Як марди мусаллаҳ шоми шанбеи 23-юми май дар наздикии Кохи Сафед дар Вашингтон тирпарронӣ кардааст. Маъмурони хадамоти махсуси Амрико ин мардро парронданд ва ӯ дар роҳ ба бемористон даргузашт.
Мақомҳои амрикоӣ гуфтанд, дар ҷараёни ин даргирӣ як раҳгузар низ ҳадафи тир қарор гирифт ва захмӣ шудааст, аммо ҷузъиёте дар бораи вазъияти ӯ нашр нашуд. Дар ин ҳодиса ягон маъмури қудратии ИМА осеб надидааст.
Антонӣ Гулиелмӣ, як масъули хадамоти махсуси Амрико гуфт, ҳодиса дар наздикии истгоҳи бозрасии амниятии хиёбони 17-ум ва дар хиёбони Пенсилвания рух дод.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми сар задани тирпарронӣ дар Кохи Сафед ҳузур дошт ва ин ҳодиса хатаре барои ӯ дар пай надоштааст.
Трамп аз хадамоти махсуси Амрико ва нерӯҳои интизомӣ барои "иқдоми фаврӣ ва касбӣ" дар баробари фарди мусаллаҳ ташаккур кард.
Чанд расонаи амрикоӣ навиштанд, фарди ҳамлавар Носир Баст, сокини 21-солаи аёлати Меэриленд буд. Бар асоси гузориши расонаҳо, ин мард дар гузашта мушкили равонӣ ва ҳамчунин бархӯрдҳое бо нерӯҳои амниятии Кохи Сафед доштааст.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гузориш дод, ки ӯ соли 2025 низ ба далели талош барои вуруд ба як истгоҳи бозрасии дигари Кохи Сафед боздошт шуда буд.
Пас аз тирпарронӣ, нерӯҳои пулис ва амниятӣ минтақаи атрофи Кохи Сафедро бастанд ва нерӯҳои Горди Миллӣ низ монеъи вуруди хабарнигорон ба бахшҳое аз маркази шаҳри Вашингтон шуданд.
Як сайёҳи канадагӣ ба хабаргузории Фаронса гуфт, садои 20 то 25 шилликро шунид.
Навор аз ҷойи ҳодисаро инҷо тамошо кунед:
Хабарнигороне, ки ҳангоми тирпарронӣ дар майдони Кохи Сафед буданд, гуфтаанд, маъмурон аз онҳо хостанд фавран ба утоқи нишасти хабарӣ паноҳ баранд. Селина Вонг, хабарнигори шабакаи ABC, ки ҳангоми тирпарронӣ дар ҳоли сабти видео буд, дар шабакаи иҷтимоии X навишт, садои "даҳҳо шиллик"-ро шунидааст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Доналд Трамп дар моҳҳои ахир ҳадафи чанд таҳдиди амниятӣ ва талоши сӯиқасд будааст. Аз ҷумла моҳи апрел, фарде мусаллаҳ ба як истгоҳи бозрасии амниятӣ дар меҳмонхонае, ки Трамп дар он дар маросими расонаӣ ҳузур дошт, ҳамла кард, аммо натавонист ба раиси ҷумҳур ё меҳмонон наздик шавад.
Дар корзори интихоботии соли 2024 низ тирпарронӣ дар гирдиҳамоии Трамп дар аёлати Пенсилвания, ба кушта шудани як нафар аз ҳозирон ва захмӣ шудани гӯши Трамп анҷомид.