Мақомоти интизомии Эрон мегӯянд, ки Бобак Занҷонӣ, миллиардери эрониро, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузории зиёд кардааст, боздошт карданд. Ғуломҳусайн Мӯҳсин Эжеӣ, додситони кулли Эрон гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ зӯҳри душанбе дастгир шуд. Эжеӣ асри душанбе ба хабаргузории ИРНO гуфтааст, ки миллиардери эронӣ дар робита ба парвандаҳои иқтисодӣ, ки додситонӣ баррасӣ мекард, дастгир шудааст. Бино ба гузориши хабаргузории Меҳр, иттиҳомот ба изҳороти намояндаи порлумони Эрон, ки ӯро ба муомилоти ғайриқонунӣ бо вазорати нафт, Бонки Миллӣ ва сохтакории аснод муттаҳам мекунад, иртибот дорад.
Пештар аз ин Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ба вазорати нафти Эрон 2 миллиард доллар нафиристода ва бо Бобаки Занҷонӣ муомилоте ҳам надоштааст. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бонк бо иддаои парлумони Эрон дар мавриди тақаллубкориҳои Бобаки Занҷонӣ мувофиқ аст ва бар пояи тавсияи Вазорати молияи Амрико ҳанӯз дар ибтидои соли равон аз бонкҳои Тоҷикистон даъват карда буд, ки бо «Kont Investment bank», бонки собиқ марбут ба Бобаки Занҷонӣ ҳамкорӣ накунанд.
Сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: «То замоне, ки таҳримот аз болои бонки мазкур бардошта нашавад, бонкҳои Тоҷикистон бо «Kont Investment bank» ҳамкорӣ нахоҳанд кард.»
Ҳарчанд Бонки миллии Эрон таъйид кардааст, ки Бобаки Занҷонӣ ҳудуди 2 миллиард доллар қарзашро ба вазорати нафт пардохт кардааст, буҳрони ахири сиёсӣ дар Туркия, ки истеъфои ҳудуди 10 узви ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро дар пай дошт, исми ӯро боз расонаӣ кард. Бобаки Занҷонӣ дар ҳамдастӣ бо тоҷирони тило ва афроди баландпояи турк, ки барои фасодкорӣ боздошт шудаанд, муттаҳам шудааст. Аммо ӯ дар посух ба парлумони Эрон ва ҳам мақомоти Туркия тариқи расонаҳо гуфтааст, ки коре хилофи қонун накарда ва ҳамаи тиҷоратҳояшро қонуниянд. Бино бар хабарҳо, вай ҳамчунин ба ҳукумати Эрон санаде пешниҳод кардааст, ки бар пояи он гӯё тавассути Бонки миллии Тоҷикистон 2 миллиарду 60 миллион доллари бадастомада аз фурӯши нафти Эронро ба Ҷумҳурии исломӣ интиқол додааст.
Рӯ задани номи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин моҷаро бесабаб нест. Бобаки Занҷонӣ тайи 10 соли ахир ба яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ӯро асосгузори «Конт – групп – Тоҷикистон» ҳолдинги густардае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири Asian Express Terminal , «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», Asian Express Airline ва «Конт – сохтмон» - ро идора мекунад. Ҳамчунин «Kont Investment bank» - ро низ ба ӯ рабт медиҳанд. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ. Asian Express Airline ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати ширкатҳое қарор доранд, ки аз сӯи Амрикову Аврупо таҳрим шудаанд.
Бино ба маълумоти «Конт – групп – Тоҷикистон», ин ҳолдинг то моҳи сентябри соли 2013 наздик ба 1 миллиард сомонӣ, муодили беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузошта, аз ҳисоби тарҳҳояш 24 миллион сомонӣ андозу молиёт пардохт кардааст.
Далер Мерганов, сухангӯи «Конт – групп – Тоҷикистон» зимни як суҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, тарҳҳои ширкат бо муваффақият анҷом мешаванду идома доранд: «Танҳо барои таҷдиди терминали Душанбе 200 миллион сомонӣ харҷ кардем. «Конт – групп – Тоҷикистон» бузургтарин гиппермаркет дар Осиёи Марказиро ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ дар Душанбе месозад, ки ҳудуди 3 ҳазор нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳад кард. Дар кул, сиёсати ҳолдинг рушди соҳаҳои кишоварзиву бонкдорӣ ва боло бурдани сатҳи иҷтимоии ҷомиаи Тоҷикистон аст.»
Аммо дар ҳоле, ки «абрҳои сиёҳ» сари соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ рӯз ба рӯз тиратар мешаванд ва ба назар мерасад, дар Эрон таърифи дигаре аз фаъолиятҳои ӯ доранд, иддае аз огаҳони ҳол дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ бо ӯ хатарзост. Ин ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, фаъолияти ношаффофи Занҷонӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози тактикӣ, яъне ин ки ширкатҳояш андозу молиёт пардохт мекунанд, зоҳиран дуруст аст, аммо аз нигоҳи стратегӣ, метавонад «қаҳр»-и Амрикову Ғарбро орад ва онҳо тариқи Бонки ҷаҳониву Сандуқи байналмилалии асъор «адаб»-и «дӯсти душман»-ашон – Тоҷикистонро диҳанд ва ин ниҳодҳои молӣ ба далели ҳамкориаш бо Занҷонӣ метавонанд ба Душанбе пул надиҳанд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, Эрон аз ҳисоби нафт ва дороиҳои дигараш метавонад алайҳи таҳримҳо истодагарӣ кунад, аммо захираҳои арзии Тоҷикистон ҳамагӣ ба воридоти 3-моҳа мерасад.
Навори ифтитоҳи иншооте, ки бо сармоягузории Бобак Занҷонӣ дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Аммо Саидраҳмон Назриев, муовини вазири иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ ҷанбаи манфиеро дар сармоягузориҳои Бобаки Занҷонӣ ошкор накардаанд: «Он иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ дар Туркия эълон кардаанд, ҳанӯз ҳадсу гумонанд собит нашудаанд. Тоҷикистон аз сармоягузории хориҷӣ истиқбол мекунад, танҳо тақозои мо ин аст, ки манбаи ин сармоя шаффоф бошад.»
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, фаъолиятҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон кайҳо аз доираи ширкатҳое, ки расман эълон шудаанд, берун рафтааст. Гуфта мешавад, сармоядори эронӣ шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт карда, ҳамкории ӯ бо «Талко» ҳам муассир будааст. «Талко» дар як посухи катбӣ гуфт, қабл аз таҳримҳои Амрико ва Ғарб ин ширкат бо «Иралко» - и Эрон шартномае дошт, ки то ҳол амал мекунад. Тибқи ин санад, ширкати эронӣ аз «Талко» ба маблағи 10 миллион доллар, ки тариқи бонки малайзиявии Занҷонӣ пардохт шуда буд, бояд анод мегирифт, аммо нисфи шартнома ба иҷро расида, «Талко» мунтазир аст, то таҳримҳои зидди бонки Занҷонӣ ва «Иралко» лағв шаванд ва ширкат бақияи шартҳоро ҳам иҷро кунад.