӯзгори собиқ Истад Рӯзимуродова дар бозор мегузарад, аммо ӯ танҳо нест. Бо шавҳараш сабзавот мепарваранду мефурӯшанд. Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: Бист сол боз дар бозор кор мекунам. Худам бознишаста ҳастам, ҳаво хунук бошад кор намекунем.»

"Бозори занон" дар Турсунзода
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Истад Рӯзимуродова мегӯяд, бо пули нафақа зистан душвор аст, барои ҳамин ба бозор баромадааст: «Ин корро накунем, рӯзамон намегузарад. 300 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ ба чӣ мерасад, ба ҳеҷ чиз.» Даромади якрӯзаи Истад Рӯзимуродова аз 50 то 150 сомонӣ аст.

Дар Тоҷикистон одатан кори рӯзгор бар дӯши мард аст, вале солҳои ахир мушкилоти иқтисодӣ занҳоро ҳам ба бозору дигар корҳо кашидааст. Дар хонаводаҳои зиёде бори зиндагиро занҳо мекашанд.

Қонунҳои зиндагӣ ва иқтисоди бозаргонӣ суннатҳои пешинаро аз байн бурдаанд, чун ба гуфтаи Истад Рӯзимуродова «дар хона шинед, ҳеҷ кас ба шумо «вай», яъне кӯмак намекунад. Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон то охири соли 2018 дар кишвар бештар аз 280 ҳазор зани соҳибкор сабти ном шудаанд, ки занони бозорнишин ҳам аз ҷумлаи онҳоянд.

XS
SM
MD
LG