Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп музокирот бо Толибонро бекор кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дидори сиррӣ бо намояндагони гурӯҳи Толибонро дар Camp David лағв карда, музокирот бо ин гурӯҳро боздоштааст.

Трамп рӯзи 8-уми сентябр дар "Твиттер" навишт, ин тасмимро баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул гирифт, ки рӯзи панҷшанбеи гузашта 12 нафар, аз ҷумла як сарбози амрикоиро кушт. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Толибон ба уҳда гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Амрико бо паёмҳои хашмгинона дар "Твиттер" навишт, мехост имрӯз дидори маҳрамона бо раҳбарони муҳими Толибон дар Кампи Дейвид дошта бошад. Трамп ҳамчунон гуфтааст, қарор буд, дидори ҷудогонае бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, дошта бошад, ки он ҳам бекор шуд.

Президенти Амрико афзудааст, агар Толибон дар замони ҳассос ба оташбас тан намедиҳанд ва дар иваз дувоздаҳ ғайринизомиро мекушанд, ин гурӯҳ тавоноии гуфтугӯ‌ барои "тавофуқи маънодор"-ро надорад.

Қабл аз изҳороти президент Трамп, Марк Эспер, вазири дифои Амрико гуфт, талоши кишвараш барои расидан ба тавофуқ бо Толибон ба ин маъно нест, ки Вашингтон ҳар навъ муомила бо ин гуруҳро бипазирад. Эспер ин суханро дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои фаронсавиаш рӯзи 7-уми сентябр дар шаҳри Париж баён кард.

Ӯ гуфт, беҳтарин роҳи дастёбӣ ба тавофуқ сиёсӣ аст ва афзуд, мехоҳанд мутмаин шаванд, ки ба тавофуқи "хуб" даст меёбанд. Тавофуқе, ки ба гуфтаи ӯ ҳадди ақал масири рӯшантареро барои мардуми Афғонистон кафолат диҳад.

Раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз изҳороти Марк Эспер дар бораи тавофуқ бо Толибон ситоиш карда ва таъкид намуд, ки дар ҷараёни сулҳ аз эҳтиёт ва диққат кор гирифта шавад. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Арг, ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо аз мавзеъгирии вазири дифои Амрико, ки рӯйи як сулҳи пойдор суҳбат кардааст, истиқбол мекунем. Мардуми Афғонистон барои овардани сулҳе мувофиқанд, ки дар он хушунат набошад ва мардуми Афғонистон ҳам ба хушунат таслим намешаванд."

Сиддиқӣ гуфт, наметавонанд бидуни як меъёри возеҳ рӯйи овардани сулҳ кор кунанд.

Ҳафтаи гузашта гурӯҳи Толибон бар иловаи ҳамла ба Кобул, даст ба ҳамлаҳои густардае дар марказҳои вилояти Кундуз ва Бағлон заданд.

Бо кушта шудани як сарбози амрикоӣ дар инфиҷори интиҳории рӯзи панҷшанбеи Кобул, шумори талафоти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар соли 2019 ба 16 нафар расид. Дар айни ҳол, Кеннет Маккензи, фармондеҳи ситоди марказии Амрико, барои гуфтугӯ бо раҳбарони низомии Покистон ба Исломобод рафтааст. Вай рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, афзоиши ҳамлаҳои Толибон ба беҳбуди вазъияти ҳассоси феълӣ дар Афғонистон кумак намекунад.

Ба гуфтаи генерал Маккензи, барои ин ки гуфтугӯҳои сулҳ пешрафт дошта бошад, тамоми ҷонибҳо бояд ба талошҳои сиёсӣ ва коҳиши хушунатҳо вафодор бимонанд.

XS
SM
MD
LG