Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Ҷаҳони Ислом. Сиёсати дарҳои начандон боз?


Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар Душанбе. 16-уми октябри соли 2017
Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар Душанбе. 16-уми октябри соли 2017

Иштирокдорони як нишаст дар Душанбе гуфтанд, Тоҷикистон дар баробари равобити хуб бо ҷаҳони Ислом "бояд аз хатарҳои эҳтимолӣ аз ин зовия эҳтиёткор бошад". Ин дар ҳолест, ки таҳдидҳои воқеӣ хеле камтар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин нишаст, ки рӯзи 8-уми октябр баргузор шуд, масъулони Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, Душанбе дар миёни манфиатҳо ва хатарҳо аз ҷомеаи исломӣ қарор дорад ва бештар ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош мекунад. Аммо коршиносон аз он интиқод мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ҷаҳони ислом стратегияи мушаххас надорад ва дар чанд бахш, аз ҷумла ҷалби сармоя, муваффақ набудааст.

Байни эҳсосот ва амалгароӣ

Абдуллоҳи Роҳнамо, мушовири раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми октябр дар нишаст гуфт, кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон дар оғози ба даст овардани соҳибихтиёрӣ бо як эҳсосот ба ҷаҳони ислом нигаристанд, вале акнун воқеънигарӣ ҷойи эҳсосро гирифтааст.

"Аввалин касоне, ки аз ҷаҳони ислом ба Тоҷикистон меомаданд, ҳамчун меҳмонони бисёр муҳим истиқбол мешуданд. Соли 1991 аввалин сафари вазири корҳои хориҷии Эрон оқои Вилоятӣ ба Душанбе ба як ҳодисаи муҳиме табдил шуд, ки мардум ба хиёбонҳо баромада, бо шиор ӯро пешвоз гирифтанд," -- гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Бо вуҷуди мусалмон будани аксари аҳолӣ дар Тоҷикистон кишвар дар даврони пойбарҷоии Шӯравӣ бо кишвару созмонҳои исломӣ ё мусалмонӣ иртиботи зиёд надошт. Фурӯ рехтани пойдевори Шӯравӣ дари ҳамкорӣ бо кишвару созмонҳои исломиро ба рӯи Тоҷикистон боз кард.

Ҳоло Душанбе бо беш аз 20 кишвари мусулмонӣ ва исломии дунё, ҳамчунин созмону бонкҳои исломӣ, ҳамкорӣ дорад. Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони конфронси исломӣ аст.

Саъдӣ Юсуфӣ
Саъдӣ Юсуфӣ

Коршиносон мегӯянд, бо назардошти воқеаҳои ахир дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла ҷангу инқилобҳо Тоҷикистон дар муносибати худ бо ҷаҳони ислом эҳтиёткор шудааст.

Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, гуфт, кишварҳои мусалмонӣ ҳоло доғтарин нуқтаҳои ҷаҳон мебошанд ва дар Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки ин ҷангу кашмакашҳо ба инҷо сироят наёбад. Ин таҳлилгар ҳамчунин гуфт, "дар оғози соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон аз ҷаҳони ислом шинохти дурусту дақиқе надошт. Бо мурури замон ва бо шакл гирифтани сиёсати беруна ва озмудани кишварҳои гуногун билохира ба ин қаноат расиданд, ки бояд аз эҳсосот фаротар рафт ва воқеъбинона ба ҷаҳони ислом нигарист."

Пайвандҳои динӣ ва ҳизбӣ?

Масъулони Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфтанд, аз ҳамкорӣ бо кишварҳои исломӣ то ин вақт Душанбе дар баробари фоида зарарҳои зиёде низ дидааст.

Аз ҷумла, дар нишаст таъкид шуд, ки аз Тоҷикистон наздики 5 ҳазор ҷавон барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтанд, вале ба гуфтаи мақомот, "аксари онҳо бо ақидаҳои ифротӣ ба ватан баргаштанд". Мақомот соли 2010 ба баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ оғоз карданд. Толибилмони баргашта таълими ифротгароӣ дар мадрасаҳои диниро рад карда буданд.

Таҳсил дар кишварҳои исломӣ, ба гуфтаи масъулони Маркази тадқиқоти стратегӣ, ягона манбаи нигаронӣ аз ҷаҳони ислом набуда, дар кишвар бештар аз нуфузи исломгароии сиёсӣ эҳсоси хатар доранд. Исломгароии сиёсие, ки ба қавли масъулони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар қолаби фондҳои хайриявӣ ва ҳизбҳо дар кишвар нуфуз намуд ва барои татбиқи сиёсати кишварҳои дигар кор мекард.

Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, "фалсафаи баста шудани ягона ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон низ дар табдил ёфтани он ба абзори қувваҳои хориҷӣ аст". Аммо Абдуллоҳ Роҳнамо дақиқан аз доираҳое ном набурд, ки ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ абзори онҳо шуда бошад. Вале дар гузашта мақомот борҳо Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳимоят аз ин ҳизб айбдор карда буданд. Масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ борҳо ин иддаоро рад кардаанд.

Дар ҷараёни баҳс дар нишасти рӯзи 8-уми октябр дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ин суол баррасӣ шуд, ки Тоҷикистон дар шароити нав чӣ равобите бо ҷаҳони ислом дошта бошад. Масъулини Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфтанд, Душанберо зарур аст, ки равобити солимро бо дунёи ислом нигоҳ дорад, вале дар айни замон аз хатарҳои эҳтимолӣ аз ҷаҳони ислом назири ифротгароӣ ва исломи сиёсӣ эҳтиёт кунад.

Дар нишаст, ки дар он Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт, ба ихтилоф дар худи ҷаҳони ислом низ таъкид шуд. Ихтилофе, ки ба гуфтаи ширкатдорони нишаст ба Тоҷикистон имкон намедиҳад, бо ҳама кишварҳои исломӣ муносибати яксон дошта бошад.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Дар ҳамин ҳол бархе таҳлилгарон аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекунанд, ки то ҳол барои муносибат бо ҷаҳони ислом стратегияи мушаххас надорад. Набуди ин стратегия ба гуфтаи таҳлилгарон боис шудааст, ки Тоҷикистон дар ҷалби сармояи ҳангуфти кишварҳои исломӣ низ муваффақ нагашт. Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик борҳо аз кишварҳои мусалмонӣ бахусус арабӣ даъват кардаанд, ки дар тарҳҳои сармоягузории Тоҷикистон иштирок кунанд. Аммо ба ҷуз аз чанд тарҳи хайриявӣ кишвар шоҳиди вуруди сармояи бисёре аз кишварҳои исломӣ нашудааст.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик мегӯяд, кишварҳои арабӣ ба тарҳҳое сармоягузорӣ мекунанд, ки интизор доранд зуд фоида орад. "Сармоягузорони арабӣ ба кишварҳое, ки як динор дода, пагоҳ ду динор нагирад, таваҷҷуҳ надорад. Мо бояд барномаҳои худро тарзе пешниҳод кунем, ки барои онҳо ҷолиб бошад", -- шарҳ дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон тахмин мезананд, ки рӯ ба кишварҳои исломӣ, ба хусус кишварҳои арабӣ овардани Тоҷикистон ба хотири дарёфти шарикони боэътимоди роҳбурдӣ аст. Зеро, ба таъкиди онҳо, Тоҷикистон, дар муддати 20 соли ахири пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, бештар вобастаи абарқудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русия будааст, ки натавонистааст, иқтисоди хешро рушди бештар диҳад ва дар даҳаи ахир ҳарчӣ зиёдтар ба қарзу сармоягузорӣ ва ҳамкории наздик бо Чин майл кардааст.

XS
SM
MD
LG