Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонсҳои футболбозони тоҷик дар Ҷоми СНГ


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мебинад. Ин мусобиқот аз 17 то 23 январ дар Петербург доир мешаванд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22 сола дар Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 17 то 23 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷараён доранд.

Рустам Хоҷаев, мураббии калони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи даста ба Ҷоми Иттиҳод барои мо ҳамаи шароити заруриро фароҳам сохтааст. Бо майдонҳои замонавӣ барои тамрин, ҷойи хоб, нақлиёт ва ғизои хуб таъмин ҳастем. Бинобар ин омодагии мо ба Ҷоми Иттиҳод хуб ҷараён дорад.”

Шонсҳои футболбозони тоҷик дар Ҷоми СНГ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Ба гуфтаи ҷаноби Хоҷаев, дар марҳилаи дувуми омодагиҳо ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 21 бозигар даъват шудааст. Вай афзуд, “баъди анҷоми марҳилаи аввали омодагиҳо, ки аз 19 то 30 декабр баргузор шуда буд, аз ҳайати даста бозигароне, ки аз санҷиши ситоди мураббиён бо роҳбарии мутахассиси пуртаҷрибаи украинӣ Роман Пилипчук нагузаштанд, хориҷ шуданд. Ҳоло ҳаштод дар сади ҳайати дастаро футболбозоне ташкил медиҳанд, ки таҷрибаи бозӣ дар Ҷоми Иттиҳодро доранд. Бинобар ин мо бовар дорем, ки бо чунин ҳайат дар гурӯҳи худ бомуваффақият бозӣ мекунем.”

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2016, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Аввалин бозии санҷишии даста бо ҳайати омехтаи наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи кишвар бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар бозии дувуми санҷишӣ мунтахаби ҷавонони кишвар дастаи “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Ба иттилои ҷаноби Хоҷаев, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIV байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои ҷавонони Русия, Эстония ва Латвия рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова дохиланд.

“Ҳарсе рақиби мо дастаҳои пурқувватанд. Тимҳои Русия ва Латвия барандагони Ҷоми Иттиҳод шудаанд. Ба андешаи ман тимҳои Русия, Латвия, инчунин Беларус довталабони аслии Ҷоми Иттиҳод-2016 мебошанд. Мо мекӯшем, ки муқобили рақибонамон бозии хуб нишон бидиҳем. Вазифаеро, ки дар назди даста гузошта мешавад, пеш аз сафар ба Санкт-Петербург ба бачаҳо эълон хоҳем кард”, - иброз дошт Рустам Хоҷаев.

Бар асоси тақвими бозиҳо, ки дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешаванд, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро 17 январ дар гурӯҳи “В” бо дастаи мизбон – Русия - анҷом медиҳад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 19 январ бо мунтахаби Эстония ва дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ 21 январ бо мунтахаби Латвия вориди рақобат мешаванд.

Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол менамоянд, барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охир қарор мегиранд, барои ҷойи ҳафтум талош хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа 17 январ соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ ва маросими пӯшидашавӣ 23 январ соати 21:00 баргузор мешавад.

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2016:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

14:00 – Беларус – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Молдова
18:30 – Латвия – Эстония
21:00 – Русия – Тоҷикистон

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус

18:30Тоҷикистон – Эстония

21:00 – Русия – Латвия

Даври 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – Тоҷикистон
21:00 – Эстония – Русия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG