Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, амалиёти зидди Эрон "ба зудӣ" поён хоҳад ёфт

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми март гуфт, амалиёти низомӣ алайҳи Эрон, ки охири моҳи феврал оғоз шуда буд, "ба зудӣ" поён хоҳад ёфт. Доналд Трамп ҳамзамон ваъда дод, ки агар Эрон монеи интиқоли нафт аз Ховари Миёна шавад, зарбаҳои "сахттар" ин кишварро интизор аст. Мақомоти Эрон гуфтанд, акнун поёни ҷанг ба дасти онҳост.

Ҳушдори Трамп пас аз он садо дод, ки дар бозори ҷаҳонӣ ноустуворӣ ба миён омад ва нархи нафт боло рафт. Нигарониҳо замоне бештар шуд, ки низомиёни Ҷумҳури Исломӣ атрофи Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари нави Эрон муттаҳид шуда, гуфтанд, ақибнишинӣ нахоҳанд кард.

Доналд Трамп гуфт, ҳамлаҳои ИМА аллакай нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии Эронро хароб карданд. Вай ба Эрон ҳушдори шадид дод, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз, роҳи бист дарсади нафти дунё боз бимонад.

"Мо онҷо киштиҳои зиёди низомӣ дорем. Беҳтарин таҷҳизоти дунёро барои ҷустуҷӯи минаҳо дорем. Бори дигар мегӯям, аксари киштиҳои онҳо дар қаъри баҳр ҳастанд, вале мо ба онҳо чунон сахт зарба хоҳем зад, ки онҳо ё ҳар каси дигаре, ки ба онҳо кумак мекунад, дигар ҳаргиз ин бахши ҷаҳонро барқарор карда натавонанд," – гуфт ӯ.

Видео дар инҷост:

Трамп гуфт, мумкин аст, ҷанг дар Эрон ба зудӣ тамом шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Дар посух, Сипоҳи посдорони Эрон гуфтааст, агар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил идома кунад, он иҷоза нахоҳад дод, ки “як литр нафт” берун шавад.

Расонаҳои давлатии Эрон нишон доданд, ки ҳазорон нафар бо ҳимоя аз раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ ба хиёбонҳо баромадаанд. Муҷтабо Хоманаӣ, писари Алии Хоманаӣ, раҳбари кушташудаи Эрон, ҷойгузини падараш шуд. Вай аз ҷониби низомиён ва шабакаҳои тиҷоратии шарики онҳо пуштибонӣ мешавад.

Дар ҳоле ки баъзе аз эрониҳо аз ин интихоб ситоиш карданд, дигарон нороҳатанд, ки умеде ба дигаргунӣ нахоҳанд монд. Трамп ҳам ба ин нигаронӣ ҳамроҳ шуд.

“Хуб, ман намехостам, ман чунин гуфтанӣ набудам, вале медонед, ноумед шудам, чунки мо фикр мекунем, ин танҳо боиси бештар шудани ҳамон мушкилоти қаблӣ барои кишвар мегардад. Бинобар ин аз интихоби онҳо ноумед шудам,” – афзуд раисҷумҳури Амрико.

Исроил мегӯяд, ҳадафаш аз ҷанг сарнагунии режими динии Эрон аст ва ҳар вориси Хоманаӣ то замоне ки сиёсати душманонаро идома медиҳад, кушта хоҳад шуд.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида аксаран мегӯянд, ҳадаф нобуд кардани мушакҳо ва барномаи ҳастаии Эрон аст. Аммо Трамп мегӯяд, ҷанг танҳо бо омадани ҳукумати итоаткори Эрон тамом мешавад.

XS
SM
MD
LG