Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Эрон бо бастани дубораи тангаи Ҳурмуз наметавонад аз Амрико боҷгирӣ кунад.
Трамп дар ҷараёни як нишаст дар Қасри Сафед гуфт, гуфтугуҳо бисёр хуб пеш мераванд. Ӯ хитоб ба Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, ки онҳо каме ҳилагарӣ мекунанд, ҳамон тавре ки дар 47 соли гузашта ин корро мекарданд.
"Онҳо ҳеҷ раҳбар надоранд. Ҳеҷ чиз надоранд. Дар асл он ҷо тағйири низом аст, агар онро тағйири низоми таҳмилӣ номед. Аммо мо бо онҳо суҳбат мекунем. Онҳо боз мехостанд тангаи Ҳурмузро бубанданд, ҳамон тавре ки солҳо ин корро кардаанд, аммо наметавонанд аз мо боҷ бигиранд, наметавонанд моро таҳти фишор қарор диҳанд", - гуфт Трамп.
Бо идомаи муҳосираи дарёии Эрон аз сӯи Амрико, Сипоҳи посдорон ва Шӯрои олии амнияти миллии Эрон 18-уми апрел эълон карданд, ки тангаи Ҳурмуз дубора баста мешавад. Ин оброҳаи муҳим барои равуои киштиҳои тиҷорӣ ҷумъаи 17-уми апрел барои чанд соат боз шуда буд.
Бар асоси гузоришҳо, рӯзи шанбе нерӯҳои Сипоҳи посдорони Эрон дар ин танга ба сӯи ду киштӣ оташ кушодаанд. Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар баёнияе тасдиқ кард, ки ин киштиҳо бо парчами ин кишвар нафт интиқол медоданд.
Ҳинд дар вокуниш ба ин иқдом, сафири Эронро даъват карда, эътирози худро ба ӯ расондааст.
Викрам Мисрӣ, котиби Вазорати хориҷаи Ҳинд, аз сафири Эрон Муҳаммад Фатҳалӣ, хостааст, ки ҳарчи зудтар заминаи убури киштиҳои ин кишварро аз тангаи Ҳурмуз фароҳам кунад.
Идораи амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё низ гуфтааст, илова бар ин ду киштӣ, як киштии борбари дигар низ ҳадафи мушак қарор гирифтааст.
Дубора баста шудани тангаи Ҳурмуз, ки як оброҳаи муҳим барои интиқоли нафту гази дунё аст, вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт. Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, бар асоси қонуни байналмилалӣ, убур аз оброҳае мисли тангаи Ҳурмуз бояд "боз ва ройгон" боқӣ бимонад.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ дар вокуниш ба ҳарфҳои Каллас дар паёме навишт, пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба бовари ӯ қонуни байналмилалӣ "эътибори худро аз даст додааст".
Эрон дар охири моҳи феврал ва дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард.
Нигаронӣ аз оғози дубораи ҷанг
Зимнан бо наздик шудани поёни муҳлати оташбаси Амрико ва Эрон, нигарониҳо аз эҳтимоли дубора оғоз шудани ҷанг бештар шудааст. Рӯзи 18-уми апрел мақомҳои аршади давлати Иёлоти Муттаҳида дар Кохи Сафед гирди ҳам омаданд, то дар бораи ояндаи музокирот ва вазъияти тангаи Ҳурмуз тасмим гиранд.
Як мақоми аршади амрикоӣ ба расонаи Axios гуфтааст, агар пешрафте дар гуфтугӯҳои сулҳ ҳосил нашавад, эҳтимоли оғози даргириҳо дар чанд рӯзи оянда вуҷуд дорад.
Муҳлати оташбаси дуҳафтаинаи Амрико ва Эрон чоршанбеи 22-юми апрел ба анҷом мерасад. То ҳол замони баргузории даври дуюми музокироти намояндагони ду кишвар маълум нест. Даври аввали гуфтугӯҳо 12-уми апрел дар Исломобод, пойтахти Покистон бенатиҷа анҷом ёфта буд.
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва сарпарасти ҳайати музокиракунандаи Эрон бо Амрико гуфтааст, "мо беэътимодӣ доштем ва ин музокирот он беэътимодии моро ҳал накард".
Ба гуфтаи Қолибоф, Амрико ва Эрон то ҳалли ниҳоии баҳс фосилаи зиёд доранд.
"Мо пешрафт доштаем, аммо фосилаҳои мо ҳанӯз зиёд аст ва баъзе нуктаҳои асосӣ боқӣ мондааст. Ҳоло низ дар чанд мавзӯъ ихтилофи назар вуҷуд дорад; онҳо назарҳое дар мавзӯи ҳастаӣ ва тангаи Ҳурмуз доранд, вале мо бар мавқеъҳои худ истодаем", - , - афзуд раиси Маҷлиси Эрон.
Дар ҳамин ҳол рӯзномаи Wall Street Journal навиштааст, артиши Амрико дар ҳоли барномарезӣ барои таваққуфи нафткашҳои марбут ба Эрон дар обҳои байналмилалӣ аст. Иқдоме, ки ба гузориши ин рӯзнома, метавонад доманаи танишҳоро фаротар аз Ховари Миёна густариш диҳад.
Генерал Ден Кейн, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, рӯзи панҷшанбе гуфт, "Иёлоти Муттаҳида ба таври фаъол ҳар киштӣ бо парчами Эрон ё ҳар киштиеро, ки талош кунад пуштибонии моддӣ барои Эрон фароҳам кунад, пайгирӣ хоҳад кард".