Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемористони "Истиқлол"-и Душанберо ба "карантин" омода карданд. ВИДЕО


Беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе
Беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе

Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", бемористони калонтарини Душанберо барои ба "карантин" фаро гирифтани шаҳрвандон омода кардаанд. Ба ин далел, рӯзи 20-уми март беморони ин шифохонаро ҷавоб доданд. Онҳое, ки ҳанӯз ба табобат ниёз доштанд, ба шифохонаҳои дигар интиқол дода шуданд. То кунун онҳоеро, ки аз хориҷ баргаштаанд, дар минтақаҳои берун аз шаҳр дар карантин нигоҳ медоранд. Бисёре аз шаҳрвандон аз шароити нигаҳдорӣ шикоят доранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бемористони "Истиқлол" ба тақрибан 900 нафар пешбинӣ шудааст ва ҳуҷраҳои табобатӣ дар чаҳор бинои он бо таҷҳизоти зарурӣ барои пешгирӣ аз хатарҳои коронавирус ва нигаҳдории афроди бозгашта аз хориҷ таъмин ҳастанд. Дар ин муассиса ҳамчунин ҳуҷраҳои махсуси изоляторӣ ё ҳуҷра барои беморони вазъияташон вазнин омода шудааст, ки даромадгоҳи алоҳида доранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Шифохонаи "Истиқлол" ба қабули беморони сироятзада омода мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ҳасан Зуҳуров, муовини мудири бемористони "Истиқлол", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ин ҷо либоси махсус, дору ва маҳлулҳо барои ёрии аввалин ба беморон ҷамъ оварда шудааст. Тамоми шуъбаҳо аллакай барои қабули шаҳрвандон ба карантин омодаанд. Агар дар бадани шахсоне, ки дар карантин ҳастанд, нишонаи беморӣ пайдо шавад, гурӯҳи махсус таҳлил мекунад ва тасмим гирифта мешавад."

"Мехоҳем ё не, дар хатар ҳастем"

Мақомоти Тоҷикистон ба такрор мегӯянд, ҳанӯз расман дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Аммо ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ии аҳолӣ, Тоҷикистон, ки акнун дар иҳотаи кишварҳои олуда ба вируси нав аст, дар рӯ ба рӯи хатари ҷиддӣ қарор дорад.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ин далел ҳоло чораҳои пешгирӣ аз ин хатар шадидтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар баробари беморхонаи "Истиқлол" чанд бемористони дигар дар кишвар барои ба ҳолати карантинӣ фаро гирифтани сокинон омода мешавад.

"Мехоҳем ё не, дар хатар ҳастем. Бояд ба ҳама шароит омода бошем. Вақте ин беморӣ ҳам ошкор шуд, бояд ба воҳима дода нашавем. Мо дар қатори мардуми ҷаҳон ҳастем. Гигиенаи шахсиро риоя кунем ва наздиконамонро эҳтиёт кунем. Ҳамарӯза дар бораи сиҳатиамон фикр кунем", - гуфт ӯ.

Масуълони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, беҳтар буд маҳфилҳои наврӯзӣ дар доираи маҳдуд, аз ҷумла дар иҳотаи хешу табор таҷлил шавад.

Дар пайи шадидтар шудани иқдомҳои ба гуфтаи мақомот пешгирӣ аз коронавирус ва дар пасманзари ошкор шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирус дар кишварҳои ҳамсоя, нигарониҳо дар Тоҷикистон аз эҳтимоли аллакай ворид шудани ин беморӣ бештар шудааст. Бархе аз он нигаронанд, ки шояд дар кишвар мавриди гирифторӣ сабт шудаву мақомот онро пинҳон медоранд. Сару садоҳое ҳам дар мавриди ошкору бистарӣ шудани гирифторони ин вирус дар ин ё он беморхона шунида мешаванд.

Аксарият ҳам ба ин суол посух меҷӯянд, ки оё имкони пинҳон кардани чунин ҳолат вуҷуд дорад? Як масъули Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "пинҳон кардани ин иттилоъ ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд".

Галина Перфилева, роҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ин созмон натиҷаи ташхисҳоро барои коронавирус бевосита аз озмоишгоҳҳои Тоҷикистон дастрас мекунад ва интихобан ба Лондон мефиристад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳоли ҳозир натиҷаи ягон ташхис аз ин кишвар мусбат арзёбӣ нашудааст.

"Ба хотири он ки мо бовар кунем, ташхисҳо воқеӣ ва босифатанд, онҳоро барои озмоиш ба Лондон фиристодаем. То ин дам ташхисҳо манфӣ буданд", - гуфт ӯ.

Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз камтарин кишварҳоест, ки дар он ҳанӯз ягон нафари олуда ба вирус ошкор нашудааст ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ахиран бо ирсоли як нома ба ҳукумати кишвар тавсия додааст, ки аз баргузории ҳамагуна маъракаҳои оммавӣ худдорӣ кунад. Ин созмон таъкид кардааст, маҳз маъракаҳои оммавӣ хатари ба шиддат сироят ёфтани мардумро дар пай дорад.

Галина Перфилева, масъули Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, онҳо ҳаққи маҷбурӣ манъ кардани баргузории чорабиниву ҷашнеро дар як кишвар надоранд, аммо аз паёмадҳои чунин иқдом кишварҳоро огоҳ мекунанд.

"Манъи чунин маъракаҳо кори мо нест, ин тасмимро худи кишвар мегирад, вале вазифаи мо ҳамкорӣ ва арзёбии хатар ва пешниҳоди кумак ба Вазорати тандурустӣ барои омодагӣ аст. Ҳар кишвар вобаста ба шароиту имконияти худ тасмим мегирад. Ҳоло кишварҳое кам мондаанд, ки ба ин вирус олуда нашудаанд. Аз кишварҳои ҳамсоя танҳо Туркманистон ва Тоҷикистон мондаанд, ки дар онҳо ягон маврид ошкор нашудааст", -- афзуд ӯ.

Тоҷикон аз чиниҳо таҷриба мегиранд

Рӯзи 20-уми март дар Душанбе як ҳамоиши онлайнӣ баргузор шуд, ки дар он табибони чинӣ аз таҷрибаи худ ба ҳамтоёни тоҷикашон қисса карданд. Ин мулоқоти онлайниро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ташкил карданд ва дар он табибони тоҷик ба суолҳои худ дар робита ба пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус посух гирифтанд.

Масъулини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, Чин аз кишварҳоест, ки дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус муваффақ буд. "Ҳоло Чин яке кишварҳои амн аз хатари сироятёбӣ ба КОВИД-19 гуфта мешавад. Бисёр хуб аст, ки имрӯз табибони чинӣ аз таҷрибаи худ ба ҳамтоёни худашон дар кишварҳои дигар мегӯянд ва кумак мекунанд”, - гуфт намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корхонаву созмонҳои дохилӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти кормандонро ба таври фосилавӣ матраҳ ва омода доранд. Бархе аз бинову коргоҳҳо ҳам бо ирсоли нома ба кормандон кори фосилавиро тавсия додаанд.

Аммо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ таъкид мекунад, ки дар ҳар ҳолат бояд мардум ба таҳлука наафтанд ва бо риояи тавсияҳои пешниҳодшуда сиҳатии худро ҳифз намоянд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG