Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Эрон як таҳдид ба кишварҳои сулҳдӯст аст" ВИДЕО


Доналд Трамп, президенти Амрико, бори сеюм аз минбари Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп аз минбари Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк сиёсати кишвараш дар қиболи Эронро ҳимоят кард ва аз дигар кишварҳо даъват намуд, ки зидди Теҳрон амал карда “хунрезиҳои Эрон”-ро маблағгузорӣ накунанд.

Трамп дар баробари раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, ки дар Маҷмааи кулли СММ ширкат мекунанд, гуфт: "Яке аз таҳдидҳои бузургтарини амниятие, ки дар муқобили кишварҳои сулҳдӯст қарор дорад, режими саркӯбгари Эрон аст".

Трамп дар суханронии худ таҳаввулоти сиёсии баъди инқилоби исломии Эронро “чиҳил даҳсолаи нокомӣ” номид ва аз раҳбарони ин кишвар даъват кард, ки “билохира, манфиати мардумро дар авлавият қарор диҳед” ва таҳдид кард, ки агар “рафтори таҳдидомез“-и Эрон тағйир наёбад, таҳримҳо шадидтар мешавад.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "раҳбарони Эрон даргири ҷангҳои фоҷеабор дар Сурия ва Яман ҳастанд".

Вазъ дар минтақа баъди ҳаводиси 14 сентябр пуршиддат шуд. ИМА, Арабистони Саудӣ ва Аврупои Ғарбӣ Эронро дар ҳамла ба муассисаҳои нафтии Арабистони Саудӣ муттаҳам карданд, вале Эрон ин иттиҳомотро рад мекунад.

Баъди дар соли гузашта аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон берун шудани ИМА, равобити ду кишвар пуртаниш шуд. ИМА дубора таҳримҳо нисбати иқтисоди Эронро барқарор кард ва дар посух Теҳрон гуфт, ки ӯҳдадориҳои худро бар асоси созиши ҳастаӣ коҳиш медиҳад.

Дар бораи Толибон ва Афғонистон

Трамп дар суханронии худ инчунин ба мавзӯи Афғонистон муроҷиат кард ва гуфт, "мутаассифона, Толибон идомаи роҳи ҳамлаҳои ваҳшиёна"-ро дар Афғонистон интихоб карданд. Ӯ гуфт, "мо ба хотири рафъи терроризм дар Афғонистон ҳамкорӣ бо муттафиқонамон дар эътилофро идома медиҳем."

Ин суханронии сеюми президенти ИМА аз минбари Маҷмаи кулли СММ аст.​

Видеои суханронии Доналд Трамп бо тарҷумаи форсӣ:

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG