Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиба бори аввал ба тамошои сирк рафт


Адибаи 11-сола.
Адибаи 11-сола.

Созмони "Ҳамсояҳои нек" рӯзи ҷумъа ба муносибати Рӯзи кӯдакон садҳо кӯдак аз хонаводаҳои камбизоат ва маъюбро ба тамошои сирк бурд. Адибаи 11-сола низ аз ҷумлаи ин кӯдакон буд.

Адиба бо он ки 11 сол дорад, барои аввалин бор ба тамошои сирк омад. Адиба ва хоҳараш Сайёҳат рӯзи ҷумъа аз ҷумлаи 2 ҳазор кӯдакони камбизоат буданд, ки барояшон шароите фароҳам оварда шуд, ки дар Рӯзи кӯдакон аз барномаҳои ҷолиби сиркӣ, ҳаловат бибаранд.

Адиба мегӯяд, "аввалин бор ба сирк омадам, ба ман хеле маъқул шуд. Аз он, ки шароит надоштам, наметавонистам то ин замон ба сирк оям. Дар мактаби 13-и деҳаи Меҳрбахши ноҳияи Ваҳдат мехонам."

Барои Адиба ва ҳазорҳо кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва маъюб, ин рӯзи хурсандиро созмони "Ҳамсояҳои нек" хадя кард. Ташаббускорони ин иқдомро маҳз такдири кӯдакони мисли Адиба, ки аз тангдастии волидон наметавонанд орзуҳои кӯдакии худро бароварда кунанд, ба ин иқдом водор кардааст.

Рухшона Рамазонова, роҳбари яке лоиҳаҳои рушди ҷомеа дар Тоҷикистон мегӯяд, ки "дар ин ҷо кӯдаконеро ҷамъ овардаем, ки падару модарашон наметавонанд орзӯҳои онҳоро бароварда кунанд. Кӯдакон орзуи тамошои сиркро доранд, вале на ҳамаи онхо метавонанд инҷо бошанд, аз ин хотир, мо ин гуна шароитро барояшон муҳайё кардем."

Адиба фарзанди дуюми падари маълул ва модари хонашин аст. То замоне, ки падараш солим буд ва ба Русия ба мухоҷират мерафт, зиндагии хонаводаи Адиба беҳтар буд. Холо ин хонавода бо кӯмаки хешону наздикони худ рӯзгорашонро пеш мебаранд. Падару модари Адиба бо шарм мегӯянд, ки тавони баровардани ҳамаи орзуҳои фарзандонашонро надоранд.

"Ҳамсояҳои нек" садҳо кӯдаки камбизоатро ба тамошои сирк бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Зебунисо Юнусова, модари Адиба мегӯяд, ки "аз он шароити хуб надорем, наметавонистем онҳоро барои тамошои сирк барем. Шавҳарам маълул аст ва наметавонад кор кунад. Ягона коре, ки мо метавонем барои кӯдаконамон анҷом дихем, ин аст, ки барои хонданашон кӯмак кунем."

Модари Адиба дар идома гуфт, ки "вазифаи аввалини инҳо хондан аст, агар инхо нағз хонанд, мо кӯмакашон мекунем. Агар имконият дошта бошам, орзуҳояшонро амалӣ мекунам, вале аз дастам наояд, ба онҳо рӯирост мегӯям, ки наметавонам хостаҳояшонро амалӣ кунам."

Бо вуҷуди тангдастӣ ва бо он, ки Адиба ва хоҳаронаш мисли бархе аз дигар ҳамсабақони худ наметавонад либоси дилхоҳи худро бипӯшад, ӯ талош дорад то хуб бихонад ва бо як хушбинӣ ба оянда дар кори хона ба модараш кӯмак мекунад. Адиба мегӯяд, ки "ман орзу дорам, ки дар оянда дӯзанда шавам. Мехоҳам, ки мошинаи дарздӯзӣ дошта бошам."

Бино ба оморҳо, сеяки хонаводаҳои Тоҷикистон дар зери хати фақр ба сар мебаранд. Дар ин хонаводаҳои фақир, бино ба ҳисобҳо беш аз 1 миллион кӯдак зиндагӣ мекунанд. Як миллион кӯдаке, ки бо далели дасти танги волидон наметавонанд ҳамаи орзуҳои ширини давроин тифлиашонро амалӣ гардонанд.

Аммо бо ин хама ин атфол ҳам мисли Адиба дар дили кӯчаки худ орзуҳои зиёде доранд ва ба фардо бо чашмони пурумед менигаранд.

XS
SM
MD
LG