Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ кардаанд. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистону Эрон ба зарурати зуд ва осон додани раводид (виза) ба шаҳрвандони ду кишвар таъкид кардаанд, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки ҳоло чӣ мушкил вуҷуд дорад. Ин масъала дар қатори "густариши ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва ҷилавгирӣ аз будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони ду кишвар дар хоки якдигар" рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр дар ҷаласаи чаҳоруми консулии Душанбеву Теҳрон баррасӣ шудааст. Нишаст дар Эрон сурат гирифт. Мақомоти он кишвар баъзе аз ҷузъиёти ҷаласаро расонаӣ карданд, аммо ҷониби Тоҷикистон танҳо бо хабари ин ки "масоили марбут ба робитаҳои консулӣ баррасӣ шуд" иктифо намудааст. Масъулон ба пурсишҳои мо ҷавоби мушаххас надоданд ва нагуфтанд, ки дар нишаст чӣ гузашт ва чаро масъалаи раводид рӯй зад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз шаҳрвандони Эрон дар Душанбе гуфтанд, дарёфти раводиди сафар ба Тоҷикистон дар тақрибан як соли ахир "мушкил шудааст". Яке аз онҳо ба шарти фош нашудани номаш ва пеш наомадани мушкил рӯзи 13-уми ноябр гуфт, қаблан визаро онлайн мегирифтанд, ҳоло додани ин санад ҳузурӣ шудааст.

"Дар ҳар гӯшае, ки аз Эрон набошӣ, маҷбур ҳастӣ ба Теҳрон равӣ. Ба мо ҳузурӣ виза медиҳанд. Ин ҷараёни сафарро мушкилу пурхарҷ мекунад. Чанд рӯз пеш ду дӯстам мехостанд ба Тоҷикистон биёянд. Барои гирифтани виза маҷбур буданд, аз Шероз 1000 километр роҳро тай карда, ба Теҳрон раванд. Онҳо беҳтар донистанд, ки ба ҷойи Тоҷикистон ба Гурҷистон раванд. Ҳам осон ва ҳам камхарҷ. Барои ҳамин, эрониҳо ба Тоҷикистон кам меоянд", -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Тобистони имсол баъд аз танаффуси чандмоҳа ҳавопаймое аз Эрон ба Тоҷикистон парвоз кард. Баъзе аз мусофирон он вақт айни ҳамин мушкилро зикр карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳеч вақт мушкили додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла эрониҳоро эътироф накардаанд. Онҳо пайваста мегӯянд, ки тарафдори омадани сайёҳон ба кишвар ҳастанд ва ба ҳамин далел роҳҳои осони гирифтни визаро пешниҳод мекунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузашта барои таҳсилу тиҷорат ва табобат ба Эрон мерафтанд. Зоҳиран ҳоло сафи онҳо камтар шудааст. Як ҳамсуҳбати мо бе зикри номаш гуфт, "як муддат сафари сокинони Тоҷикистон ҳам ба Эрон ба осонӣ даст намедод. Агар муносибатҳо хуб бошад, барои мардум осон ҳам хоҳад шуд."

Шоҳҷамшед Умарӣ, коргардон ва ҳунарпешаи тоҷик, ки чанде пеш ба Эрон рафта буд, гуфт, сафари ӯ бо даъвати расмӣ сурат гирифт ва ҳангоми гирифтани раводид мушкиле надошт. "Мо чанд дафъа ба ҷашнвораҳои театрии Эрон сафар доштем. Аз Эрон даъватномаи расмӣ мефиристанд ва мо ҳам бо пешниҳоди санадҳои зарурӣ ба сафорат муроҷиат мекунем. Тақрибан баъди як ҳафта визаро мегирем."

Масъулони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар дарёфти раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар мушкиле вуҷуд надорад ва эҳтимол дар оянда боз ҳам беҳтар шавад".

То се соли пеш барои равуои шаҳрвандони Эрон ба Тоҷикистон "визаи фурудгоҳӣ" ҷорӣ буд. Шаҳрвандони Эрон мегӯянд, он замон метавонистанд дар фурудгоҳ бе мушкил раводид ба даст оранд. Пас аз роҳандозӣ шудани визаи электронӣ, ба гуфтаи онҳо, ин раванд тағйир ёфт. Ҳоло мегӯянд, аз визаи электронӣ ҳам мондаанд.

Лағви судури "визаи фурудгоҳӣ" барои эрониёне дар ҳоле сурат гирифт, ки равобити дар солҳои гузашта хуби Душанбеву Теҳрон дучори танишҳо шуд ва бархе ҳам ин тағйиротро ба муносибатҳои нохуби ду кишвар рабт доданд. Мақомоти тоҷик он замон гуфтанд, бекор шудани "визаи фурудгоҳӣ" барои шаҳрвандони Эрон ба ҳеч ваҷҳ эҷоди маҳдудият барои вуруди онҳо ба Тоҷикистон нест.

Аҳмади Ватанӣ, шаҳрванди Эрон, ки дар Тоҷикистон коргоҳи истеҳсолӣ дорад, мегӯяд, дар воқеъ як муддат дарёфти раводид барои эрониҳо сахттар шуда буд, аммо аз таҷрибаи худ мегӯяд, ки "як соли ахир вазъ то ҷое беҳтар шудааст" ва дар сурати сари вақт пешниҳод шудани санадҳои зарурӣ ва комил дар гирифтани раводид мушкил намеояд.

Сардии равобит миёни Тоҷикистону Эрон дар поёни декабри соли 2015 шуруъ шуд. Дар пайи хабарҳо дар бораи кам шудани теъдоди эрониҳо дар Тоҷикистон ба далелҳои мухталиф аз ҷумла мушкилот дар будубоши онҳо нашр шуд.

Аммо дар тайи ду соли ахир коршиносон аз оғози талоши оштии ду кишвар сӯҳбат мекунанд. Дар нишасти ахири мақомоти ду кишвар дар Теҳрон ҳам ҷонибҳо аз эҷод шудани раванди мусбат дар муносибатҳо ёдовар шуда, аз озод шудани шаҳрвандонашон аз зиндонҳои якдигар истиқбол кардаанд.

Баррасии мавзӯи раводид ва густариши ҳамкориҳо афродеро, ки ба Тоҷикистон равуо доранд ба боз ҳам сабук ва беҳтар шудани вазъ дар ин самт умедвор кардааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG