Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон Молдивро боз шикаст дод


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар дастаи мунтахаби Молдив бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ин бозии гурӯҳи «А» 14-уми октябр дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, доир гардид.

Дар дақиқаи чоруми бозӣ нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонда натавонист, онро даврозабони молдивиҳо Муҳаммад Файсал баргардонд. Ба зудӣ ба тӯб ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров соҳиб шуда, дарвозабони мизбононро маҷбур сохт, ки онро аз тӯри дарвозааш бигирад. Голи дуюми меҳмононро ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 34-ум аз масофаи наздик ба самар расонд. Голи сеюмро низ дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 77-ум, боз ҳам Шервонӣ Мабатшоев ба дарвозаи мизбонон ворид кард.

Дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуда буд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буданд. Голҳоро Шаҳром Самиев ва Шервонӣ Мабатшоев дар нимаи аввали дидор заданд.

Ин дуюмин пирӯзии тими миллии Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович, мутахассиси сербиягӣ, ба шумор меравад.

Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “А” 14-уми октябр тими миллии Филиппин дар майдони худ дастаи мунтахаби Тимори Шарқиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ҷоао Рангел, бозигари меҳмонон, дар охири нимаи аввал (45+1) ҳисобро боз кард. Дар ибтидои нимаи дуюми дидор (дақиқаи 46-ум) Ҷефферсон Табинас ҳисобро баробар намуд. Голи дуюми мизбононро беҳтарин нишонзан Бйорн

Кристенсен (дақиқаи 70-ум) ба ҳадаф расонд. Голи сеюми филиппиниҳо ба Ҷавйер Гаёсо (90+1) марбут аст.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 10-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.

Дар даври панҷуми мусобиқот 18-уми ноябр Тоҷикистон дар шаҳри Дарвини Австралия бо Тимори Шарқӣ ва Молдив бо дастаи меҳмон – Филиппин - бозӣ хоҳанд кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳаннонов, 3

25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.

Филиппин – Молдив - 4:1

Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бйорн Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)

Даври дуюм

Филиппин – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).

10-уми июн. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити. 10 854 тамошобин.

Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0

Гол: Ҷоао Педро, 45

Даври сеюм

Тимори Шарқӣ – Филиппин – 1:4

Голҳо: Гали Фрейтас, 47 (1:0), Бйорн Кристенсен, 15 (1:1). Бйорн Кристенсен, 31 (1:2). Бйорн Кристенсен, 49 (1:3). Бйорн Кристенсен, 56 (1:4).

9-уми октябр. Дарвин (Австралия). Territori Rugby League Stadium

Тоҷикистон – Молдив – 2:0

Голҳо: Шаҳром Самиев, 8 (1:0), Шервонӣ Мабатшоев, 30 (2:0)

9-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5250 тамошобин.

Даври чорум

Молдив – Тоҷикистон – 0:3

Гол: Манучеҳр Сафаров, 4 (0:1), Шервонӣ Мабатшоев, 34 (0:2), Шервонӣ Мабатшоев, 77 (0:3)

Аз пеналти тӯбро ба нишон нарасонд: Парвизҷон Умарбоев, 4 – тӯбро дарвозабон баргардонд.


Тоҷикистон: Олег Баклов, Зоир Ҷӯрабоев, Содиқҷон Қурбонов, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Эҳсон Бобоев, 70), Далер Имомназаров (Табрез Исломов, 46), Шервонӣ Мабатшоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 86), Парвизҷон Умарбоев (Алишер Шукуров, 56), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров (Мӯсо Қаҳҳоров, 70).


14-уми октябр. Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, 3120 тамошобин.

Филиппин – Тимори Шарқӣ – 3:1

Гол: Ҷоао Рангел, 45+1 (0:1), Ҷефферсон Табинас, 46 (1:1), Бйорн Кристенсен, 70 (2:1), Ҷавйер Гаёсо, 90+1 (3:1)

14-уми октябр. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И

1 Филиппин 4 3 1 0 13-5 10

2 Тоҷикистон 4 3 1 0 8-2 10

3 Тимори Шарқӣ 4 1 0 3 3-8 3

4 Молдив 4 0 0 4 1-10 0


Даври панҷум

18-уми ноябр (сешанбе)

11:30 (бо вақти Душанбе) - Тимори Шарқӣ – Тоҷикистон

Дарвин (Австралия). Territory Rugby League Stadium

15:30 (бо вақти Душанбе) – Молдив – Филиппин

Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG