Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозаҳои сирояти вируси нав. Мақомоти Тоҷикистон рад мекунанд


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Ба думболи нигарониҳо аз интиқоли эҳтимолии вируси нави чинӣ ба Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар хабар дод, ки чунин вирус ба кишвар ворид нашудааст.

Эҳтимоли ворид шудани вирус аз Чин ба Тоҷикистон бархе аз сокинони кишварро ба ташвиш гузоштааст.

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар касе аз ин вирус зиён надидааст.

Ӯ таъкид намуд, ки барои ҷилавгирии интиқоли вируси чинӣ ба кишвар тадбирҳои ҷиддиеро андешидаанд. Ӯ афзуд, аз овозаҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷараён буда, чунин овозаҳо беасосанд.

Хонум Дарвешзода мегӯяд, интиқолу паҳншавии вирус дар ҳудуди кишвар то ҳол ба қайд гирифта нашудааст ва таъкид кард, ки сокинон набояд аз овозаҳо ба таҳлука биафтанд.

Рӯзи 24-уми январ чанде аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, хабарҳо дар бораи пайдоиши вируси нави хатарнок дар Чин, ки эҳтимоли гузаштанаш ба Тоҷикистон вуҷуд дорад, онҳоро нигарон намудааст.

Ҳасан Нурхонов, як сокини Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳо дар бораи пайдоиши вируси нав дар ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон ӯро ба ташвиш гузоштааст. Ӯ иброз дошт, ки рӯзи 24-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе навиштаҷотҳоеро дидааст, ки гӯиё вируси хатарноки чинӣ ба Тоҷикистон низ расида, боиси фавти як нафар шудааст: “Лекин намедонем то куҷо асос дорад, барои эҳтиёт дар вақти гаштугузор аз ниқоби тиббӣ истифода мебарем”.

Бархе аз табибон мегӯянд, ҳоло гуфтугӯҳо миёни сокинон дар бораи вируси нави чинӣ зиёд аст ва дар сурати ба як бемории маъмулӣ гирифтор шудан низ баъзан гумонҳои манфӣ дар зеҳни беморон пайдо мешавад.

Дар Вазорати тандурустии кишвар гуфтанд, нишонаҳои асосии беморие, ки аз вируси нави чинӣ сар мезанад, ин пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ буда, пасон нишонаҳои дигар, аз ҷумла осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, то ба фавт оварда мерасонад.

Ташвишҳо аз пайдо шудани вируси чинӣ боис шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз Вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи рушди cайёҳӣ хост, то дар сафари сайёҳон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин маҳдудият ҷорӣ кунанд. Дар ин нома аз Вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии кишвар дархост шудааст, ки шахсият, будубош, нишонии чиниҳоеро, ки ба Тоҷикистон меоянд, дақиқ намоянд, то Вазорати тандурустӣ онҳоро то як муддат таҳти дидбонии худ бигирад.

Дар Вазорати тандурустии кишвар рӯзи 24-уми январ тасдиқ намуданд, ки аллакай равуои сокинон миёни Тоҷикистону Чин маҳдуд шудааст ва ин тасмим ҷиҳати пешгирӣ аз ворид шудани вируси наве гирифта шудааст, ки дар Чин паҳн гашта, нигарониҳо аз интиқоли он ба нуқтаҳои дигари ҷаҳон зиёд аст.

Мирҳомуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар чанд рӯзи ахир сару садоҳо роҷеъ ба вируси чинӣ зиёд шудааст, ин ниҳод тамоми чораҳоро барои ҷилавгирӣ аз интиқоли он рӯйи даст гирифтааст. Ӯ таъкид намуд, ки дар пайи ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Вазорати тандурустӣ бо Фурудгоҳи байналмилалӣ ва хатсайрҳои заминиву ниҳодҳои дигар тамос гирифта, масъалаи пешгирӣ аз вируси чиниро дар миён гузоштаанд.

Ба қавли Камолзода дар фурудгоҳҳои кишвар таҷҳизотҳои зарурӣ насб карда шудаанд ва мусофире, ки аз Чин меояд, аз назар гузаронида шуда, дар мавриди гумонбар ба бемории сироятӣ фавран ба ҳуҷраҳои махсус фаро гирифта мешаванд.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То кунун аз таъсири ин вирус 25 кас ҷон бохта, ҷамъан 830 кас ба он мубтало шудаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG