Ҳукумати Тоҷикистон дар талоше барои боло бурдани мақоми омӯзгор ва ҳалли мушкилоти мактабҳои муҳтоҷи муаллим тарҳи қонунеро барои баррасӣ ба порлумон фиристодааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 31-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, дар ҷаласаи ҳукумат, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, тарҳи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” маъқул дониста ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.
Дар баёния омадааст, ҳадаф аз таҳияи ин қонун, “баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва фаъолият барои омӯзгорон ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар баҳри онҳо мебошад.” Чанд рӯз пештар аз дар нишасти хабарие дар вазорати маорифи Тоҷикистон, иқрор шуданд, ки ҳанӯз ҳам дар мактабу муассисаҳои таълимии кишвар тақрибан 4 ҳазор муаллим намерасад.
Соли 2022 худи мақомот эътироф карда буданд, ки як лашкари азиме аз омӯзгорони тоҷик ва ё тақрибан 15 ҳазор нафар аз онҳо, ки бояд фарзандони мардум дарсу дониш бидиҳанд, касби худро гузошта, ё паси кори дигар ва ё ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.
Бино ба гузоришҳо, дар қонуни нав аз ҷумла гуфта шудааст, ки омӯзгорон набояд ба фаъолияти ғайрикасбӣ, масалан, поккории қаламрави мактаб, корҳои кишоварзӣ ва ғайра ҷалб шаванд. Аз ҷумла дахолати дигарон ба раванди таълим мамнуъ мешавад ва ба навиштаи хабаргузории “Азия Плюс” ҳатто вазири маориф бидуни иҷозаи омӯзгор наметавонад ба синф ворид шавад.
Шикоят аз вазъи бади маорифи Тоҷикистон, музди кам дар соҳа, беқадрии муаллим, бадрафторӣ бо омӯзгор дар мактаб солҳо боз идома дошт. Айни замон музди миёнаи як муаллим дар Тоҷикистон бештар аз 1600 сомонӣ ва ё тақрибан 150 доллар аст, ки музди бисёр кам ба ҳисоб меравад. Бино ба иттилои расмӣ, дар мактабҳо бештар аз 130 ҳазор омӯзгор кор мекунанд ва аксарияти онҳо, яъне бештар 86 ҳазор нафари онҳо занон ҳастанд.
Яке аз корбарони Инстаграм, ки зоҳиран муаллим аст, зери як мақола дар бораи маоши муаллим ва қадри он дар ҷомеа навиштааст: “Ман ду диплом дорам, 5 сол омӯзгор кор кардам, саг қадр дорад, омӯзгор не. Ягон кафолати ҳуқуқӣ надорем, ҳар ҳафта 10-14 соати мо дар пеши даромадгоҳ дар навбатдорӣ мегузарад, соати холиро диданд, ба чорабиниҳои бемаънӣ маҷбур мефиристанд, ки аз он як фоида нест. Ду моҳи истироҳат, ба ҷойи истироҳат маршировка мефиристанд дар офтоби сӯзон. Бепул. Барои ҳамин тарки омӯзгорӣ кардем.”
Зоҳиран тарҳи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” дар Тоҷикистон моҳи сентябр баъди бозгашти вакилони Маҷлиси намояндагон аз таътил ба кор баррасӣ мешавад.