Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, дар ҳамлаҳои Покистон "9 кӯдак ва як зан кушта шуданд"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Толибон гуфтааст, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоии артиши Покистон ба вилоятҳои Хуст, Кунар ва Пактиёи Афғонистон, чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар сафҳаи Х-и худ навиштааст, ки соати 12-и шаби гузашта ҳавопаймоҳои Покистон ба минтақаи Гурез дар вилояти Хуст ҳамла карданд, ки бар сари он 9 кӯдак ва як зан кушта шудаанд.

Сухангӯи Толибон ҳамчунин афзудааст, ки артиши Покистон дар Кунар ва Пактиё низ бархе минтақаҳоро бамборон кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Кунар ва Пактиё бар асари ин ҳамлаҳо дастикам чор ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.

Артиши Покистон то ҳанӯз дар мавриди ин ҳамлаҳо чизе нагуфтааст.

Аммо вазири иттилооти Балучистони Покистон Ҷон Ачакзай дар сафҳаи Х-и худ навиштааст, ки ҷангандаҳои покистонӣ дар фазои минтақаи Бармили Пактиё дар гардиш мебошанд ва аз онҷо садои таркишҳо ба гӯш мерасад. Ҷойе, ки ба гуфтаи ӯ паноҳгоҳҳои амн барои "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ ва Таҳрики Толибони Покистон аст.

Ҷон Ачакзай афзудааст, ки ин ҳамлаҳо ба Афғонистон дар интиқом ба ҳамлаи дирӯз ба нерӯҳои пулиси марзӣ дар Пешовар, сурат гирифтааст.

Рӯзи 24 ноябр дар ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона бар қароргоҳи марказии нерӯҳои пулиси марзӣ дар Пешовар, дастикам се низомии покистонӣ кушта шуда, шумори дигаре захм бардоштанд.

Қабл аз ин, рӯзи 11 октябр дар рӯбарӯи як додгоҳ дар Исломобод ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифт, ки дар он 12 нафар кушта ва 27 кас захмӣ шуданд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки ин ҳамла аз сӯи як шаҳрванди Афғонистон сурат гирифт ва дар вақти ҳамла ӯ аз Афғонистон раҳнамоӣ мешуд.

Ба гуфтаи Исломобод, Таҳрики Толибони Покистон дар Афғонистон паноҳгоҳҳои амн дорад ва бо гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар аз он ҷо ҳамлаҳои худро дар дохили Покистон танзим ва амалӣ мекунад.

Ҳукумати Толибон ин иттиҳомотро рад карда ва мегӯяд, ки иҷозат намедиҳад хоки Афғонистон бар алайҳи кишварҳои дигар истифода шавад.

Покистон дар ҳоле дигарбора ҳамлаҳо бар Афғонистонро оғоз кардааст, ки музокироти ин кишвар бо мақомоти ҳукумати Толибон дар Истанбул дар мавриди оташбас ба натиҷа нарасид, ҳарчанд оташбаси қаблӣ побарҷо аст. Қабл аз ин, бархӯрдҳое байни марзбонони Толибон ва Покистон сурат гирифта буд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки дар ҳамлаҳои Покистон дар моҳи октябр ба Афғонистон, дастикам 50 ғайринизомии афғон кушта ва 450 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG