Ба иттилои “Afghanistan International”, “Толибон”, ки аз соли 2021 идораи Афғонистонро дар даст дорад, ба ноҳия ё вулусволиҳои Зебок ва Яфтали поён неруҳои иловагӣ ирсол кардааст. “Толибон” дар ин ду ноҳия дидбонгоҳҳои нав ташкил ва чораҳои амниятиро пурзур кардаву тафтишҳои шабонаро ба роҳ мондаанд.
Сабаби интиқоли неруи иловагӣ ба ноҳияҳои мазкур ҳамлаи “Ҷабҳаи озодии Афғонистон” будааст, ки 17 июл сурат гирифт. Неруҳои ҷабҳаи мазкур маркази маъмурии ноҳияи Яфтали поёнро ғасб ва неруҳои толибонро бесилоҳ карданд ва парчами худро боло бурданд. Ҳамагӣ чанд соат баъд “Толибон” дубора ноҳияи мазкурро таҳти назорат даровард.
Дар рӯзҳои гузашта манобеи наздик ба “Толибон” навореро пахш карданд, ки дар он сардори ситоди ҳаракати “Толибон” Фасеҳуддин Фитрат аз “маҳв” кардани неруҳои мухолифи мусаллаҳ дар марз бо Покистон хабар медиҳад.
Ба иттилои “Afghanistan International”, ахиран дидбонгоҳи “Толибон” дар вилояти Файзободи он кишвар мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст. Масъулияти ин ҳамларо то кунун ҳеч гуруҳе напазируфтааст.
Даргириҳои ахир дар вулусволии Зебоки Бадахшон нахустин даргирии рӯ дар рӯ миёни мухолифон ва нерӯҳои Толибон дар панҷ соли ахир ба шумор меравад.
Ин рӯйдодҳо дақиқан дар остонаи панҷсолагии ба қудрат баргаштани Толибон рух медиҳанд. То ҳудуди се ҳафтаи дигар, дар 15 август, ҳокимияти Толибон дар Афғонистон панҷсола хоҳад шуд.
Дар ин панҷ сол ҳеч кишваре ба ҷуз Русия ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохта, аммо бархе кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дипломатҳои онҳоро ба сафоратхонаҳои Афғонистон дар ин кишварҳо пазируфтаанд.
Ҳукумати Толибон барои нақзи ҳуқуқи занон, манъи духтарон аз таҳсил, шарик накардани ақвоми дигар дар ҳукумат, маҳдуд кардани озодии матбуот ва расонаҳо, интиқод мешавад.
Толибон мегӯянд, ки амнияти сартосариро дар Афғонистон таъмин кардаанд. Аммо бо оғози даргириҳои пароканда дар минтақаҳои гуногуни Бадахшон, ба назар меравад, ки ҳукумати Толибон ҳамакнун бо чолишҳои амниятӣ рӯбарӯ шудааст.