Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 пешниҳод барои ислоҳи Кодекси андози Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Вазорати молияи Тоҷикистон аз дастрас кардани беш аз 200 дархосту пешниҳод хабар дод, ки барои ислоҳи Кодекси андоз равона шудаанд. Вазорат гуфт, мардум ва ширкату муассисаҳо фурсат доранд, то рӯзи 1-уми сентябр пешниҳодҳояшонро барои ислоҳи ин санади муҳим бифристанд.

Завқибек Шодиён, сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва даромадҳои вазорати молия, рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми дархостҳое, ки аз ҷомеа гирифтаанд, ҷиддӣ баррасӣ мешавад.

Масъулони вазорат мегӯянд, коҳиши ҳаҷми ҷаримаҳо, кам кардани санҷишҳо, поён бурдани фоизи андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, сода намудани низоми андозбандӣ аз пешниҳодҳое мебошанд, ки хаттиву электронӣ ба вазорат ирсол шудаанд.

Шодиён Завқибек мегӯяд: “Таклифи соҳибкоре чунин аст, ки назорати бевосита камтар шавад, пардохти ҷарима қатъӣ шавад, агар ман камбуд кардам, бар асоси қонун ҷарима супорам. Боз ақидаҳое ҳаст, ки агар ҷарима вазнин бошад, пардохтнопазирӣ ба миён меояд. Ҳамаи инро гурӯҳи корӣ меомӯзад, вобаста ба шароиту вазъи иқтисодии соҳибкорон тасмим гирифта мешавад”.

Пешниҳоди “Соса-Соlа”

Бархе аз намояндагони бахши хусусӣ, ки аз ислоҳоти Кодекси андоз дар ҷараёнанд, хостори коҳиши сарбории андозҳо, додани имтиёзҳо ба соҳибкорон, аз байн бурдани санҷишҳои мақомоти андоз шудаанд. Як нусхаи пайнавишт ё протоколи яке аз ҷаласаҳои гурӯҳи кории дохилиидоравӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ дастраси Радиои Озодӣ гардид, ки дар он намояндаи ширкати “Соса-Соlа” иброз доштааст, ки дар баробари ҷазодиҳӣ, чораҳои ҳавасмандкунӣ низ дар Кодекси нави андоз пешбинӣ шаванд.

Масъули Ассосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон дар ин ҷаласа хостори пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ нисбат ба кормандони мақомоти андоз барои беасос ҷарима бастани андозсупорандагон шудааст. Нақши бахши хусусӣ дар таҳрири кодекс ба гуфтаи коршиносон бисёр муҳим аст ва дар сурати ҳузур надоштани онҳо, шаффофияти ислоҳот дар Кодекси андоз зери суол меравад.

Завқибек Шодиён
Завқибек Шодиён

Завқибек Шодиён, мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, бо таҳияи кодекси нави андоз мехоҳанд, шароитеро фароҳам созанд, ки аксари амалиёти молӣ электронӣ сурат гиранд. Чунин шева ба қавли ӯ имкон медиҳад, низоми молиётсупорӣ шаффоф бошад ва ҳам монеи пинҳон кардани даромад ва сарпечӣ аз пардохти молиёт шавад. Бархе соҳибкорон ва коршиносон мегӯянд, феълан Тоҷикистон барои гузаштан ба низоми пардохтҳои электронӣ омода нест ва бо ҷорӣ намудани чунин низом мушкилу монеаҳои дигар ба миён хоҳад омад.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон, ки интернети гарон бо суръати паст амал мекунад, маҷбур кардани сокинон ба пардохти молиёт аз тариқи Интернет дуруст нест: "Он вақт бряд соҳибкоре дар кадом як деҳа ба интернети арзону босуръат дастрасӣ дошта бошад, филиалҳои бонку терминалҳо дар он ҷо фаъол бошанд, дигар шароити техникӣ бояд муҳайё бошад. Худи ҳамон системаи электронии андоз бо хатоҳои ҷиддӣ ва бо вайрон кардани талаботи техникӣ сохта шудааст ва ворид шудан ба он хеле душвор аст. Худи мақомоти андозу молия омода нестанд, барои ин кор, дар чунин ҳол боз соҳибкор ҷарима мешавад ва зарар мебинад”.

Ҳадаф ислоҳ аст, ё пур кардани буҷа?

Андози зиёд, шеваҳои печидаи молиётсупорӣ ва тафтишҳои болоиҳами кормандони ин ниҳод дар ширкату муассисаҳо пайваста дар Тоҷикистон танқид мешавад. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, яке аз сабаби ривоҷ наёфтани тиҷорати онҳо ҳамин аст. Ҳарчанд масъулони бахши молия ва андози кишвар бар ин таъкид мекунанд, ки ҳадаф аз таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи бештар аст, баъзе огоҳони умур мегӯянд, дар ин ислоҳот ҳадаф аслӣ ғанӣ гардонидани буҷети Тоҷикистон ва ёфтани роҳҳои нави ҷамъоварии андоз мебошад.

Парвизи Дилшод, шореҳи масоили иқтисодӣ мегӯяд, ягона роҳи ислоҳи Кодекси андоз, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ба ин раванд аст: “Бигзор коршиносони байналмиллалиро даъват намоянд, вазъи иқтисодии кишварро санҷанд, баҳогузорӣ кунанд ва бароямон бо назардошти хақиқати ҳол Кодекси андоз таҳия кунанд”.

Парвизи Дилшод афзуд, бовар дорад, пешниҳодҳои аслии андозсупорандагон дар мавриди коҳиши фоизи андозҳо ва кам кардани ҷаримаҳо қабул намешаванд: “Ҷарима, ё фоизи андозҳоро агар дар як ҷо кам ҳам кунанд, дар ҷои дигар зиёд мекунанд”. Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, вақти таҳияи кодекс набояд, мисли дафъаҳои пеш аз кодексҳои кишварҳои дигари пасошӯравӣ рӯбардор кунанд.

Ислоҳот дар Кодекси андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи иттилои Кумитаи сармоягузории кишвар, дар 6 моҳи аввали соли равон 13 ҳазор соҳибкор тарки пеша кардаанд. Ҳарчанд масъулони кумита сабаби қатъи кори соҳибкоронро тоб наовардан ба рақобат арзёбӣ мекунанд, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, ин раванд бозгӯкунандаи гаронии андозҳо мебошад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ӯ гуфт, шумораи андозсупорандагони асосӣ, ки соҳибкорон ба ҳисоб мераванд, сол то сол кам мешаванд ва ислоҳоти Кодекси андоз бояд тавре сурат гирад, ки онҳо дубора баргарданд: “Гаронии андоз тибқи таҳлилҳои олимон дар Тоҷикистон ба 86 фоизи ҳаҷми фоидаи корхонаҳо баробар аст, ин хеле баланд аст ва корхонаҳо имкон пайдо намекунанд, кори худро рушд диҳанд, агар тавре мешуд 86% фоида ба соҳибкорон мемонд, дар ин сурат вазъи соҳибкорӣ беҳтар мешуд. Кодекси феълӣ аз аввал то охир хато аст ва ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад”.

Бо вуҷуди нигаронии коршиносон тавре дар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон иброз доштанд, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ таҳия шуда, яке аз ҳадафҳои он рушди соҳибкорӣ мебошад. Дар Вазорати молия Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар таҳияи Кодекси андоз ҳамкорияшон бо бахши хусусӣ дар сатҳи хуб қарор дорад.

Масъулони ин ниҳод иброз доштанд, ки пас аз якуми сентябр тамоми пешниҳодҳои андозсупорандагон, ки ба дигар ниҳодҳо низ ироа шудаанд, дастраси гурӯҳи кории байниидоравӣ шуда, пас аз баррасию гурӯҳбандӣ, ба гурӯҳи корӣ ирсол мешаванд. “Дар ҳамин замина консепсияи дар кадом шакл таҳия гардидани Кодекси андоз муайян мешавад ва минбаъд гурӯҳи корӣ бо назардошти ба инобат гирифтани таклифу пешниҳоди тамоми шаҳрвандон, Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия мекуна”- афзуд, Завқибек Шодиён, сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва даромадҳои Вазорати молия.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Кодекси андоз дар таҳрири нав дар назар аст, то моҳи сентябри соли 2020 таҳия шавад. Низоми андозбандии Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди бархе созмонҳои хориҷию байналмилалӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дар садро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Шарҳҳоро бинед (48)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG