Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз Русия хост, боз 30 омӯзгор фиристад


Истиқбол аз омӯзгорони рус дар фурдгоҳи Душанбе. 29-уми августи 2017

Тоҷикистон аз Русия хостори ирсоли 30 омӯзгори дигар ба мактабҳои кишвар шудааст. Аз кору зиндагии гурӯҳи аввали омӯзгорони рус дар Тоҷикистон 8 моҳ сипарӣ мешавад ва бархе аз онҳо аз ҳоло омодаанд, муҳлати шартномаи кориашонро барои соли дигар ҳам дароз кунанд.

Доғистони мо аз нигоҳи фарҳангу расму оин ва мазҳаб ба Тоҷикистон хеле монанд аст. Барои ҳамин, кору зиндагӣ дар инҷо бароям осону роҳат аст. Вақте аз тирезаи утоқи корӣ ба куҳҳо менигарам, фикр мекунам, ки дар Доғистон ҳастам.

Зӯҳро (Загра) Асварова, яке аз 29 омӯзгорест, ки моҳи августи соли гузашта, барои боло бурдани сатҳи забондонии кӯдакони тоҷик аз Русия ба Душанбе омад. Вай дар мактаби байналмилалии президентӣ аз фанни забону адабиёти рус дарс мегӯяд. Масъулони мактаб пас аз як моҳи кории Зӯҳро Асваров, ба ӯ барои соли оянда ҳам пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд.

"Натиҷаҳои аввал қаноатбахшанд"

Ин муаллими рус, ки аз ҳамкорон ва зиндагии худ дар Тоҷикистон тавсиф мекунад, рӯзи 3-юми март гуфт, ин пешниҳодро қабул дорад. "Натиҷаро алакай мушоҳида мекунам. Масалан, нақли хаттии охири мо нишон дод, ки натиҷаҳо хубанд. Инҷо кӯдакон ба забономӯзӣ хеле шавқ доранд. Онҳо забони англисӣ ҳам меомӯзанд. Талош доранд, забони чиниро аз худ кунанд. Ин талоши онҳо маро ҳам ҳавасманд мекунад", - афзуд ӯ.

Видео: Гурӯҳи аввали омӯзгорони рус соли гузашта ба Тоҷикистон омаданд

Омӯзгорони рус ба Тоҷикистон омаданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:58 0:00

"Маҷбур ҳастем, бо забони русӣ гап занем"

Зӯҳро Асварова ҳам мисли дигар ҳамтоёни худ аз рӯйи барномаи таълимии Тоҷикистон дарс мегӯяд, аммо ба гуфтаи шогирдон кӯшиш мекунад, аз усули наву ҷолиби таълимӣ истифода барад. Ӯ ҳар дарси худро аз қироати пораҳои шеърӣ аз шоирони маъруфи рус шурӯъ мекунад.

Сафаралӣ Гулмуҳаммадзода, хонандаи синфи 10-ум дар мактаби байналмилалии президентӣ гуфт, “қаблан, устодони мо тоҷик буданд ва аз рӯйи одат тоҷикӣ гап мезадем. Ин муаллима тоҷикиро намедонад ва мо пурра ба забони русӣ гап мезанем. Ин ҳам ба забондонии мо мусоидат мекунад. Дарсро хуб мефаҳмонад, мехоҳад, ки бештар фаъол бошему савол диҳем.”

Зӯҳро Асварова то омадан ба Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории Дербенти Доғистон дарс мегуфт. Тавассути озмун ӯ ҳам ба ҳайати омӯзгорон барои кор дар Тоҷикистон интихоб шуд. Мегӯяд, ба шароити Тоҷикистон ва табиату муҳити он ба осонӣ мутобиқ шуд.

Монандиҳои Тоҷикистону Доғистон

Ӯ гуфт, “Доғистони мо аз нигоҳи фарҳангу расму оин ва мазҳаб ба Тоҷикистон хеле монанд аст, барои ҳамин, кору зиндагӣ инҷо хеле осону роҳат аст. Вақте аз тирезаи утоқи кориам ба берун ба куҳҳо менигарам, фикр мекунам, дар Доғистон ҳастам. Фақат баъзан модару фарзандамро ёд мекунам. Инҷо шароитам муҳайё аст ва бо онҳо пайваста тавассути интернет дар иртиботам.”

Зӯҳро Авсарова дар хонае иборат аз ду ҳуҷра, ки дар хобгоҳи назди мактаби байналмилалии президентӣ барояш дода шудааст, танҳо зиндагӣ мекунад. Писараш алакай мустақил аст ва дар Доғистон кор мекунд. Аммо, ба гуфтаи Зӯҳро Асварова, ҳамкорони тоҷикаш намегузоранд ӯ худро танҳо эҳсос кунад. Ё меҳмони ӯ мешаванд, ё ӯро меҳмондорӣ мекунанд.

Атласи тоҷикии Зӯҳро. Омодагӣ ба Наврӯз

Ба иттилои мақомоти Русия ин омӯзгорон ҳар моҳ 70 ҳазор рублӣ (беш аз ҳазор доллар) мегиранд.

Ин омӯзгори рус ин шабу рӯз ҳамроҳ бо ҳамкорони тоҷик ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинад. Ҳисору Чилучорчашма ва мавзеъҳои дигари таърихии Тоҷикистонро дидааст. Дар Наврӯз бо пешниҳоди ҳамкорон мехоҳад ба вилояти Суғд сафар кунад. Куртаи атласаш ҳам омода аст. Ҳамкорон дар мактаби байналмилалӣ барояш куртаи миллӣ омода ва ҳадя кардаанд.

"Мо фақат барои пул кор намекунем"

Аз Зӯҳро, омӯзгоре, ки барои таълими кӯдакон ба Тоҷикистон омадааст, дар бораи маоши ӯ дар ин кишвар пурсидем. Чанд моҳи пеш маҳз ин паҳлӯи кори омӯзгорони рус мавриди таваҷҷӯҳи сокинон дар Тоҷикистон ва омӯзгорони маҳаллӣ қарор гирифта буд.

“Дар расонаҳо сару садоҳое буд, ки гӯё маоши мо хеле баланд аст. Медонед, мо ба инҷо ба хотири ба даст овардани пули калон наомадем. Касе барои санҷидани худ, касе ба хотири шинос шудан бо Тоҷикистон ба инҷо омадааст ва ҳар як нафари мо баробари муаллимони одии тоҷик кор мекунем ва маошамон фарқи зиёд надорад. Бале, моро бо кору ҷойи зист таъмин карданд, вале зиндагӣ ва маоши мо бодабдаба нест”, - шарҳ дод Зӯҳро Авсарова.

Талаби боз 30 омӯзгори рус аз тарафи Тоҷикистон

Имомуддин Сатторӣ
Имомуддин Сатторӣ

Зоҳиран ин таҷрибаи ҳамкорӣ, ки бар асоси созишномаи байни Тоҷикистону Русия сурат гирифтааст, на танҳо қаҳрамони мо, омӯзгори забони русӣ, Зӯҳро Авсарова, розӣ ҳаст. Мақомоти маориф ва илми Русия дар як мулоқот рӯзи якуми март таҷрибаи аввали кори муаллимони рус дар Тоҷикистонро муваффақ хонда, таъкид кардаанд, ки аз ин таҷриба кишвараҳои дигар, аз ҷумла Узбакистон ҳам истифода бурдан мехоҳад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳам дар навбати худ аз Русия хостори ирсоли 30 омӯзгори дигар ба мактабҳои ин кишвар шудааст. Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия дар ин мулоқот гуфт, онҳо мехоҳанд ин таҷрибаро идома диҳанд.

Ҳоло мисли Зӯҳро Авсарова дар Тоҷикистон 29 омӯзгор аз Русия ба кӯдакон дарс мегӯянд. Баъд аз 90 соли сафари нахустин мутахассисони рус ба Тоҷикистон бо ҳадафи кумак дар бахши таълим, Душанбе моҳи августи 2017 дубора дарашро барои омӯзгорони рус боз кард. Маоши ин омӯзгорон аз ҷониби ду кишвар пардохт мешавад. Ба иттилои мақомоти Русия ин омӯзгорон ҳар моҳ 70 ҳазор рублӣ (беш аз ҳазор доллар) мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG