Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед Ҳикоятов: “Пулис ба узви мардонаам зад ва ҳаётамро сӯзонд” ВИДЕО


Умед Ҳикоятов

Як сокини Душанбе иддао кард, ки дар натиҷаи латту кӯби як маъмури милиса узви таносулаш осеби ҷиддӣ дидааст ва чаҳор рӯз боз дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ" бистарист.

Дар идора нозири минтақавӣ гуфт, ки хез, пойҳоятро паҳн кун. Пурсид: "ман кӣ ҳастам?". Посух додам, ки "началник". Гуфт, ки "апа дорӣ?". Гуфтам "ҳа". Гуфт, "маро язна гӯй". Боз гуфт, ки "ота дорӣ?", гуфтам, ки "не, аз дунё гузаштааст". Гуфт, ки "маро ота бигӯ".
Аз нақли Умед Ҳикоятов

Умед Ҳикоятови 38-сола рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурда шудааст. "Кормандони милиса ҳаётамро сӯзонданд", - гуфт ӯ рӯзи 3-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳоле ки Ҳикоятов ду нозири минтақавиро дар шиканҷа айбдор мекунад, мақомоти милисаи пойтахт ҳодисаро расман шарҳ намедиҳанд.

Ҳодиса аз нақли Умед Ҳикоятов

Умед Ҳикоятов чаҳор рӯз боз дар бахши урологияи бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе зери назорати пизишкон аст. Ӯ ҳодисаро чунин нақл кард:

  • "Субҳи 31-уми март аз лаби дарёи Душанбе мегузаштам ва зарурати қазои ҳоҷат пеш омад. Чун дар соҳил ҳоҷатхона набуд, маҷбур шудам, дар кунҷи роҳ пешоб кунам. Ҳамон вақт ду нозири милиса маро дастгир карда, гуфтанд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардӣ ва ба идораи нозири минтақавӣ бурданд."

Идораи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар наздикиҳои маҳаллаи 46-ум ҷойгир аст. Умед Ҳикоятов гуфт, ки номи пурраи ходимони милисаро дар ёд надорад, вале ҳаминро медонад, ки яке аз онҳо Зубайд ном дошт. Ӯ дар шарҳи ҳодиса гуфт:

  • "Яке аз онҳо маро зад. Гуфт, ки хез, пойҳоятро паҳн кун. Пурсид: "ман кӣ ҳастам?". Посух додам, ки "началник". Гуфт, ки "апа дорӣ?". Гуфтам "ҳа". Гуфт, "маро язна гӯй" ва зад. Боз гуфт, ки "ота дорӣ?", гуфтам, ки "не, аз дунё гузаштааст". Гуфт, ки "маро ота бигӯ". Отааш гуфтам, боз маро зад. Маъюбам карданд, узви таносуламро бароварданд. Дар болои сарам китоб монда мезад, то осораш намонад. Дар замин хобида будам ва маро мезад."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Ҷавони тоҷик мегӯяд, “маро мисли буқа ахта карданд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Умед Ҳикоятов мегӯяд, ҳодиса баъди соати 9-и субҳи 31-уми март рух дод ва ӯ дар ҳолате боздошт шуд, ки оби ҷав нӯшида буд. Ба қавли Ҳикоятов, баъди латту кӯб шудан дар идораи нозири минтақавӣ ӯро ба шуъбаи наркологӣ ва баъди он ба ҳушёрхона бурдаанд. Дар ҳушёрхона, ба гуфтаи Ҳикоятов, ӯ дигар аз ҷояш хеста натавонист, чун олоти мардиаш пурра варам карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони ҳушёрхона мошини ёрии таъҷилиро даъват карда Ҳикоятовро дар ихтиёри табибон гузоштанд.

Полис: “Ӯ як бадмаст аст”

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қазияро расман шарҳ надоданд. Вале як ҳамсуҳбати мо дар идораи пулиси шаҳри Душанбе тасдиқ кард, ки Умед Ҳикоятов рӯзи 31-уми март дар ҳолати мастӣ ба шуъбаи наркологӣ бурда шудааст. Ӯ шиканҷа шудани Ҳикоятовро аз сӯи пулис рад кард ва баръакс ӯро ба мастӣ айбдор намуд. "Дар ҳолати мастӣ ба маъмурони милиса итоат накарда, дар ҳаққи онҳо бадгӯӣ кардааст", - афзуд ӯ.

Феълан вокуниши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ин қазия дастрас нест.​

Гузориши тиббӣ мегӯяд…

Дар ҳамин ҳол, табибони бемористони "Ёрии таъҷилӣ" дар гузоришҳои худ навиштаанд, ки Умед Ҳикоятов соати 13:25-и рӯзи 31-уми март аз ҳушёрхонаи, воқеъ дар кӯчаи Шевченко 113, дар ҳолати мастӣ оварда шуд.

Пизишкони "Ёрии таъҷилӣ" навиштаанд, "ҳангоми муоина варам ва сиёҳшавии пӯсти моядон ба назар мерасад. Моядон ҳаҷман калон, ранги пӯст сиёҳчатоб, чинҳояш ҳамвор".

Бо тасмими табибон шоми ҳамон рӯз амалиёти ҷарроҳии фаврӣ гузаронда шуд ва дар натиҷаи он, мушаххас шудааст, ки "тухми рост кафида, миқдори 300 мл лахтаи хун хориҷ гашт. Тамоми бофтаҳои тухм маҷақшуда ва хунравии шадид ба назар мерасад. Аз ҳамин сабаб барқарор кардани тухм ноилоҷ буд".

Дар гузориши гурӯҳи табибон гуфта мешавад, ки "аз сабаби хатар доштан ба ҳаёти бемор ва кафидани тухмро ба назар гирифта, орхиэктомия (амалиёти буридани тухм) гузаронида шуд". Дар гузориши табибон гуфта мешавад, ки аз тарафи чап "тухм ва изофаи моя бе тағйироти патологӣ ба назар мерасад".

Рӯзи баъди амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати бемор "вазнини миёна" гузориш шудааст.

“Зубайд ба хабаргирӣ омад”

Умед Ҳикоятов оиладор ва соҳиби як духтар аст. Ҳикоятов мегӯяд, ходимони милиса "ҳаёташро сӯзонданд" ва бояд барои ин амалашон посух диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, давоми се рӯзи дар беморхона будан, кормандони милиса, аз ҷумла Зубайд ном нозири минтақавӣ ба хабаргириаш омада, дору овардаанд. Ба гуфтаи Ҳикоятов, чанд корманди милиса аз ӯ ва наздиконаш хостаанд, ки аз рӯи онҳо шикоят набаранд ва онҳо табобати Умедро пурра ба дӯш мегиранд.

Феълан санҷидани дурустии тамоми ҷузъиёти марбут ба шиканҷа шудани Умед Ҳикоятов дар идораи нозири минтақавӣ имкон надорад ва мақомоти раёсати корҳои дохилии Душанбе низ омода нестанд, ки қазияро шарҳ бидиҳанд.

Вале бори аввал нест, ки кормандони пулиси Душанбе ба шиканҷаи боздоштшудаҳо айбдор мешаванд. Моҳи феврали имсол додситонӣ ба зидди чаҳор афсари Раёсати корҳои дохилии Душанбе барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ин афрод бо шумули муовини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба шиканҷаи як сокини пойтахт ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ шиканҷа ва бадрафториро аз мушкилиҳои аслӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон медонанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд.

Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Шарҳҳоро бинед (52)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG