Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Русия барои беэҳтиромӣ ба муҳоҷирони тоҷик ва танқиди Тоҷикистон барои...


Иттиҳоди Аврупо дар як баёнияе аз ҳукумати Русия хостааст, ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро риоят кунад.

Дар ин баёния, ки рӯзи 24-уми июл нашр шуд, омадааст: “Мо аз гузоришҳо дар бораи табъизу бадрафторӣ бо муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия, аксаран тоҷиктаборон, ки тамоми сол идома кард, нигарон ҳастем. Русия бояд ба ҳуқуқи инсонии онҳо, озодиҳои бунёдӣ ва каромати инсониашон эҳтиром бигузорад. Мо ҳаргуна талоши Русия барои сӯистифодаи хориҷиён дар ҷанги таҷовузгаронаи худ ба зидди Украинаро маҳкум мекунем.“

Ишораи Иттиҳоди Аврупо зоҳиран ба гузоришҳои зиёд дар бораи латукӯби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, беэҳтиромӣ ба онҳо, ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирон аст, ки аз соли 2024 то кунун дар Русия идома дорад. Баёнияи Иттиҳоди Аврупо дар посух ба гузориши солонаи Татяна Туркан, раҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе аст, ки кори дафтар дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Иттиҳоди Аврупо дар баробари зикри ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дигарбора аз созишномаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кардааст, ки моҳи марти имсол имзо шуд. Ин созишнома ба баҳсу даъвоҳои гоҳо олуда ба хунрезӣ сари минтақаҳои баҳсбарангези марзӣ поён дод. Дар баёния омадааст: “Созишнома субот ва амният дар Осиёи Марказиро тақвият мебахшад.”

Дар идомаи баёния, Иттиҳоди Аврупо аз он қарори ҳукумати Тоҷикистон изҳори таассуф кардааст, ки моҳи марти имсол иҷоза надод, нозирони байналмилалӣ ба Тоҷикистон биёянд ва бубинанд, ки оё интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва одилонаву шаффоф сурат мегирад, ё не.

Дар даҳсолаҳои ахир бори аввал буд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз сабти номи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо худдорӣ кард ва ба онҳо иҷозаи мушоҳидаи интихоботро надод. Вазорати умури хориҷӣ он замон гуфта буд, ки ба далели дер муроҷиат кардани нозирони хориҷӣ онҳоро сабти ном накарданд. Дар баёнияи Иттиҳодияи Аврупо омадааст: “Сабти ном накардан мухолиф ба усулҳо ва тааҳудот бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аст, чун раъйдиҳандагони тоҷик ва ниҳодҳоро аз арзёбии бетарафона ва мустақилони ҷараёни интихоботи порлумонӣ маҳрум кард.”

Иттиҳоди Аврупо, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро торафт зиёдтар мекунад, гуфтааст, интизор дорад, кишвар аҳдҳоеро, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо додааст, иҷро мекунад. Дар баёния ҳамчунин аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ сол то сол бадтар мешавад.

Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо ишора ба аҳволи бади матбуоти мустақил дар Тоҷикистон, гуфтааст: “Мо кор сари озодии матбуот ва озодии суханро авлавият мешуморем. Мо ба мақомоти Тоҷикистон гӯшзад мекунем, ки тамоми аҳдҳои додаи худ ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи озодии сухан ва озодии матбуотро иҷро кунад ва тазмин диҳад, ки ақидаҳои дигарандешона озодона баён шаванд.”

Дар Тоҷикистон дар ду соли гузашта даҳҳо хабарнигор, блогер ва фаъолони ҳуқуқи инсонро бо иттиҳомоти гуногун ба зиндон маҳкум карданд. Иттиҳоди Аврупо аз набуди пешрафт дар роҳи қабули қонуни нав бораи матбуот изҳори нигаронӣ кардааст, ки соли 2024 таҳия шуд. Моҳи октябри соли гузашта ҳукумат ин тарҳро, ки бо ширкати ҷомеаи маданӣ ва Маҷлиси намоядагон таҳия шуда буд, рад кард.

Дар он вақт, муаллифон гуфта буданд, ин қонуни комилест, ки бар пояи таҷрибаҳои пешрафта ва хулосаи коршиносони байналмилалӣ омода шудааст. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин тарҳро “коста ва номукаммал” хонда, рад кард.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дар ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчунон ба таъмини волоияти қонун, ҳимоят аз ҳуқуқи тамоми табақаҳои ҷомеа, таъмини озодиҳои бунёдӣ ва мудирияти дуруст таъкид хоҳад кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG