Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов барандаи шоҳҷоизаи мусобиқаи наврӯзӣ шуд


Темур Раҳимов

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки 21-уми март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе бо ҳузури тамошогарони сершумор ба поён расид, бо шоҳҷоиза - мошини сабукрави тамғаи “Тoyota мукофотонида шуд.

Дар ин мусобиқаи идонаи паҳлавонӣ беш аз 200 гуштигир дар ҳайати дастаҳои мунтахаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи Рашт аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо (60, 65, 70, 75, 80, 90, 100, +100 кг), инчунин вазни мутлақ рақобат карданд.

Барои шоҳҷоиза – мошини сабукрав – ҳафт паҳлавони сангинвазн (100 кг ва беш аз 100 кг) – Фарёд Шайхов, Хуршед Маҷидов, Суҳроб Маҳмадиев Темур Раҳимов, Шамшод Абдуллоев, Шакармамад Мирмамадов ва Саидҷалол Саидов номнавис шуданд. Вале Суҳроб Маҳмадиев аз қувваозмоӣ бо Темур Раҳимов даст кашид. Ҳамин тариқ, шаш нафар барои шоҳҷоиза мубориза бурданд.

Паҳлавонони маъруф - Темур Раҳимов аз дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи Марказ ва Шакармамад Мирмамадов аз дастаи ВМКБ, ки ҳар кадом ду пирӯзӣ ба даст оварданд, ба финал роҳ пайдо карданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо ғалабаи Темур хотима ёфт. Ин дувумин пирӯзии ӯ ба Шакармамад дар ин мусобиқа (ҳам дар вазни беш аз 100 кило ва ҳам дар вазни мутлақ) дар қувваозмоии ниҳоӣ ба шумор мерафт.

Ба Темур Раҳимов - ғолиби мутлақи мусобиқаи ҷумҳуриявии наврӯзӣ ба ҷуз аз “Ҷоми Пойтахт-2020”, медали тилло ва мошини сабукрав тақдим гардид. Зимнан, Темур Раҳимов, ки узви дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аст, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 дар вазни беш аз 100 кило мубориза мебарад.

Шакармамад Мирмамадов барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 10000 сомонӣ сарфароз гашт.

Ҷойи севум насиби Саидҷалол Саидов гардид, ки Фарҳод Шайховро мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба малағи 4000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Ғолибон ва онҳое, ки дар ҳар як вазн ҷойҳои дувуму севумро ишғол карданд, бо медалу ҷоизаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гаштанд.

Инчунин бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз рӯзи якшанбе, 22-юми март, соати 15:00 дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020» бо иштироки аспҳо ва чобуксаворони беҳтарин аз манотиқи мухталифи кишвар доир хоҳад шуд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мегарданд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани мусобиқаҳои гуштии миллӣ ва аспдавонӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ 190500 сомонӣ ихтисос дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии миллӣ барои “Ҷоми пойтахт-2020”

60 кг

1. Муҳаммадризо Қувватов (Душанбе)

2. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Душанбе)

3. Муслимбек Каримов (Душанбе)

65 кг

1. Ёқуб Боқиев (ВМКБ)

2. Идибек Сафаров (Душанбе)

3. Баҳром Сӯфиев (Хатлон)

70 кг

1. Субҳиддин Халилзода (Душанбе)

2. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе)

3. Шаҳзод Воҳидов (ВМКБ)

75 кг

1. Деваштич Убайдӣ (Душанбе)

2. Мубориз Мунавваров (Душанбе)

3. Қандил Саидов (Душанбе)

80 кг

1. Раҳматуллобек Фарҳодов (Душанбе)

2. Саидмухтор Расулов (Душанбе)

3. Оламафрӯз Абдураҳмонов (Душанбе)​

90 кг

1. Ҷаҳонгир Маҷидов (Душанбе)

2. Зафар Олимшоев (Душанбе)

3. Муслимбек Каримов (Душанбе)

100 кг

1. Шамшод Абдуллоев (Рашт)

2. Саидҷалол Саидов (Душанбе)

3. Фирдавс Насимов (Хатлон)

+100 кг

1. Темур Раҳимов (Душанбе)

2. Шакармамад Мирмамадов (ВМКБ)

3. Суҳроб Маҳмадиев (ШНТМ)

Вазни мутлақ

1. Темур Раҳимов (Душанбе)

2. Шакармамад Мирмамадов (ВМКБ)

3. Саидҷалол Саидов (Душанбе)

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG