Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як анбури ТВЕА-и Чин дар Бишкек $320 будааст. Дар Душанбе чӣ? Конҳои тило?


Маркази барқу гармидиҳии Душанбе

Кори ширкати чинии ТВЕА, ки дар Қирғизистон ва Тоҷикистон тарҳҳоеро бо сармоягузории "Эксимбонк", бонки давлатии Чин, иҷро мекунад, рӯ ба густариш дорад. Ҳарчанд фаъолияти он дар ин кишварҳо баъзе масъала ва гумонҳоро ба вуҷуд овардааст, зоҳиран, чизе пеши роҳи ин густаришро гирифта наметавонад.

Ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, ширкати чинии ТВЕА (Tebian Electric Apparatus Stock Co., Ltd.) акнун барномаи таҳияи мутахассисони тоҷикро барои идораи иншооти энержии худ дар Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Аз ҷумла, сухан дар бораи тарҳҳое чун хатти барқи баландшиддати Ҷануб-Шимол -- 500 кВ (340 миллион доллар), Лолазор-Хатлон -- 220 кВ (59 млн доллар), Душанбе-Оби Гарм -- 500 кВ, Хуҷанд-Айнӣ -- 220 кВ (37 миллион доллар), бозсозии зеристгоҳи "Регар-500" (36,9 миллион доллар) ва ҳамчунин бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе (349 миллион доллар) ва ғайра. Гуфта мешавад, ҳадаф аз барнома омода кардани коргарони бумӣ ҳамроҳ бо ворид ва насб кардани таҷҳизоту фанновариҳои навин дар оянда аст.

Паймонкоре, ки тило мегирад

Тамоми тарҳҳои ширкати ТВЕА ба унвони паймонкор аз ҳисоби қарзҳои "Эксимбонк"-и чинӣ ба иҷро расидаанд. Барои намуна, хатти интиқоли барқи баландшиддати "Шимол-Ҷануб" барои Тоҷикистон 340 миллион доллар харҷ доштааст, ки аз он ҳаҷми сармояи ҷониби Тоҷикистон ҳамагӣ 40 миллион доллар ва бақия қарзе буда, ки ба давлат бар ивази 2 дарсад сарбахши солона дода шудааст. Тамоми тарҳҳо бо ҳамин шева ё ба воситаи наздик ба он амалӣ шудаанд.

Тарҳи аз ҳама бузург - бунёди Маркази барқу гармидиҳии 2 дар шаҳри Душанбе бо иқтидори 400 МВТ бо харҷи 349 миллион доллар мебошад, ки соли 2016 ба итмом расид. Аз ин миқдор сармоя қарзи "Эксимбонк"-и Чин 331,5 миллион доллар ва харҷи "Барқи тоҷик" 17,4 миллионро дар бар мегирад. Дар ивази татбиқи тарҳ ширкати ТВЕА иҷозатнома барои коркарди конҳои "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро дарёфт кард, ки дар ин конҳо бино ба маълумоти замони Шӯравӣ, барои ҳар тонна маъдан 2 грамм тило рост меояд.

Мудири ширкат Чжан Син чанде пеш дар мусоҳиба бо сайти stcn.com гуфт, ҳукумати Тоҷикистон розӣ шуд, агар даромад аз конҳои додашуда хароҷоти ширкатро бароварда накунад, барои коркард дигар конҳои тилоро низ бидиҳад. Дар навбати худ манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати энержии Тоҷикистон гуфт, захираи конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло" хеле бештар аз хароҷоти ТВЕА мебошанд.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Шореҳи масоили иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, агар вазъи муҳити зист дар шаҳрро, ки ин корхона бад кардааст, ба назар нагирем, кор кардан бо ангишт метавонад, ба рафъи норасоии қувваи барқ дар кишвар ёрӣ расонад. Ин дар ҳолест, ки дар саросари ҷаҳон мубориза бо сӯхтани ангишт ҷараён дорад ва ин навъи сӯзишворӣ дар бисёре аз кишварҳо манъ мегардад.

"Даромади "Барқи тоҷик" аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябр дар муқоиса бо як моҳ пеш тақрибан 2,5 баробар кам шудааст. Мувофиқи маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол барқи содиркадаи кишвар бо маблағи 3,6 млн доллар будааст, ки дар муқоиса ба як моҳи пеш камтар аст", -- гуфт Чоршанбиев.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки дар таҳияи шартнома бо ҷониби чинӣ ширкат кардааст, ба шарти набурдани номаш гуфт, тарҳи Маркази барқу гармидиҳии Душанбе комилан зери назорат аст. "Ду бор тарҳ бо шарҳу тафсирҳо ба паймонкор баргардонида шуд ва харҷи он тақрибан 44 миллион коҳиш ёфт. Ба ҷуз Маркази барқу гармидиҳӣ, ин ширкат 2 мактаб сохта, ду зеристгоҳи 220 кВт-ро таъмир намуд ва 120 мошини боркаш (самосвал) аз ҳисоби худаш харид",- гуфт манбаъ.

Норизоятии ҷониби Қирғизистон

Зимнан, ҷомеаи мадании Қирғизистон ба ширкати ТВЕА ва ҳам ба ҳукумати қирғиз, ки барои бозсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкек бо ҳам шартнома баста буданд, пурсишҳои зиёде дорад. Аз ҷумла, як қатор мансабдорон, бо шумули нахуствазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов ба гумони суистифодаи огоҳона аз ваколатҳои мансабӣ, барои дониста бастани шартномаи номуносиб бо ширкати ТВЕА, ки дар натиҷаи он зарари расида ба давлат 111 миллиону 252 ҳазору 797долларро ташкил медиҳад, гунаҳкор дониста шуданд.

Худи Исҳоқов ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунад. Дар як муроҷиатномаи расмияш нахуствазири пешин мегӯяд, ки гуфтушунид бо чандин ширкат анҷом шуд, аммо пешниҳоди ширкатҳои ТВЕА ва СМЕС воқеитар буд. "Вале дар ин маврид интихобро ба ҷойи мо ҳукумати Чин кард. Дар парванда ҳамаи ҳафт муроҷиати расмӣ, ҳафт нотаи дипломатӣ бо ин нишондод, ки Шӯрои давлатии Чин чунин қарор қабул кардааст -- аз ҷониби Чин паймонкор танҳо ширкати TBEA буда метавонад, ҳеч ширкати дигар не. Танҳо он замон ҳозир буданд дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба мо қарзи боимтиёз бидиҳанд", -- менависад Сафар Исҳоқов.

"Тарҳе бо арзиши ҳангуфт"

Арзиши бозсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкек ва расонидани иқтидори он ба 300 МВт, аз рӯйи тарҳи ТВЕА, 386 миллион доллар буд. Дар муқоиса бо Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, ки иқтидори он то бозсозӣ 100 МВт буд ва баъди бозсозӣ ба 400 МВт расонида шуд, 36 миллион доллар гаронтар воқеъ шуд.

Аммо Бишкек расман ин маблағро ҳамчун қарз бо кафолати ҳукумат бо 2 фоизи солона барои 20 сол гирифтааст.

Соли 2017 Палатаи ҳисоби Қирғизистон маълум кард, ки бозсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкек бидуни барномарезӣ иҷро ва паймонкор бидуни тендер интихоб шудааст. Комиссия гуфт, маблағи тарҳ ва қарзи ҳангуфт аз "Эксимбонк"-и Чин бо замонати давлатӣ танҳо бо такя ба муқоисаи нархҳои ҷаҳонии бунёди шабакаҳо ва нархи пешниҳодии паймонкори генералӣ – TBEA, гирифта шудааст.

Баъди садама дар Маркази барқу гармидиҳӣ дар моҳи январи соли 2018, порлумони Қирғизистон тасмим гирифт, мушаххас кунад, ки 386 миллион доллар қарз барои чӣ кор сарф шудааст ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дуздӣ ё аз худ кардани маблағҳоро бо миқдори махсусан калон ошкор намуд.

Сафар Исҳоқов дар додгоҳ
Сафар Исҳоқов дар додгоҳ

Мудири баъди садама барканоршудаи Маркази барқу гармидиҳӣ Нурлан Омурқул уулу ба рӯзноманигорон гуфт, бозсозии ин марказ амалан бо ҳазинаи 250-260 млн доллар анҷом шуд. Мавод барои корхона ба гуфтаи ӯ, бо нархҳои ҳангуфт нишон дода шуданд, то маблағи 386 миллион доллар пурра карда шавад. Омурқул уулу рӯйхати мавод бо нархҳоеро нишон дод, ки гӯиё ширкати паймонкор TBEA пешниҳод кардааст.

Мувофиқи асноде, ки мудири пешини Маркази барқу гармидиҳӣ пешкаш намуд, анбурҳо бо нархи 320 доллар ва оташхомӯшкунакҳои 30-килоӣ бо нархи 1600 доллар харида шудаанд ва ҳамчунин харҷҳои дигар ба ягон нархномаҳои мавҷуд мувофиқат намекунанд.

Дафтари матбуоти ҶСК "Шабакаҳои барқӣ", ки молики Маркази барқу гармидиҳии Бишкек мебошад, он замон гуфта буд, ки бар асоси шартнома аз ҳисоби қарз молҳо, технология ва хизматрасониҳо умдатан бояд аз Чин харида шаванд ва масъалаи харидро танҳо паймонкор, яъне ширкати TBEA, мустақилона ҳал мекунад.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки дар бозори ҷаҳонӣ нархи 1 кВт ҳангоми бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ аз 1200 то 2000 доллар аст ва аз рӯйи ин шохис арзиши бозсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкек ба ҳақиқат рост меояд.

Бо вуҷуди ин баҳси ин парванда дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад.

Дар Душанбе оё гумоне ҳаст?

Дар ҷомеаи Тоҷикистон, тибқи анъана ба фаъолияти ТВЕА ва шеваҳои пирӯзии он дар тендерҳо ҳеч вақт суоле пайдо нашудааст. На ҳукумат ва на ширкат гузоришҳояшонро дар бораи кор дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ҳеч вақт нашр накардаанд. Дар баробари ин, ҳукумат бо ин ширкат ҳамкории танготанге дорад.

Аммо шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, назорат ба фаъолияти ТВЕА дар Тоҷикистон дар умум вуҷуд дошт. "Маъмулан ҳангоми иҷрои тарҳои сармоягузорӣ мониторинги молиявӣ вуҷуд дорад, ки ҳангоми аз худ кардани маблағҳо аз ҷониби сармоягузор, фармоишгар ва дигар аъзои лоиҳа дар ҳар марҳала гузаронида мешавад. Фикр намекунам, ки ин ҷо чиниҳо ин иншоотро бо маблағҳои ҳангуфте сохта бошанд", -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Тобистони соли 2015 порлумони Тоҷикистон TBEA-ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва ҳамчунин аз андози истифодаи роҳҳо ва боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизот озод кард. Дар маҷмӯъ ҳаҷми маблағе, ки ширкат аз пардохти он озод карда шуд 17,6 миллион сомониро дар бар мегирифт.

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Иқтисоддони тоҷик Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба муваффақиятҳои ин ширкат дар Тоҷикистон, душвор нест тахмин бизанем, ки он барои худ як имиҷи мусбате дар назди ҳукумат эҷод кардааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки кишвар аз нигоҳи технологӣ дар бахши энержӣ ба ин ширкат ҷиддан пойбанд шавад.

Ба унвони мисол, коршинос аз таҷрибаи ширкати чинии ZTE ёдовар шуд, ки дар оғози кор дар як давраи кӯтоҳ ба як бозигари калони бозори мухобиротии Тоҷикистон табдил ёфт. "Ин ширкат дар тендер пирӯз шуд ва бо гузашти чанд вақт тамоми бахши мухобирот ба дасти он афтод ва ширкатҳои дигар маҷбур шуданд аз он таҷҳизот харанд”, -- мегӯяд Ҷалолов.

TBEA (Tebian Electric Apparatus Stock Co., Ltd) ширкати чиниест, ки ба истеҳсоли таҷҳизоти коркард ва интиқоли барқ машғул аст. Шумораи коргарони ин ширкат ба 20 ҳазор нафар мерасад ва тарҳҳои он дар бештар аз 60 кишвари ҷаҳон иҷро мешаванд.

"Ин ширкат стратегияи давлатии "Як камарбанд ва як роҳ"-ро бомуваффақият пеш мебарад ва талош дорад таҷрибаи Чинро дар бахши бунёди иншооти энержӣ ба бозори ҷаҳон барорад",-- гуфта мешавад дар сомонаи ин ширкат. Коршиносони ғарбӣ ба таври мунтазам сиёсати Чинро танқид мекунанд ва мегӯянд, ки он сатҳи фасодро дар кишварҳои рушдкунанда бо ҳадафҳои худ истифода ва тарҳҳои худро пеш мебарад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG