Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Теҳрон боисрор хост, ҳамла ба таъхир андохта шавад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. 2-юми августи 2026
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. 2-юми августи 2026

Раисҷумҳури Амрико гуфт, пас аз илтимоси Эрон ва дархости ҳампаймонҳои кишвараш дар Халиҷи Форс, "бузургтарин ҳамла аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувумро ба Эрон боздошт". Доналд Трамп афзуд, музокироти ду тараф рӯзи 3-юми август аз сар гирифта мешавад ва созиш дар мавриди тангии Ҳурмуз “ногузир аст”.

"Онҳо гуфтанд, ки мо мехоҳем, созиш кунем"

Ӯ, ки рӯзи 2-юми август дар дохили ҳавопаймо бо хабанигорон суҳбат мекард, гуфт: “Ман бисёр мехоҳам созиш кунем. Ин ҷони бисёр одамонро наҷот медод... Мо ҳамлаеро ба нақша гирифта будем, ки бузургтарин ҳамла аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум мешуд ва оқибатҳояш барои онҳо фалокатбор буд. Онҳо нахостанд, ки мо ин корро кунем."

Видеоро дар инҷо бинед:

Доналд Трамп: Эрон хост, ки ҳамла накунем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Доналд Трамп дар бораи ҳайатҳо ё макони музокироти нав чизе нагуфт, вале Қатару Покистон дар гуфтушунидҳои Вашингтону Теҳрон нақши миёнҷиро иҷро мекунанд.

Ба қавли Трамп, Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар ҳамроҳи Эрон аз ӯ хостаанд, ки аз ҳамлаҳои ҳавоии пешбинишуда ба Ҷумҳурии Исломӣ даст кашад. Трамп афзуд, Теҳрон боисрор хост, то ҳамла ба таъхир андохта шавад.

"Онҳо гуфтанд, ки мо мехоҳем, созиш кунем. Мо ҳама омода будем ва маҳз дар ҳамин вақт бояд ҳамлаи азиме сурат мегирифт. Аммо ҳампаймонҳои мо хостанд, аз он даст кашем. Сабаби хоҳиши онҳо ин буд, ки фикр мекунанд, созиш имконпазир аст. Созиш дар бораи Ҳурмуз ва созиш дар бораи даст кашидани Эрон аз силоҳи ҳастаӣ ба даст хоҳад омад," – илова кард ӯ.

Як рӯз пеш аз ин баёния, Доналд Трамп гуфта буд, тасмим гирифтааст ҳамлаҳои навро "ба таъхир андозад", зеро "чаҳорчӯб"-и созишнома бо Теҳрон мувофиқа шудааст ва Исроил низ дар ин тааҳҳуд ба ӯ мепайвандад. Доналд Трамп борҳост, Эронро бо ҳамлаҳои бузург таҳдид карда, сипас аз онҳо даст кашида, гуфтааст, ки созиш миёни Вашингтон ва Теҳрон наздик аст.

Таҳдиди ҳастаӣ ё тангии Ҳурмуз?

Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, манобеи низомӣ дар Эрон иддаои Трампро дар бораи он ки гуё Теҳрон аз Вашингтон хоста бошад аз ҳамлаҳои нав худдорӣ кунад, рад карданд.

Хабаргузории "Меҳр"-и Эрон рӯзи 2-юми август аз қавли манобее навишт, ки изҳороти Трамп "сирфан як дурӯғи нав" ва талоше барои "боҷгирӣ аз ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форс ва фишор ба онҳо аз роҳи таҳдид" аст.

Ҳарчанд Трамп дар оғоз гуфта буд, ҳадафи аслии ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бо Эрон, ки рӯзи 28-уми феврал оғоз шуд, аз байн бурдани таҳдиди ҳастаии Теҳрон аст. Ӯ дар ҳафтаҳои охир бештар ба равуои озоди киштиҳо аз тангии Ҳурмуз таваҷҷуҳ мекунад.

Оброҳаи Ҳурмуз
Оброҳаи Ҳурмуз

То оғози ҷанг беш аз 20 дарсади нафт ва гази ҷаҳон аз ин тангӣ мегузашт, аммо Эрон ин роҳро амалан бастааст ва фақат интихобан ба баъзе аз киштиҳои борбар иҷозаи гузар медиҳад. Эрон ҳамчунин таҳдид кардааст, ки барои гузаштани киштиҳо аз ин тангӣ боҷ меситонад. Амрико ва кишварҳои дигар мегӯянд, тангии Ҳурмуз як оброҳаи байнулмилал буда, таҳти назорати ҳеч кишваре нест.

Вашингтон ва Теҳрон рӯзи 17-уми июн бо ҳадафи хатми муноқиша ва бозгушоии Ҳурмуз ёддошти тафоҳуми 60-рӯза имзо карда буданд. Аммо ихтилофҳо бар сари маънои шартҳои созишнома боис ба ҳамлаҳои нави ҳар ду тараф ба ҳамдигар шуданд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG