Тоҷикистон қариб даҳ сол пеш никоҳ ё издивоҷи хешовандонро манъ кард. Мақомот онро яке аз сабабҳои камтавон таваллуд шудани 30 дарсади кӯдакон медонистанд. Ҳарчанд таъсири қонунро ба вазъи сиҳатии навзодон нашр намекунанд, манбаъҳои гуногун дар Тоҷикистон таваллуди кӯдакони имконияташон маҳдудро дар сол аз 2,5 то 3 ҳазор нафар ҳисоб кардаанд.
Ҳоло теъдоди кӯдакони то 18-солаи имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон зиёда аз 35 ҳазор нафар будааст. Ин 10 ҳазор нафар бештар дар муқоиса ба омори даҳ сол пеш.
Пизишки собиқадор Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, қабули қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ барои беҳсозӣ ва рушди генофонди миллӣ зарур буд, аммо барои натиҷа додани он набояд серосема шуд.
Ӯ гуфт: "Аввал, имкониятҳои ташхис рӯз ба рӯз ва сол ба сол беҳтар мешавад. Дувум, имкониятҳои сабтином беҳтар шуда истодааст. Ҳамин оморе, ки 10 сол пеш буд, 20 сол пеш буд, то чӣ андоза эътимод кунам сари ҳамин омор? Ман худам ҳамчун як мутахассис мегӯям, ки омор суст буд."
Вале он чи ки Вазорати тандурустӣ дар як гузориш эътироф намуд, ин аст, ки “бемориҳои модарзодӣ ва ирсие дар ҳоли афзоиш ҳастанд”, ки боис ба маъюбии кӯдакон мешаванд. Табибон мегӯянд, таъсири муҳити атроф, истеъмоли хӯроки носолим ва ғайра ҳам сабаби таваллуди кӯдакони камтавон мешавад.
Шамсиддин Қурбонов гуфт: "Қабули қонун маънои иҷрои “плани пахта”-ро надорад. Мардуми мо ба издивоҷ ва барпо кардани оилаи худ бо наздикон майл доранд, ҳаминро оҳиста-оҳиста бояд аз байн бурд. Ба мардум бояд имкон дод, ки бо хонаводаҳои бегона издивоҷ кунанд ва ин ба рафтори муқаррарӣ мубаддал шавад."
ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, ба ҳисоби умумӣ дар дунё тахминан ҳар кӯдаки даҳуми то 18-сола бо бемориҳои модарзодӣ таваллуд мешаванд.
Видеоро дар инҷо бинед: