Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Fund for Peace: Рушди субот дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо рукуд дар сиёсат


Як пажӯҳишгоҳи амрикоӣ, ки омилҳои сулҳу амният ва таҳдид ба онро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, бо вуҷуди кам шудани омилҳои бесуботӣ, "Тоҷикистон як кишвари “шикананда” боқӣ мемонад". Гузоришҳои қаблии ҳамсонро мақомоти Тоҷикистон ҳамеша рад кардаанд ва танҳо бар омилҳои берунаи хатарзо таъкид намудаанд.

  • Дар Шохис (индекс)-и Кишварҳои Шикананда, ки Бунёди Сулҳи Амрико рӯзи 10-уми апрел дар шаҳри Женева нашр кард, муаллифонаш гуфтанд, Тоҷикистон соли 2019 дар байни 20 кишваре қарор гирифт, ки хатари нооромӣ дар онҳо бисёр кам шудаанд.
Ҳоло маълум нест, ки бидуни тағйироти бунёдии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тамоюли беҳбудӣ дар ин кишварҳо идома мекунад, ё не?

Ҷей Месснер, мудири Бунёди Сулҳ, ки дар Вашингтон қарор дорад, рӯзи 10-уми апрел зимни муаррифии шохис дар шаҳри Женева гуфт, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Узбекистону Туркманистон дар байни 20 кишвар қарор гирифтааст, ки омилҳои бесуботиашон бештар аз ҳар кишвари дигар кам шудаанд. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, сиёсатҳои феълии ин кишварҳо ояндаи онҳоро норӯшан кардааст. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҷашн ва ҳамоишҳои ахир аз оромӣ ва пешрафти кишвар паём дода, шаҳрвандони кишварро ба заҳмат кашидан барои бунёди ояндаи беҳтар ва шукуфо даъват намудааст.

Маълум нест, беҳбудӣ идома меёбад, ё не?

Ҷей Месснер афзуд: “Кишварҳое, ки нишондиҳандаҳояшон беҳбуд ёфтааст, ҳамчунон худкома, пӯшида ва саркӯбгар мемонанд. Ҳоло маълум нест, ки бидуни тағйироти бунёдии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тамоюли беҳбудӣ дар ин кишварҳо идома мекунад, ё не?”

Бунёди сулҳ бар асоси 12 нишондод, маълум мекунад, ки кадом кишвар зери фишорҳои гуногун аст ва эҳтимол дорад, дар он ноамнӣ ва ё муноқишае сар бизанад. Пешрафти иқтисодӣ, норозигиҳои гурӯҳӣ, риояи ҳуқуқи инсон, фишори демографӣ, машрӯияти ҳукумат, фирори мағзҳо чанде аз нишондодест, ки зимни онҳо ба осебпазирии кишварҳо баҳо дода мешавад. Мақомоти Тоҷикистон асосан мавҷудияти фишори демографиро дар кишвар эътироф ва ҳамаи омилҳои дигарро рад мекунанд.

Тоҷикистон дар Шохиси Кишварҳои Шикананда дар байни 178 кишвар дар мақоми 65-ум қарор дорад, вале дар ин шохис кишвар ҳар қадар боло бошад, ҳамон қадар зиёдтар омилҳои бесуботӣ дорад. Ямани ҷангзада ҳоло дар ин шохис дар мақоми аввал аст. Аз ҳисоби 120 балли мумкин, ки осебпазиртарин кишвари дунёро нишон медиҳад, Тоҷикистон 77.7 имтиёз гирифтааст. Патрисиа Тафт, аз муаллифони шохис, ки рӯзи 11-уми апрел аз Тунис бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, Тоҷикистон аз он ҷиҳат дар байни 20 кишвари дорои нишондиҳандаҳои хуб қарор гирифт, ки аз замони шурӯи арзёбиҳои он бадтарин нишондиҳандаҳоро дошт. Ба ҳар тартиб, ин ҳаракат ба самти суботу пойдории вазъ шумурда мешавад.

Хонум Тафт гуфт, “мо шохиси мазкурро 15 сол боз аст, ки тартиб медиҳем ва кишварҳои шӯравӣ ба мисли Тоҷикистон бо нишондодҳои бисёр паст ба он ворид шуда буданд. Ҳаргуна тағйири мусбат дар нишондодҳо ба осонӣ сабт мешавад, вале аксари онҳо дар мавриди Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои иқтисодӣ иборатанд.”

Созмонҳо ва муассисаҳои байналмилалии молӣ ҳам мегӯянд, дар воқеъ иқтисоди Тоҷикистон назар ба 10 соли гузашта пешрафти зиёд кардааст. Онҳо камбизоатиро мисол меоранд, ки аз болои 73 дар сади 10 соли пеш то 29.5 дар сад коҳиш ёфтааст.

Патрисиа Тафт
Патрисиа Тафт

Патрисиа Тафт мегӯяд, ин нишондодҳоро наметавон нодида гирифт, вале айни замон ба нишондодҳои сиёсӣ ишора кард, ки солҳои зиёде тағйир наёфтаанд.

“Нишондодҳои дигар ба мисли озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон беҳбуди зиёде наёфтаанд. Нишондоди дигаре, ки ҳаст, машруияти ҳукумат аст, яъне мардум то чӣ ҳад онро қабул доранд. Нишондоди Тоҷикистон аз ин назар бисёр бад аст”, - афзуд ӯ. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ҳамагонии давлатӣ мардумро ба шукргузорӣ даъват мекунанд ва ин "шукрона" асосан аз осмони софи сулҳ ва набдуни ҷанг иборат аст. Вале солҳоои охир дар ҷомеа ин садоҳо низ ба гӯш мерасанд, ки акнун танҳо набудани ҷанг барои қаноатмандии мардум кофӣ нест.

"Ҳизбҳои мухолиф вуҷуд надоранд"

Нишондоди дигаре, ки Тоҷикистон аз он назар баҳои бад дорад, вуҷуди ҳизбҳои мухолиф аст, ки бе фишору озор фаъолият карда тавонанд. Ончӣ, ки ба гуфтаи Патрисиа Тафт дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Дар кишвар то соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолият мекард, ки онро ба барангехтани, ба гуфтаи мақомот, ошӯби нофарҷом дар моҳи сентябри он сол айбдор намуда, фаъолияташро манъ карданд.

Раҳбарони ҳизб ба хориҷ паноҳ бурданд ва мегӯянд, ки ин иттиҳомот асос надоранд ва ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ фақат баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҳизби мухолифи исломӣ буд. Вале ахиран, 8 апрели соли равон раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ин ҳизбро созмони “экстремистию террористие" номид, ки ба гуфтаи ӯ, “наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми” Тоҷикистон шудааст.

Як нишондоди дигаре, ки дар Шохиси Кишварҳои Шикананда ба инобат мегиранд ва аз меъёрҳои асосист, мавҷудияти ниҳодҳои амниятиест, ки дар назди мардум посухгӯ ва дар хидмати онҳо бошанд.

Ба гуфтаи Патрисиа Тафт дар Тоҷикистон сохторҳои амниятӣ барои дигар чиз хидмат мекунанд: “Дар Тоҷикистон сохторҳои амниятӣ аз поён то ба боло зери контроли ҳукуматанд. Оё онҳо аввал дар хидмати мардум ҳастанд ва ё дар хидмати ҳукумат ва ё хонаводаи ҳоким ва ё ҳизби ҳоким дар кишвар? Тоҷикистон аз ин назар пайваста нишондодҳои бад гирифтааст. Яъне, Тоҷикистон сохторҳои амниятии демократӣ ва ё бетарафе надорад, ки муҳофизати мардумро бартар аз ҳифзи манофеи ҳукумат донанд." Бархилофи ин ақида мақомоти Тоҷикистон ҳамеша гуфтаанд, ки вазифаи аввали ниҳодҳои қудратии кишвар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон аст.

Фирори мағзҳои хатарнок барои Тоҷикистон

Як раванди дигаре, ки нишондодҳои мусбати Тоҷикистонро дар Шохиси Кишварҳои Шикананда камранг мекунад, омили муҳоҷират ва фирори мағзҳост, ки Тоҷикистон аз замони ҷанги дохилӣ ба он рӯ ба рӯ шуд. Таври маълум 1 миллион нафар аз мардуми ин кишвар дар Русия кору иқомат мекунанд ва солҳои ахир ҳазорон нафар роҳҳои гуногуни тарки Тоҷикистонро меҷӯянд.

Патрисиа Тафт мегӯяд, нишондоди муҳоҷират ва фирори мағзҳо умдатан мутахассисону афроди соҳибтаҷриба, аз ҷумла табибон, ҳуқуқдонон ва мисли онҳоро дар бар мегирад, ки аз зодгоҳи худ мераванд ва солҳои сермаҳсули худро дар кишвари дигаре сипарӣ мекунанд.

“Агар Тоҷикистон пеши роҳи гурези мутахассисонро нагирад ва барномаҳое барои бозгаронидани онҳо қабул накунад, дар дарозмуддат, суботу ояндаи кишвар дар хатар хоҳад буд”, - гуфт ӯ. Ҳушдоре, ки ба ғайр аз Патрисиа Тафт ва Бунёди Сулҳ, дигар муассисаву созмонҳо ва худи пажӯҳишгарони тоҷик ҳам ба ҳукумат пайваста гӯшзад кардаанд. Вале мақомоти кишвар будани чунин мушкилро нодида гирифтаанд, ҳарчанд дар сафарҳои хориҷии худ аз ҳамватанон хостаанд, ба ватан баргарданд ва ба нафъи ояндаи он талош кунанд. Ин шиор ҳамоно натавонистааст, ба барномаи муассир ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ табдил ёбад.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG