Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон баъди 90 сол оғӯшашро ба рӯи муаллимони рус кушод. ВИДЕО


Баъд аз 90 соли сафари нахустин мутахассисони рус ба Тоҷикистон бо ҳадафи кумак дар бахши таълиму тиб дар Тоҷикистони Шӯравӣ, Душанбе дубора дарашро барои омӯзгорони рус боз кард. Ин навбат гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорони фанҳои мухталиф, аз ҷумла забони русӣ барои боло бурдани сатҳи забондонии кӯдакони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин кишвар омаданд.

Мардуми тоҷик дар сатҳи баробар бо мо бо забони русӣ ҳарф мезананд

Аксари омӯзгорони рус умед доранд, ки дар Тоҷикистон хидмати шоистае анҷом медиҳанд ва аз ҳоло мегӯянд, аз муҳити кишвару истиқболи мардум шод шудаанд. Олга ва Игор Кринитсинҳо аз Кострома, шаҳре дар 344-километрии пойтахти Русия ба Тоҷикистон омаданд. Ҳамсарони рус омӯзгоранд. Игор муаллими дарси биология ва Олга – муаллимаи забони русист.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Омӯзгорони рус ба Тоҷикистон омаданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Онҳо ду рӯз аст, ки дар Душанбе ба сар мебаранд ва дар ин муддат баъди пазироии ботантана тавонистанд бо мақомот, мактаб ва хонае, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, шинос шаванд. Ҳамсарон мегӯянд, аз ин сафари корӣ ба Тоҷикистон, ки бояд ҳадди ақал як сол идома кунад, интизориҳои зиёд доранд.

Игор Кринитсин гуфт, ҷиҳати мусбати кори онҳо ин аст, ки заминаҳои забони русӣ вуҷуд дорад ва бо шогирдони омода ва донандаи забон корро шурӯъ хоҳанд кард. “Инки забони русӣ ва омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ҳифз шуда, русӣ ҳамчун забони муомилаи байни миллатҳо эътироф шудааст, аз қабл хабар доштем. Ман ҳамроҳи ҳамсарам дар ин чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон ҳастем, бо истиқболи гарми мардум рӯбарӯ шудем. Мардуми тоҷик дар ҳар мавзӯе сӯҳбат мекунем, дар сатҳи баробар бо мо бо забони русӣ ҳарф мезананд», - афзуд ӯ.

Игор ва Олга мегӯянд, ҳанӯз арзёбии кору шароит дар Тоҷикистон вақт мехоҳад, вале ҳамин ки онҳоро интизор буданду шароит фароҳам оварданд, як оғози хубе мебошад. Игор ва Олга Кринитсинҳо ва ҳам омӯзгорони дигар бар асоси як барномаи Вазорати маорифи Русия ва бар асоси созишномаи байни Тоҷикистону Русия ба Душанбе омадаанд. Пеш аз сафари онҳо ба Душанбе раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко гуфт, барои суръат бахшидани барномаи ирсоли омӯзгорон як даъвати президенти Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки гуфт, “ҳанӯз солҳои гуруснагии 1930-ум Русия нирӯ дошт, ки ба Тоҷикистон мутахассис фиристад, чаро ҳоло ин корро накунад?” Матвиенко омӯзгоронро “сафири сулҳ ва фарҳанги Русия” номид, ки баробар бо иҷрои кори худ бояд рисолати бомасъулиятро дар амри таблиғи забону фарҳанги русӣ анҷом диҳанд.

Олга: "Кош Русия мисли Тоҷикистон мекард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Ба иттилои мақомоти Русия, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки забони русӣ асосӣ буд, дар саросари ҷаҳон ва дар ҳавзаи собиқ Шӯравиву Аврупои Шарқӣ доираи истифодаи забони русӣ 50 миллион нафар коҳиш ёфт. Вячеслав Никонов, раиси кумитаи маорифи Думаи давлатӣ, ки рӯзи 28-уми август дар Маскав дар маросими гусели омӯзгорон ба Тоҷикистон иштирок кард, гуфт, доираи истифодаи забони русӣ танҳо дар маконе ҳифз шудааст, ки забони русӣ бахше аз барномаи таълимии он кишвар аст.

Тоҷикистон яке аз ин кишварҳо мебошад. Аз миёни 3845 мактаби ҳамагонӣ дар Тоҷикистон 156 мактаби омехта аст ва дар ин мактабҳо синфҳое амал мекунанд, ки танҳо ба забони русӣ дарси худро ба роҳ мондаанд. Дар баробари онҳо, синфҳои қирғизӣ, узбакӣ ва англисӣ ҳам арзи ҳастӣ кардаанд. Танҳо 107 мактаб дар Тоҷикистон тоҷикиву русӣ будааст.

Мақомоти Русия гуфтанд, ният доранд, ки дар Тоҷикистон боз 20 мактаби нав бунёд кунад. Коҳиши шумори мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон баъди касби истиқлоли ин кишвар мушоҳида шуд ва ҳоло бисёр хонаводаҳо тарҷеҳ медиҳанд фарзандашон бештар ба ғарбу Аврупо нигоҳ кунад, то ки ояндаи беҳтаре дошта бошад. Таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони англисӣ бештар дар миёни волидони ҷавон ва модерн эҳсос мешавад, ки мехоҳанд, фарзандашон бахше аз ҷаҳони пешрафта бошад.

Вале зарурати забони русиро бештар онҳое эҳсос мекунанд, ки аз бозори кори ин кишвар вобаста ҳастанд. Беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон, бо сабаби бекориву даромади паст дар Русия кор мекунанд, донистани забони русиро ҳамчун гарави кори беҳтару шароити хубтари зиндагӣ дар Русия арзёбӣ мекунанд. Дар миёни муҳоҷирони корие, ки дар Русия ба мушкилоти маъмурӣ ва ҳуқуқӣ рӯбарӯ мешаванд, надонистани забони русӣ гоҳо сабаби асосии дардисарҳояшон мешавад.

Тоҷикистон Русияро як шарики стратегӣ ва як ҳамкори суннатӣ меномад. Дар қаламрави ин кишвар калонтарин пойгоҳи низомии Русия бо 7000 сарбозаш мустақар аст.

Олга Кринитсина мегӯяд, худро як андоза авантюрист ё моҷароҷӯ эҳсос мекунад, чунки ба як кишвари комилан бегона омадааст. Аммо аз ҳоло ба бархе муқаррароти низоми маорифи Тоҷикистон боҳавас баҳо медиҳад. Аз ҷумла мегӯяд, вақте фаҳмид, ки дар мактабҳои ин кишвар ба шогирдон овардани телефони мобил манъ аст, хеле шод шуд. “Агар дар Русия ҳам чунин қоида ҷорӣ мешуд, таваҷҷӯҳи шогирдон ба дарс хеле беҳтар шуд. Як рӯз дидам, ки шогирдонам дарсро хуб гӯш карда, фаъолона иштирок карданд, фаҳмам, масъала дар ин будааст, ки ширкати мобилӣ бо кадом мушкиле интернетро қатъ кардааст. Ана он рӯз дарс олӣ гузашт”.

Кринитсин: "Дар Тоҷикистон русиро аз байн набурдаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Ин омӯзгори забони русӣ мегӯяд, умедвор аст, ки метавонад ба ҳайси як соҳибзабон дар рушди забони кӯдакони тоҷик саҳми худро гузорад.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи манфиатҳои пулии кораш дар Тоҷикистон Олга гуфт, ин масъала барои ҳамаи омӯзгороне, ки омадааст, муҳим буд. Аз рӯи қарордоди ду кишвар, Тоҷикистон барои ҳар омӯзгори рус 14 ҳазор рубл маош ва як хона пешниҳод мекунад, Русия ба онҳо 60 ҳазор рубли иловагӣ пардохт карда (дар маҷмӯъ 1200 доллари амрикоӣ), бастаи манфиатҳои иҷтимоиву суғуртаашоноро таъмин мекунад. Ба ҳисоби миёна ҳар омӯзгор ҳафтае 17 соат дарс дода, дар навбати аввал метавонад то як сол дар Тоҷикистон кор кунад. Мақомоти Русия инчунин гуфтанд, ки мактабҳои Тоҷикистонро бо 70 ҳазор китоби нави дарсӣ таъмин мекунанд.

Игор Шувалов ва Эмомалӣ Раҳмон
Игор Шувалов ва Эмомалӣ Раҳмон

Тасмими ба Тоҷикистон фиристодани омӯзгорони русро моҳи феврал муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов зимни боздидаш аз Тоҷикистон ва дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон эълон кардааст.

Тоҷикистон Русияро як шарики стратегӣ ва як ҳамкори суннатӣ меномад. Дар қаламрави ин кишвар калонтарин пойгоҳи низомии Русия бо 7000 сарбозаш мустақар аст. Айни замон Тоҷикистон мегӯяд, дарҳои худро барои шарикони дигар, аз ҷумла аз Ғарбу Аврупо ҳам боз медорад ва мувофиқ ба манфиатҳои стратегии худ амал мекунад. Аммо аксар таҳлилгарон мегӯянд, дар Ғарбу Аврупо Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон ба унвони минтақаи таҳти нуфузи Русия арзёбӣ мешавад ва дар бисёр тасмимгириҳои муҳими сиёсӣ ҳам мавқеи Маскавро дар минтақа ба инобат мегиранд.

XS
SM
MD
LG