Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико баъд аз ҳамлаи маргбор дар посгоҳи марзии Тоҷикистон


Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро "ба далели терроризм" ва бехатарии сайёҳон ба қатори давлатҳое шомил кард, ки шаҳрвандонаш ҳангоми сафар ба ин кишварҳо бояд "ниҳоят эҳтиёт кунанд". Ин огоҳӣ рӯзи 13-уми ноябр, пас аз як ҳафтаи ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ нашр шуд.

Дар огоҳӣ аз шаҳрвандони Амрико хостаанд, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодам ва истифода аз нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон худдорӣ кунанд, то аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ эмин бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон хатари терроризму ифротгароиро дар кишвар рад намекунанд, аммо борҳо гуфтаанд, ки барои муқобила бо он ҷиддан омода ҳастанд. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2018 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидошта 29 дарсад кам шудааст. Вале ҳодисаи 6-уми ноябр дар посгоҳи марзӣ масъалаи хатари терроризм ва бедории ҳалқаҳои хуфтаи гуруҳҳои ифротиро дар кишвар дубора доғ кард.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар огоҳии нав аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон низ ёдовар шудааст, ки бар асари он ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида кушта шуданд. "Мумкин аст, террористҳо маконҳои мухталиф, аз ҷумла маҳаллаҳои истиқоматӣ, клубу тарабхонаҳо, маконҳои ибодат ва мактабҳоро ҳадаф қарор диҳанд. Ҳарчанд биноҳои давлатии Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд аз ҳадафҳои асосӣ боқӣ мондааст", -гуфта шудааст дар огоҳӣ.

Мақомоти Амрико аз шаҳрвандони худ хостаанд, ҳангоми сафар ба Тоҷикистон "расонаҳои маҳаллиро назорат кунанд; нақшаи худро бар асоси иттилои нав танзим намоянд; муроқиби атрофи худ бошанд ва саҳифаҳои Департаменти давлатиро дар "Фейсбук"-у "Твиттер" пайгирӣ кунанд."

Департаменти давлатии Амрико дар бахши "Машваратҳо барои сайёҳӣ" кишварҳои дунёро аз назари бехатарӣ дар чаҳор радда ҷудо мекунад. Дар зинаи аввал -- "Чораҳои оддии бехатарӣ" -- кишварҳое дохиланд, ки амнияти шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ дар онҷо таъмин аст. Тоҷикистон то ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара дар тобистони соли 2018 дар раддаи аввал буд. Ҳоло ба зинаи дувум фаромадааст.

Раддаи севвум "Сафарро бозбинӣ кунед" унвон дорад ва дар ин қатор кишварҳое шомиланд, ки амният ба пуррагӣ таъмин нест. Раддаи чаҳорум кишварҳоест, ки Амрико сафар кардани шаҳрвандонашро на танҳо тавсия намедиҳад, балки ҳушдор додааст, ба ин кишварҳо нараванд. Кишварҳои ноамне ба монанди Сомалӣ ва Афғонистон дар ин радиф ҳастанд.

Аз ин пеш Бритониё аз эҳтимоли такрори ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод. Ҳукумати Бритониё охири ҳафтаи гузашта дар изҳороти расмӣ бо зикри ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, "эҳтимол террористҳо дар Тоҷикистон боз талоши ҳамла кунанд".

Ҳукумати Бритониё аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ҳангоми сафар ба Тоҷикистон, ба хусус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои дигари марзӣ эҳтиёт кунанд: "Дар сурати пеш омадани мушкил ба сафорат ё наздиктарин консулгарӣ тамос гиред."

Коршиносон мегӯянд, ин ҳушдорҳо ба маънои пурраи бонги хатар нест, балки огоҳӣ ба шаҳрвандонашон аст, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ё ҳар кишвари дигар эҳтиёт кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин ва вокунишҳои дигар баъд аз ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" посух надодаанд. Маълум нест, нигарониҳои кишварҳои ғарбӣ дар мавриди такрори ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон то куҷо ҷиддист.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 1-уми ноябри имсол дар гузориши нави "Терроризм дар соли 2018" аз чаҳор ҳодисаи террористӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда буд. Ин ҳодисаҳо қатли сайёҳони хориҷӣ, кушта шудани ду ҷангалбон, нақшаи инфиҷор дар пойгоҳи 201 ва ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷандро дар бар мегирифт.

Рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳамла сурат гирифт ва мақомот онро кори ҷангҷӯёни ДОИШ донистанд, ки ба бовари онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла 15 ҷангҷӯ кушта ва ба қавли мақомоти нирӯҳои марзбонӣ 5 нафар ва ба иттилои Вазорати умури дохилӣ 4 нафар дастгир шудаанд. Мақомот аз кушта шудани як марзбон ва як милиса гузориш доданд.

Баъдан ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса дастикам панҷ марзбон ва як милиса ҷони худро аз даст додаанд. Ҷузъиёти ҳамла маълум нест. Мақомот бо баҳонаи онки таҳқиқот идома дорад, чизе намегӯянд. Фарзияву гумонзаниҳои коршиносон зиёд аст. ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст. Дар тақрибан ду соли ахир бори чаҳорум аст, ки ин гуруҳи ваҳшатафкан даст доштани худро дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат ва қатли сайёҳону инак ҳамла ба посгоҳи марзӣ ба уҳда мегирад.

Дар гузориши рӯзи 1-уми ноябри Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ гуфта шудааст, ин ҳодисаҳо хатари ДОИШ-ро дар Тоҷикистон бармало ва зарурати мубориза бо терроризму пешгирӣ аз ҷалби сокинон ба сафи ифротгароёнро ҷиддитар кардаанд.

"Аксар маъракаҳои зидди терроризм дар Тоҷикистон соли 2018 анҷом шуда, созмонҳо ва афроди алоҳидаро, ки зоҳиран бо терроризми исломӣ рабт доштанд, ҳадаф қарор дод. Айни замон мақомот чанд гумонбар ба терроризмро, ки аз Афғонистону Ироқ, Русия ва Сурия баргаштанд, дастгир кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар барои пайвастан ба сафи ДОИШ ба Ироқу Сурия рафтаанд."

Дар ин гузориш аз қавли мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "беш аз 450 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми иштирок дар амалиёти гуруҳҳои террористӣ дар зиндонҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон ҳастанд". Ба иттилои манбаъ, "470 ҷангҷӯи тоҷик кушта шудаанд".

Дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта шудааст, ҳукумати Тоҷикистон шимоли Афғонистонро ба ҳайси манбаи асосии фаъолиятҳои террористӣ медонад ва ба тақвияти ҳифзи марз идома медиҳад. "Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида дар заминаи мубориза бо терроризм моил аст", -- таъкид шудааст дар гузориш.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз авлавиятҳои кори онҳост. Кишвар стратегияи миллии мубориза бо терроризмро низ қабул кардааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба аҳамияти ҳифзи амният ва суботи ҷомеа таъкид мекунанд, вале меафзоянд, талошҳои мубориза бо тундгароӣ ва терроризм набояд баҳонае барои саркӯби мухолифони сиёсӣ бошанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG