Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти соҳибкорон аз низоми андоз. Мақомот "ислоҳ" мекунанд? ВИДЕО


Рустам, сокини шаҳри Душанбе, раиси ширкатест, ки ба насби таҷҳизот машғул аст. Вай чанд моҳ пеш қарор кард, ки тиҷораташро қатъ кунад. Зеро, ба қавли соҳибкор, "баланд будани мизони андоз ва тафтишҳои зиёд" корашро бе фоида кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша баланд будани мизони андозро дар кишвар рад кардаанд. Баръакс, онҳо соҳибкоронро ба он муттаҳам мекунанд, ки даромади худро пинҳон медоранд ва андози кам месупоранд.

Соҳибкори тоҷик Рустам мегӯяд, бар изофаи баланд будани мизони андоз, нозирон пайваста талаб мекунанд, ки молиёт то як ва ё ду моҳ пеш пардохт карда шавад. Тафтишҳои нақшавӣ ҳам то ҳадде тӯл мекашанд, ки ӯ барои идора кардани тиҷораташ фурсат намеёбад.

Бинобар коҳиши нишондодҳои иқтисод ва рақобати зиёд ширкаташ фармоиши кам мегирад ва Рустам ба хулосае омад, ки аз тиҷорат даст бикашад. Вале бо гузашти панҷ моҳ натавонистааст ширкаташро барҳам диҳад. Мегӯяд, мақомот ҳанӯз ширкати зери раҳбарии ӯро тафтиш доранд.

Рустам ягона нафаре нест, ки аз тиҷорат дар Тоҷикистон даст мекашад. Ҳар сол ҳазорҳо намояндагони тиҷорати хурду миёна тарки фаъолият мекунанд. Расман тасмими онҳо ба буҳрони молӣ рабт дода мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, мушкили асосӣ дар андозбандӣ аст.

Нуриддин Қаюмов, таҳлилгари тоҷик, гуфт, агар андозҳо беш аз 30 дарсади даромадро ташкил диҳанд, дар бораи рушди тиҷорат ҳоҷати ҳарф задан намемонад.

"Агар соҳибкор барои рушди минбаъдаи тиҷораташ маблағи захиравӣ надошта бошад, аз куҷо рушд мекунад? Агар мехоҳем дар оянда инкишоф ёбем, бояд андозҳо кам карда шаванд. Ин аксиома аст, ки ҳеҷ исботи зиёдатиро намехоҳад," -- афзуд Қаюмов.

Гузориши ТВ "Настоящее время"-ро дар ин ҷо бинед:

Соҳибкорони тоҷик аз низоми андоз шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, аз лиҳози пешбурди тиҷорат Тоҷикистон дар миёни 190 кишвар дар мақоми 183-юм қарор дорад. Ба ҳисоби миёна солона як соҳибор барои андозсупорӣ 224 соати худро сарф мекунад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, баъзе навъҳои андоз, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони роҳ нодилона аст. Ба гуфтаи коршиносони ин ниҳоди молӣ, дар асл ин андозсупории секарата мешавад. Аз андозсупорӣ озод кардани баъзе коргоҳҳои давлатӣ ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ вазниниро ба дӯши корхонаҳое бор мекунад, ки аз чунин имтиёзҳо бархӯрдор нестанд.

Нақшаи андозро ҳукумат таъйин мекунад ва он ҳамасола аз 15 то 20 дарсад баланд меравад.

Ян Петер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, "бахши алоҳидае вуҷуд дорад, ки аз имтиёзи хуби давлатии андозсупорӣ бархӯрдор мебошад. Аз тарафи дигар мо бахши бузурги ғайрирасмиеро мебинем, ки кӯшиш мекунад зери соя ва дур аз мадди назари Кумитаи андоз бошад. Дар натиҷа як бахши хурди хусусие боқӣ мемонад, ки тамоми вазнинӣ бар дӯшаш аст."

Дар Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, дар бораи мушкилоти андоз метавонанд соатҳо сӯҳбат кунанд, аммо агар мақомот фавран чораандешӣ накунанд, дигар аз ҷое имкони ситонидани андоз вуҷуд нахоҳад дошт.

"Фаҳмише мавҷуд аст, ки ин василаи сиёсӣ, яъне имтиёзҳои андозӣ ба таври самаранок истифода намешавад. Онро бояд такмил дод. Ин ба ҳукумат имкон медиҳад, ки бо ин ва ё он ширкат муносибати мустақилро ба роҳ монад, ки аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор аст ва сармояи иловагиро ворид мекунад. Ҷойҳои нави кориро фароҳам меовард ва ба технологияҳои муосир мусоидат мекунад," -- таъкид кард Ян Петер.

Бо таваҷҷуҳ ба шикоятҳои зиёд дар бораи сарбории молиётӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, Кодекси андозро аз нав таҳия кунад.

Мақомот мегӯянд, таваҷҷуҳ ба кам кардани андоз, шеваҳои печидаи молиётсупорӣ ва коҳиши тафтишҳои болоиҳами кормандони ин ниҳод равона мешавад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG