Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули зиндониёни тоҷику афғон ба таъхир афтодааст


Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, табодули зиндониёни ду кишвар бинобар мулоҳизоти амниятии Душанбе то ба вақти номаълум ба таъхир афтодааст.

Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, сухангӯи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 24 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди созишҳои ҳосилшуда дар заминаи табодули маҳбусон, тарафи Тоҷикистон муддати якуним соли ахир, аз бозгардонидани зиндониёни афғон барои идомаи адои ҷазо дар ватанашон худдорӣ кардааст.

Ин дипломати афғон афзуд, панҷ сол пеш байни ду кишвар як тавофуқномае дар робита ба истирдоди муҷримон ва ё маҳбусон ба имзо расида буд ва чанд соли нахуст иҷро мешуд, вале ҳудуди якуним сол шудааст, назар ба баъзе мушкилот, ба таъвиқ афтодааст: "На аз тарафи Афғонистон, балки аз тарафи Тоҷикистон. Рӯи ин масъала кор идома дорад, иншоллоҳ ҳарду тараф ба натиҷа мерасанд, мушкиле, ки дар ин масъала ҳаст, ҳал хоҳад шуд. “

Айни замон дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар аз 100 нафар шаҳрвандони афғон зиндонӣ ҳастанд, ки ба гуфтаи Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, ба гуноҳҳои гуногун дар Тоҷикистон ҷазо гирифтаанд: “Чизҳои мухталиф аст, аз қочоқи маводи мухаддир гирифта, то мушкилот дар аснодашон ва зиндагӣ. Хуб, инсон ба ҳар ҷурму ҷиноят муттаҳам мешавад, онҳо низ бо гуноҳҳои мухталиф зиндонӣ шудаанд. “

Аммо бештари зиндониёни тоҷик дар Афғонистон, бо гуноҳи анҷоми амалҳои террористӣ ба зиндонӣ маҳкум шудаанд. Дипломати афғон ҳамчунин гуфт, ду ва ё дуним моҳ пеш, мақомоти Афғонистон 7 шаҳрванди Тоҷикистонро ба кишвар таслим карданд, вале теъдоди каме мондаанд, ки ба гуфтаи ӯ намехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд:

“Чанд нафари маҳдуде, ки ангуштшумор ҳастанд, худашон намехоҳанд, баргарданд ва мехоҳанд, ҳабси боқимондаашон дар Афғонистон сипарӣ шавад. Бар асоси мувофиқатнома, ки байни ду кишвар ба имзо расидааст, як бандаш ин аст, ки маҳбусон агар худашон нахоҳанд, ба кишвари аслишон баргарданд, ӯро бо ҷабр фиристода наметавонад.”

Муҳаммадовуд Иброҳимхел дар идомаи сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабабҳои худдории Тоҷикистон аз таслими зиндониёни афғонро ошкор карда наметавонад, вале медонад, ки онҳо нигарониҳое доранд:

“Инҳо як силсила далоиле доранд, ки дуруст нест ман онҳоро ба шумо бигуям ва ё ба матбуот барояд. Инҳо нигарониҳои худро доранд, аз он лиҳоз Тоҷикистон феълан омода нест, ки ин корро бикунанд, мушкил аз тарафи мо нест, аз тарафи Тоҷикистон аст. Нигарониҳое, ки онҳо доранд, ба ҳамин далел ин мавзӯъро ба таълиқ дароварданд.”

Дар вазорати адлияи Тоҷикистон, ки зиндонҳои кишвар дар тобеияти он аст, аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд, вале дар гузашта баъзе аз мақомот гуфтаанд, ки қочоқбароне, ки барои идомаи адои ҷазо ба Афғонистон супурда шудаанд, баъди раҳоӣ дигарбора ҷиноят кардаанд.

Чанд моҳи пеш чанд нафар аз зиндониёни афғон ба бахши дарии Радиои Афғонистон занг зада гуфтанд, ки вазъи онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон бисёр бад аст ва касе ҳам ба доди онҳо намерасад. Вале Муҳаммаддовуди Иброҳимхел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши консулии сафорати Афғонистон ҳамвора аз аҳволи онҳо хабар мегирад, мушкили ҷиддие надоранд, мисли зиндониёни тоҷик духтуру дору доранд ва “ба шакле, ки лозим аст, аз онҳо муроқибат сурат мегирад.”

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад ва яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол мақомоти интизомӣ аз боздошти қочоқбарони афғон гузориш медиҳанд ва ё дар муқобила бо қочоқбарони мусаллаҳ онҳоро мекушанд. Аз сӯи дигар авҷ гирифтани ноамнӣ дар Афғонистон сабаб шудааст, ки шумораи паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон зиёд шавад. Айни замон дар кишвар 2500 паноҳҷӯи афғон зиндагӣ мекунанд ва 500 нафари дигар ҳам дархости паноҳандагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG