Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар суханронияш дар Конгресс гуфт, "асри тилоӣ"-и Иёлоти Муттаҳида оғоз шудааст ва афзуд, ки "душманони мо аз мо метарсанд ва... Амрико қавитар аз ҳар вақти дигар аст". Паёми солонаи Трамп шоми 24-уми феврал ба вақти Вашингтон ва субҳи 25-уми феврал ба вақти Душанбе садо дод.
Ӯ гуфт: "Имрӯз марзҳои мо амн аст. Рӯҳияи мо дубора ҷон гирифтааст. Таваррум ба шиддат рӯ ба коҳиш аст, даромадҳои мо бо суръат боло меравад, иқтисод дар ҳоли ҷунбуҷӯш аст, душманонамон метарсанд, артиш ва пулиси мо дар авҷи омодагӣ ҳастанд ва Амрико дубора муҳтарам шумурда мешавад, шояд беш аз ҳар вақти дигар."
Раисҷумҳури Амрико аз вуруди шумораи зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишвараш дар давраҳои пешин интиқод карда, гуфт, баъди бозгашти ӯ ба Кохи Сафед ин раванд поин ёфтааст. Вай афзуд, "мо ҳамеша иҷоза хоҳем дод, то афроде, ки ошиқи Амрико ҳастанд ва сахт кор мекунанд, ба Амрико муҳоҷират кунанд".
Сиёсатҳои президент Доналд Трамп дар мавриди мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба мушкил печидааст. Пас аз онки кормандони Вазорати амнияти дохилӣ зимни амалиёт барои боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Миннеаполис ду шаҳрванди Амрикоро куштанд, Конгресс маблағгузориро ба ин ниҳод тасдиқ накард.
Доналд Трамп ҳамчунин аз дастовардҳои иқтисодии худ дар самтҳои коҳиши нархи хӯрок, сӯзишворӣ ва доруву хона ситоиш кард. Ин дар ҳолест, ки назарасанҷиҳо коҳиши маҳбубияти Трампро нишон медиҳанд ва амрикоиҳо дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи ноябр аз болоравии нархҳо ранҷ мекашанд.
Трамп ҳамчунин Венесуэларо "дӯст ва шарики нав"-и Иёлоти Муттаҳида номида гуфт, Амрико дар давраи ахир аз Венесуэла "беш аз 80 миллион бушка нафт" дарёфт кардааст. Николас Мадуро, президенти собиқи Венесуэла, шаби 3-юми январ ҳамроҳи ҳамсараш дар натиҷаи як амалиёте бо амри президенти ИМА дастгир ва ба боздоштгоҳи Амрико интиқол дода шуд.
Президент Трамп дар бахше аз суханронии солонаи худ гуфт, "мо хеле сахт талош дорем, то ҷанги Украина ва Русияро тамом кунем. Барномаи ҳастаии Эронро бо амалиёте нобуд кардем. Барои даҳсолаҳо сиёсати ИМА ин будааст, ки нагузорад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Сиёсати Эрон паҳн кардани терроризм, марг ва нафрат будааст. Онҳо ҳазорон амрикоиро бо минаҳои канорироҳӣ куштанд".
Трамп дар робита ба Эрон ҳамчунин гуфт, ки Теҳрон мехоҳад мушакҳое бисозад, ки Аврупоро таҳдид кунад ва баъд битавонад ба Амрико бирасад. Ба гуфтаи Трамп, агар Эрон ба ин роҳаш идома диҳад, "мо ҳама чизро маҳв мекунем".
Доналд Трамп дар идома гуфт, "мо мехоҳем бо онҳо музокира кунем ва мехоҳем ба созиш бирасем. Аммо бояд бидонанд, ҳаргиз наметавонанд силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд. Беҳтар мешуморам, ки ин масъала аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад, аммо ҳаргиз иҷозат нахоҳем дод пуштибони аслии терроризм ба силоҳҳои ҳастаӣ бирасад. Ҳеч кас набояд шак дошта бошад, ки мо қудрати азиме дорем".
Музокироти ғайримустақими ҳастаӣ миёни Амрико ва Эрон дар ҳафтаҳои пеш оғоз шуд ва қарор аст дар рӯзҳои оянда идома кунад.
Мақомҳои эронӣ гуфтаанд, дар ивази аз байн бурдани таҳримҳо танҳо дар бораи барномаи ҳастаӣ гуфтугӯ мекунанд. Ҳукумати Эрон пурра даст кашидан аз ғанисозии уран ва гуфтугӯро бар сари барномаи мушакӣ рад кардааст.