Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони "Талко Кемикал" мегӯянд, 5 моҳ маош нагирифтанд. Мақомот сабабашро шарҳ доданд. САДО


Акс аз сомонаи расмии "Талко кемикал" ё "Талко - Кимиё"
Акс аз сомонаи расмии "Талко кемикал" ё "Талко - Кимиё"

Гурӯҳе аз кормандони корхонаи "Талко Кемикал" (Талко - Кимиё) дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шикоят доранд, ки панҷ моҳ инҷониб маош нагирифтаанд ва дар шароити бади иқтисодӣ қарор доранд. Корхона ба ширкати алюминийи Тоҷикистон - "Талко" мутааллиқ аст. Як масъули "Талко Кемикал" гуфт, масъала ба вазъи молии корхона рабт дорад, вале ҳамзамон афзуд, қисме аз маоши коргаронро додаанд.

Ҷовидон Юсуфзода, корманди яке аз сехҳои "Талко Кемикал", рӯзи 4-уми июн бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт, барои гирифтани маоши панҷмоҳа расман ба раҳбарият муроҷиат карда, ин ҷавобро шуниданд, ки "ҳоло пул нест". Ӯ гуфт, ба раиси ноҳия ва Додситонии Ёвон низ муроҷиат карданд, то барои гирифтани маошашон кумак расонанд, "аммо ҳанӯз бенатиҷа аст".

Юсуфзода иддао кард, дар сехе, ки ӯ кор мекунад, тақрибан 100 нафари дигар маоши худро нагирифтаанд. Яке аз онҳо бо номи Шаҳриёр Бобоев гуфт, баъди он ки моҳҳо маошашро надоданд, бо қарз зиндагиро пеш мебарад.

"Маоши якмоҳаам 2 ҳазор сомонӣ аст ва барои таъмини хонавода мерасид, вале ҳоло ҳамонро ҳам гирифта наметавонем", - афзуд вай.

Чанде аз кормандони дигари корхона гуфтанд, омодаанд барои кор ба Русия раванд, аммо ба сабаби баста будани марзҳо ва қатъи парвозҳои байнулмилалӣ феълан иҷрои ин нақша имконнопазир аст. Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон дар як гузориш охири соли гузашта навишт, ки дар "Талко Кемикал" беш аз 500 нафар фаъолият доранд ва музди миёнаи онҳо 1250 сомонӣ аст.

Чаро кормандони "Талко Кемикал" маош нагирифтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Саъдӣ Ҷабборов, муовини раиси яке аз сехҳои "Талко Кемикал" ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби напардохтани маоши кормандон, вазъи начандон хуби молии корхона аст. Бо ин вуҷуд, ба қавли ӯ, ҳар моҳ ба кормандон 300-400 сомонӣ медиҳанд, то комилан бепул намонанд. Маблағе, ки баъзе аз кормандон мегӯянд, танҳо ба роҳкирои онҳо мерасаду бас.

Ҷабборов афзуд, шарҳи бештари масъаларо аз раҳбарияти ширкати "Талко" бипурсем.

Игор Сатторов, раҳбари бахши равобит бо ҷомеа дар ширкати "Талко" мегӯяд, аллакай маоши семоҳа ба коргарон пардохт шуда, ҳамин шабурӯз пардохти маблағи боқимонда сурат мегирад.

Ӯ рӯзи 8-уми июн дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт: "Дар зимистон ширкати Талко Кемикал бар асоси меъёрҳои кор, истеҳсолро қатъ мекунад. Дар ин замон ҳамаи он мутахассисони чинӣ, ки дар Талко Кемикал кор мекунанд, ба Чин мераванд ва қисмати зиёди коргарони маҳаллӣ, ба истиснои онҳое, ки дар коргоҳи истеҳсоли коагулянти лозим барои тасфияи об кор мекунанд ва теъдоди дигаре аз кормандоне, ки таҷҳизотро барои идомаи кор омода мекунанд, ба рухсатии бемузд фиристода мешаванд. Имсол қарор шуд, ки кормандони маҳаллии ТАЛКО Кемикалро ба рухсатии муваққат нафиристем. Ҳадаф тасмими мақомот барои истеҳсоли маҳлулҳои зиддиуфунӣ, аз ҷумла хлор ва гипохлорита натрия ҳамроҳ бо ширкати «Тоҷикхимпром» буд."

Ба гуфтаи Талко, ин тасмим саҳми ширкат дар кӯмак ба аҳолии Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавирус ва муқобила бо ин вирус будааст. Дар баёнияи ширкат омадааст, ки ба кор андохтани хати истеҳсол ва хариди ашёи лозимро Талко бар ӯҳда гирифт ва то кунун бо арзиши 1 миллион доллар маҳсулот истеҳсол карда ва ройгон ба муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ тақсим кардааст. Ширкати «Талко» мегӯяд, ҳамаи ин хароҷоти ширкатро зиёд карда ва сабаби қарздории муваққат аз коргарон шудааст.

Акс аз торнамои расмии "Талко кемикал"
Акс аз торнамои расмии "Талко кемикал"

Корхонаи "Талко Кемикал" дар Ёвон дар бахши истеҳсоли маҳсулоти фториди алюминий, криолит, кислотаи сулфат фаъолият мебарад ва чунин навъи маҳсулот асосан ба эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи тоҷик истифода мешавад.

Ба гуфтаи Игор Сатторов, кор дар коргоҳҳои ТАЛКО Кемикал аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли криолита, фтори алюминий баъди бозгашти мутахассисони чинӣ, ки ба далели пандемияи коронавирус дар кишварашон мондаанд, аз сар гирифта мешавад. То он замон, истеҳсоли маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва омода кардани дигар таҷҳизот барои шуруи кор идома мекунад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон охири соли гузашта дар гузорише "Талко Кемикал"-ро барои афзоиши тавлиди маҳсулот ситоиш кард. Мақомоти вазорат гуфтанд, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ширкат ба маблағи беш аз 51 миллион сомонӣ маҳсулот баровард, ки дар муқоиса ба соле пеш аз он тақрибан 14 миллион сомонӣ зиёдтар аст. Ба иттилои вазорат қисме аз маҳсулоти корхона ба Русия содирот шуда, бахши дигарро Ширкати алюминийи тоҷик гирифтааст.

Ин шабу рӯз напардохтани маош на танҳо аз сӯи кормандони корхонаи "Талко Кемикал", балки аз тарафи кормандони бахшҳои дигар, аз ҷумла бархе аз омӯзгорони мактабҳо низ садо медиҳад.

Чанд рӯз пеш баъзе аз омӯзгорони мактаби рақами 39-и шаҳри Кӯлоб шикоят карданд, ки маоши семоҳаро нагирифтаанд. Мақомоти идораи молияи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, масъала ба саривақт иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз ё молиёт рабт дорад.

Дар пайи шикояту нигарониҳо, ҳуқушиносон пайваста таъкид мекунанд, ки напардохтани маош тибқи қонун поймол кардани ҳуқуқи коргар ба шумор меравад ва онҳо ҳақ доранд ба додгоҳ шикоят баранд. Вале дар таҷриба дида мешавад, ки на ҳамеша коргарон нисбат ба кордеҳон шикоят мекунанд. Баъзе аз онҳо бовар доранд, дар пайи шикоят , аз кор ва ҳамин тавр аз манбаи даромад маҳрум хоҳанд шуд. Пайдо кардани кор бо маоши муносиб дар Тоҷикистон мушкил аст ва солона то як миллион аҳолӣ барои ёфтани ризқу рӯзии худу хонавода ба Русия мераванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG