Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп посухи нави Эронро "ғайри қобили қабул" номид

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико посухи Эронро дар бораи тавофуқи поёни ҷанг дарёфт кардааст, аммо Доналд Трамп гуфт, ҷавоби Теҳрон "комилан ғайри қобили қабул" аст.

Раиси ҷумҳури Амрико шоми 10-уми май дар паёми кӯтоҳе дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, "ман ҳамин ҳоло посухи ба истилоҳ "намояндагони" Эронро хондам. Аз он хушам намеояд. Комилан ғайри қобили қабул аст!"

Пеш аз ин расонаҳои наздик ба ҳукумати Эрон гузориш доданд, ки посухи Теҳрон аз тариқи Покистон ба Вашингтон ирсол шудааст.

Ҷузъиёти посухи ахири Эрон ба Амрико маълум нест ва Доналд Трамп ҳам дар ин бора шарҳе надодааст.

Президенти Амрико пештар низ пешниҳодҳои ирсолшуда аз тарафи ҳукумати Эронро нокофӣ хонда буд.

Доналд Трамп рӯзи якшанбе ҳамчунин Эронро муттаҳам кард, ки солҳои зиёд бо Иёлоти Муттаҳида "бозӣ кардааст." Трамп таъкид кард, ки дигар ба Эрон иҷозаи ин корро намедиҳад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар паёме дар шабакаи Truth Social навишт, "эрониҳо 47 сол аст, ки моро саргардон мекунанд, мунтазир нигоҳ медоранд, мардумони моро бо бомбҳои канори роҳ мекушанд, эътирозҳоро саркӯб мекунанд ва ахиран 42 ҳазор эътирозгари бегуноҳ ва бесилоҳро аз байн бурдаанд ва ба кишваре, ки ҳоло дубора азамат ёфтааст, механданд. Аммо дигар нахоҳанд хандид!"

Ӯ дар оғози ин баёния Эронро муттаҳам кард, ки "47 сол аст, ки бо Иёлоти Муттаҳида ва боқии ҷаҳон бозӣ кардааст".

Доналд Трамп чанд соат пеш гуфта буд, ки амалиёти низомӣ дар Эрон поён наёфтааст ва ҳанӯз аҳдофе дар ин кишвар боқӣ мондааст, ки Амрико метавонад тайи ду ҳафта онҳоро нобуд кунад.

Амрико ва Эрон баъд аз як даври музокирот дар Покистон пешниҳодҳои худро барои поёни ҷанг ба ҳамдигар мефиристанд. Иёлоти Муттаҳида баъд аз бенатиҷа мондани музокироти ҳузурӣ, муҳосираи дарёии бандарҳои Эронро оғоз кард. Теҳрон ҳам аз ибтидои ҷанг бо Амрико ва Исроил, равуо аз тангаи Ҳурмузро амалан бастааст.

ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Ба хотири гуфтугӯ ва расидан ба як созиш 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас эълон шуд. Ҳанӯз ҳеч нишонае аз гуфтугӯ ва созиш миёни ду кишвар дида намешавад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG