Рӯзи панҷшанбе баъди сӯҳбати телефонии тулонӣ президентҳои ИМА ва Русия Доналд Трамп ва Владимир Путин мувофиқат карданд, ки дар мулоқоти рӯбарӯ роҳҳои хатми ҷанги Украинаро баррасӣ кунанд. Президенти Амрико гуфт, сӯҳбаташ бо Путин сермаҳсул буд ва ӯ метавонад бо раҳбари Русия дар Будапешт, пойтахти Маҷористон вохӯрад. Кремл ин иттилоъро тасдиқ кард, вале ягон ҷониб замони мулоқотро ошкор накардааст.
Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, ки бо раҳбарони ИМА ва Русия равобити хуб дорад, мегӯяд кишвараш тайёрӣ ба мизбонии гуфтушуниди Трамп ва Путин оғоз намудааст ва эҳтимол ин мулоқот дар давоми ду ҳафтаи оянда барпо шавад.
Агар ин мулоқот барпо шавад, ин аввалин сафари Путин ба як кишвари аврупоӣ баъди шурӯи ҷанг дар Украина хоҳад буд, ки бо ҳамин сабаб ҳам кишвараш мавриди таҳримҳои фарвони Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтааст. Ҳанӯз вокуниши аврупоиҳо ба сафари эҳтимолии Путин ба Будапешт маълум нест.
Ин рӯйдоди ғайримунтазира замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки раҳбари Украина Володимир Зеленский ба Вашингтон сафар кардааст ва интизор меравад, ки дар дидору гуфтугӯяш бо Трамп рӯзи 17 октябр аз Ппрезиденти Амрико аз ҷумла мушакҳои дурпарвози "Томаҳавк" дархост намояд.
Ёвари Путин мегӯяд, аснои суҳбат бо Трамп - Путин ҳушдор дод, ки додани мушакҳои "Томаҳавк" ба Украина барои раванди сулҳ кумаке намекунад ва бар илова, метавонад равобити Вашингтону Маскавро сард намояд.
Зеленский аллакай дар Вашингтон аст. Аз ин рӯ, расонаҳо талоши музокироти Путинро ҳамчун иқдоми дифоӣ арзёбӣ мекунанд.
Ахиран, Маскаву Киев ба пойгоҳҳои энергетикии ҳамдигар зарбаҳои сангин задаанд. Бо дарёфти мушкаҳои "Томаҳавк" Украина имкон меёбад, ба ҳадафҳо дар дилхоҳ шаҳрҳои Русия зиён расонад.
Ҳафтаҳои ахир эҳсос мешуд, ки Кохи Сафед аз саркашии Путин дилсард шуда, майл дорад, ба Украина кумаки бештар расонад, вале баъди суҳбати телефонии Трамп ва Путин аз эҳтимол дур нест, тасмими раҳбари амрикоӣ тағйир ёбад.
Гуфтугӯ