Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони сабукӣ дар аҳди коронавирус дар Тоҷикистон. Кӣ чӣ имтиёз гирифт?


Бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ.
Бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири паҳншавии бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ додааст. Аз ҷумла иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо кор мекунанд муваққатан аз пардохти андоз озод шуданд. Қарори додани сабукӣ баъд аз ду моҳи эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар кишвар ва дар пайи интиқодҳое қабул шуд, ки мегуфтанд мақомот ба вазъи соҳибкорон дар шароити буҳрон таваҷҷуҳ намекунанд.

Бар асоси фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки 5-уми июн содир шуд, ба соҳаҳои зерин сабукӣ додаанд:

  • аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ мешавад. Ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ шудааст.
  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод ҳастанд.
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ аст.
  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод мешаванд.
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар мешавад.
  • аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод аст.
  • фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод шудааст.

Дар фармон гуфта мешавад, то охири соли равон арзиши нирӯи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ гарон карда нашавад.

Мақомот мегӯянд, ба гуруҳҳои осебпазир аз ҷумла иштирокдорони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ “ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта” медиҳанд.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ аст.

Ҳамчунин андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст карда шудааст.

Дар фармон гуфта мешавад, нархҳои молҳои ниёзи аввал танзим шуда, ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ қарзҳои боимтиёз дода шавад.

Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ғайричашмдошт ба бонкҳо қарзи фавқуллода пешниҳод кунад. Ҳукумат дастур додааст, ки бонку ташкилотҳои қарзӣ дар доираи имкониятҳои худ афродеро, ки аз 1 май то 1 октябр қарзи худро саривақт пардохт карда наметавонанд, ҷарима татбиқ накунад.

Ҳукумат дар шароите ба соҳибкорон сабукӣ медиҳад, ки шикояти соҳибкорон аз бад шудани корашон дар шароити пандемияи коронавирус зиёд садо дод. Бархе аз ширкатҳо ҳам аз мақомот хостанд, ба хотири коҳиши даромадашон дар пайи хуруҷи коронавирус, онҳоро муваққатан аз пардохти андоз озод кунанд.

Аз ҷумла моликони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, хуруҷи коронавирус фаъолияти онҳоро касод кардааст ва феълан аз ҳеч ҷойе даромад намегиранд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд дар охири моҳи апрел мавҷудияти коронавурсро дар кишвар тасдиқ карданд, аммо ба таъкиди коршиносон таъсири пандемия ба иқтисоди кишвар ҳанӯз аз моҳҳои феврал-март оғоз шуда буд.

Муҳимтарин паёмади иқтисодии коронавирус ба таъкиди таҳлилгарон коҳиши интиқоли пул аз Русия ва паст шудани қурби асъори миллии сомонӣ аст. Ба ин хотир коршиносони иқтисодӣ дар Душанбе мегӯянд, ҳукумат бояд хеле барвақт ба соҳибкороне, ки аз буҳрони пешомада осеб дидаанд, сабукиҳо медод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG