Пайвандҳои дастрасӣ

Гулҷаҳон аз баҳри гӯшти гов гузашт


Боло рафтани қимати гӯшти гов дар Тоҷикистон, мардуми камбизоатро бахусус дар ноҳияҳои ҷанубӣ аз истеъмоли ин маводи ғизоии муҳим барои рушду инкишофи инсон маҳрум кардааст.

Гулчаҳон Расулова, сокини 59-солаи деҳаи Селгаҳи ноҳияи Панҷ, ки гӯшти говро пештар аҳёнан мехарид, дар се чаҳор моҳи гузашта дигар нахаридааст, чун пулаш ба харидани он намерасад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои меҳмонон гӯшти мурғ ва барои бачаҳо гоҳо тухм мехарад, то хӯрокашон хушмазза ва серғизо бошад. Гӯшти мурғ ва тухм дар муқоиса бо гӯшти гов арзон аст. Гулҷаҳон Расулова мегӯяд: “Гӯшти гов қимат шудааст. Вақте хона меҳмон меояд, гоҳо гӯшти мурғ мехарем, гоҳо онҳоро бо тухми мурғ зиёфат медиҳем, чунки имкони харидани гӯшти говро надорам. Агар як рӯз гӯшти гов хӯрем, пас бояд чанд рӯз гурусна гардем.”

Хонаводаи ин зан аз 10 нафар иборат аст ва оила аз ҳисоби ду муҳоҷири кориаш дар Русия зиндагӣ мекунад. Қимати гӯшти гов дар Тоҷикистон дар остонаи моҳи Рамазон дар баҳор ба боло ҳаракат кард ва баъди он ҳам аз ин ҳаракаташ намонд. Дар Душанбе ва Хатлон ҳоло қимати як гӯшти гов то ба 50 сомонӣ расидааст. Мақомот дар шаҳру навоҳии Хатлон қассобонро ба ҳамкорӣ даъват карда мекунанд, ки қимати ин маҳсулоти ниёзи мардумро дар бозорҳо мӯътадил нигаҳ доранд. Ба гуфтаи Бахши иттилоот ва таҳлили ҳукумати вилоят, дастуре дар ин замина содир шудааст ва ҳадафи он назорати фӯруши гӯшти гов дар тамоми бозорҳои вилоят ва ба танзим овардани қимати он аст.

Мақомоти вилоят, қимати гӯшти говро аз 40 сомонӣ то 45 сомонӣ муқаррар кардаанд ва қассобе, ки гӯштро аз ин қимат боло мефурӯшад, ҷарима мебанданд. Шамсулло Раҷабалиев, масъули бахши савдои ҳукумати шаҳри Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар бозорҳо мефаҳмонем, ки арзиши гӯшт боло бурда нашавад. Ҳамзамон шартномаҳо дорем, ки тоҷирон имзо мекунанд, ки бо нархи муайяншуда гӯшти говро ба фурӯш мебароранд.”

Аҳдномаи мақомоту қассобон дар Хатлон

Тибқи гузориши расмӣ шартнома барои мӯътадил нигоҳ доштани қимати гӯшти гов бо қассобони 48 дӯкони бозорҳои “Фаровон” ва “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар имзо шудааст. Дар дигар бозорҳои вилоят ҳам айни корро карданӣ ҳастанд. Иқбол, қассобе дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, мегӯяд, бо ҳукумат шартнома имзо кардааст, ки бар асоси он бояд гӯшти говро бо қимати 45 сомонӣ фурӯшад: “Ҳукумат мегӯяд, ки 45-сомонӣ фурӯшед ва мо бо ҳамин нарх мефурӯшем, вале дар як килограм гӯшт чарбу ва шуш илова мекунем, ки зарар набинем. “

Қимати гӯшт на танҳо дар Хатлон, балки дар тамоми бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Сабаби боло рафтани қиматҳоро дар афзоиш ёфтани қимати ғизои чорво ва хароҷот барои нигаҳдории он гуфтаанд. Аз дигар сӯ камтар шудани арзаи чорво ба бозорҳо низ ба камтар шудани гӯшти гову боло рафтани тақозо ва ҳамингуна нархҳо мусоидат кардааст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки мумкин аст, дигар гӯшти гов нахӯранд, чун як килои он 50 сомонӣ ва андаке бештар аз 5 долларро ташкил медиҳад. Пуле ки харҷи он барои сокинони зиёди Тоҷикистон харҷи бисёр бузург ба ҳисоб меравад.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG