Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири норӯшани ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Арманистон

Идораи пулиси Ванадзор дар шимоли Арманистон
Идораи пулиси Ванадзор дар шимоли Арманистон

Пайвандони ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Арманистон мегӯянд, беш аз як ҳафта боз аз онҳо дарак надоранд. Ин афрод бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва бо иттиҳоми “зархаридӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва “қочоқи маводи мухаддир” дастгир шуда, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ванадзор, дар шимоли Арманистон ҳастанд.

Наздикони онҳо, баръакс иддао доранд, ки қазия сиёсист ва биноан нахостанд, ки ҳоло ному насабашон навишта шавад. Дар Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Ванадзор рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо ба дархости хатӣ посух медиҳанд.

Дар як Маркази ҳуқуқӣ дар Ереван (аз ҳаққи ин ду нафар ҳимоя дорад) гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон рӯзи 13-уми март талош кардаанд, онҳоро ба Душанбе баранд, вале моҷаро дар фурудгоҳи Ереван монеи ин кор шудааст.

“Онҳоро дар Фурудгоҳи Ереван ба дохили ҳавопаймо бурдаанд. Ҳавопаймои Ереван-Тбилиси. Вале онҳо ба намояндагони Тоҷикистон, ки як ҳафта пеш омада, санади истирдодро омода кардаанд, муқобилият нишон додаанд. Мақомоти интизомии Арманистон бо пеш омадани чунин ҳолат ҳардуро аз ҳавопаймо берун ва дубора ба Боздоштгоҳи муваққатии Ванадзор бурданд,” – гуфт як вакили мудофеъ, ки дар Маркази ҳуқуқӣ дар Ереван кор мекунад ва аз қазия огоҳ аст. Ӯ ба далели амниятӣ нахост номаш навишта шавад.

Ин вакили дифоъ афзуд, “бар асоси қонунгузориҳои байнулмилалӣ истирдоди онҳо дуруст нест” ва ҳоло барои наҷоташон дар Арманистон талош доранд.

Ҳам вакилони Маркази ҳуқуқӣ дар Ереван ва ҳам пайвандони шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мегӯянд, баъди 13-уми март аз ин ду нафар хабар надоранд ва аз эҳтимоли фиристода шуданашон ба Душанбе нигаронанд, чун “азияту шиканҷа ва ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум хоҳанд шуд”. Яке моҳи августи соли 2025 ва дигаре моҳи феврали имсол дастгир шудаанд.

Бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фиристода шудан ба Душанбе ё ҳадди ақал ба таъхир андохтани он дар фурудгоҳи кишварҳои хориҷӣ вориди моҷаро шудаанд.

Яке аз онҳо Дилмурод Эргашев аст, ки ҳангоми ронда шуданаш аз Олмон дар моҳи ноябри соли 2024 дар Фурудгоҳи Дюсселдорф раги дасту пойи худро бурид, вале ҳамагӣ пас аз се рӯз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дертар Додгоҳи Синои шаҳри Душанбе ӯро ба 8 сол зиндон маҳкум кард.

Дар як соли охир дастикам ду шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Арманистон боздошт ва сипас раҳо карда шудаанд. Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигор ва аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, дар оғози соли 2026 дар Арманистон дастгир ва бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ озод гашт. Исмоил Холов, узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъст, моҳи августи соли 2025 аз сӯйи марзбонҳои Арманистон дастгир ва баъди тақрибан як ҳафта раҳо шуд.

XS
SM
MD
LG