Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон сабукӣ хост. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев
Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев

Тоҷикистон хостори содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандонаш дар Русия шудааст. Ин масъала рӯзи 31-уми майи имсол дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев дар Душанбе баррасӣ гардид.

Хадамоти матбуоти перезиденти Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот масъалаи "баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии муҳоҷирони корӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Русия" низ баррасӣ гардид.

Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Шароити сахти будубош дар Русия, бидуни ягон сабаб ронда ё рӯзу ҳафтаҳо дар боздошт нигоҳдорӣ шудан аз ҷумлаи мушкилотест, ки дар он кишвар домангири муҳоҷирони тоҷик аст. Аммо барои чархондани зиндагии хонаводаҳои бузурги худ дар Тоҷикистон аксаран ин ҳамаро таҳаммул мекунанд ва боз ҳам бо оғози фасли гармо рахти сафар мебанданд.

Сафар пас аз таъйини дигарбора

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, шаби 30-юми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Вай дар чаҳорчӯби сафараш дар нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) дар Душанбе иштирок мекунад.

Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон сабукӣ хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Сафари Медведев ба Тоҷикистон бори нахуст пас аз тасдиқи номзадии ӯ ба ҳайси раиси ҳукумати Русия дар пайи интихоботи президентии имсол аст. Худи ӯ дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, нахустин сафари хориҷиаш "чандон тасодуфӣ нест".

Дар мулоқоти нахуствазири Русия ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Русия аз бахшҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад".

Сохтмони панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон

Ду тараф дар бораи "фароҳам овардани шароити омӯзиши забони русӣ, ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Русия ва афзоиши шумораи мактабҳо бо забони русӣ дар Тоҷикистон" гуфтугӯ кардаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ҷараёни сохтмони панҷ мактаби русӣ аз тарафи Маскав тезонда шуда, теъдоди зиёдтари муаллимони русӣ ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Русия яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 23, 6 дарсадро (соли 2017) ташкил додааст. Дар семоҳаи аввали имсол мизони тиҷорат байни ду кишвар ба 207,1 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Аз ҳамкории иқтисодӣ то низомӣ

Бузургтарин тарҳи сармоягузории Русия дар Тоҷикистон ин нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1 мебошад. Ба навиштаи "Интерфакс" бо такя ба дафтари матбуоти нахуствазири Русия, ин нерӯгоҳ саҳми қобили таваҷҷуҳе дар таъмини иқтисоди Тоҷикистон ба энержӣ дорад ва 12 дарсад аз маҷмӯи умумии тавлидоти барқ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Яке аз бахшҳои муҳими дигари ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ин ҳамкориҳои дифоӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва зидди маводи мухаддир мебошад ва бо дар назар гирифтани чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон вуҷуд дорад, ба ин бахшҳо авлавият дода мешавад.

XS
SM
MD
LG