Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи раис ба мансабдорон:"Аввал хидмат ба миллат, сипас Ҳаҷ"


Акс аз бойгонӣ ва аз соли 2018. Бозгашти зойирони тоҷик аз Маккаву Мадина.
Акс аз бойгонӣ ва аз соли 2018. Бозгашти зойирони тоҷик аз Маккаву Мадина.

Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, беҳтар аст мақомдорони давлатӣ баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.

Раиси Оҷонсӣ гуфт, қонунгузорӣ барои рафтани хизматчиёни давлатӣ ба ҳаҷ маҳдудияте пешбинӣ накардааст, вале ба назари шахсии ӯ, мансабдорон баъди ба нафақа баромадан ин корро анҷом диҳанд хубтар аст.

"Хизматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ, дар хизмати давлатӣ кор кардӣ, бояд содиқона, сидқану шаффоф ба давлату миллат хизмат кунӣ. Баъд аз он, ки ба нафақа баромаданд, аз хизмати давлатӣ озод шуданд, марҳамат рафтан гиранд," - афзуд Илёс Идрисзода.

Ин посух дар ҳоле садо медиҳад, ки миёни бархе кормандони идораҳои давлатӣ чунин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо рафтан ба ҳаҷ, эҳтимоли аз кор озод шуданашон ҷой дорад ва бо далели мушкил пеш наомадан дар корашон намехоҳанд, ошкоро суҳбат кунанд.

Идрисзода:"Баъди барканорӣ аз мансаб, марҳамат, ба ҳаҷ раванд!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Дар гузашта яке аз чунин намунаҳо, ки баъди бозгашт аз Ҳаҷ аз кор озод мешаваyд, расонаӣ шуда буд. “Азия плюс” 14 феврали соли 2023 навишта буд, Ҳусейнхон Ҳакимов, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди адои Ҳаҷҷи умра аз вазифа барканор шуд ва он замон раиси ин ноҳия дар нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки ӯ барои худсарона ба Ҳаҷ рафтан барканор гаштааст.

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев, рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қонунгузорӣ меъёре нест, ки сафари хизматчии давлатиро ба Ҳаҷ манъ кунад, вале баъзе маҳдудиятҳое дар сафари онҳо ба хориҷ аз кишвар пешбинӣ шудааст.

«Тартиби сафари шаҳрвандонро барои рафтан ба Ҳаҷ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 30 декабри соли 2015 тасдиқ шудааст, ба тартиб медарорад. Дар ин низомнома фақат ду маҳдудият вуҷуд дорад. Вабаста ба синну сол ва такрори сафари Ҳаҷ. Агар мо дар бораи хизматчиёни ҳарбӣ гап занем, дар қонунгузории соҳавӣ, яъне озодии виҷдон ягон меъёре нест, ки хизматчиёни давлатӣ манъ кунад, ки ба Ҳаҷ нараванд. Вале маҳдудиятҳое вуҷуд дорад. Манъ карда нашудааст, вале онҳо бояд ҳар сафари хориҷияшонро бо роҳбарияташон ҳамоҳангсозӣ ё мувофиқа кунанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масалан милитсия прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ онҳо бо иҷозатномаи махсуси роҳбарияташон сафари хориҷӣ карда метавонанд”-афзуд, ӯ.

Чанд тан аз мақомдорон ё аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар ҷараёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, ҳамроҳи раиси ҷумҳур Ҳаҷҷи умраро адо кардаанд.

Мақомдорони тоҷик аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Чунин интиқодҳо низ садо медиҳад, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал кардан мехоҳанд. Ҳар сол беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мераванд.

XS
SM
MD
LG