Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, омодаи имзои созиши сулҳ бо Толибон аст. САДО


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, омода аст, созиши сулҳ бо Толибонро имзо кунад, ба шарте ки оташбаси муваққат байни ду тараф риоят шавад.

Ӯ қабл аз сафар ба Ҳинд, дар рӯзи 23-юми феврал, ба хабарнигорон гуфт: “Мо фикр мекунем, ки онҳо мехоҳанд, созиш кунанд, мо ҳам мехоҳем. Ба фикри ман, созиш ҳосил мешавад, мо бояд бубинем.”

Аввали ҳамин моҳ ду тараф эълон карданд, ки сари “коҳиши якҳафтаинаи хушунат” ба мувофиқа расиданд ва ин созиш аз рӯзи 22-юми феврал ба иҷро даромад. Дар сурати риоят шудани тавофуқ, ду тараф бояд созиши сулҳро имзо кунанд ва ба ҷанги тӯлонитарини Амрико хотима бидиҳанд.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, “баъд аз 19 соли ҷанг дигар вақти он аст, ки нерӯҳои Амрико ба ватан баргарданд.” Иёлоти Муттаҳида ҳоло дар Афғонистон бештар аз 12 ҳазор сарбоз дорад. Айни замон матбуоти Афғонистон гузориш додаанд, ки Толибон дар ду рӯзи гузашта ба чанде аз посгоҳҳои амниятӣ дар вилоятҳои Афғонистон ҳамлаҳои хурде кардаанд.

Доналд Трамп гуфт, омодаи имзои созиши сулҳ бо Толибон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 21-уми феврал гуфт, Амрико ва Толибон машғули гуфтугӯ дар бораи пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсии муноқиша дар Афғонистон ва камтар кардани ҳузури Амрико дар минтақа ҳастанд. Помпео гуфт, агар оташбас риоят шавад, “созиши сулҳи Амрико ва Толибон имзо мешавад” ва афзуд, “Мо барои имзои созиш дар рӯзи 29-уми феврал омода мешавем.”

Сипас ба гуфтаи вазири умури хориҷии Амрико, музокироти байнулафғонӣ оғоз меёбад ва ҳадафи он “созиши фарогир ва пойдори оташбас ва таҳияи нақшаи сиёсии роҳ барои ояндаи Афғонистон аст”. Толибон таъйид кардаанд, ки қарор аст, созиш рӯзи 29-уми феврал “дар ҳузури нозирони байналмилалӣ” имзо шавад ва “замина барои музокироти байнулафғонӣ гузошта мешавад”.

Доналд Трамп ва Нарендра Модӣ дар майдони 100 ҳазор нафарӣ
Доналд Трамп ва Нарендра Модӣ дар майдони 100 ҳазор нафарӣ

Доналд Трамп, рӯзи 24-уми феврал вориди шаҳри Аҳмадобод дар ғарби Ҳинд шуд ва бори аввал аст, ки ба ин кишвар ва панҷумин иқтисоди бузурги ҷаҳон сафар мекунад. Доналд Трамп ва Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, дар дуввумин майдони бузурги ин кишвар дар ҳузури 100 ҳазор нафар суханронӣ кард. Баъдан Трамп ва ҳамсараш Меланиа ба тамошои Тоҷмаҳал, яке аз маъруфтарин кохҳои ҷаҳон рафтанд.

Дар ҷараёни сафари 36-соата, Доналд Трамп дар бораи қарордодҳои чанд миллиардолларӣ бо Ҳинд аз ҷумла қарордодҳои фурӯши чархболҳои низомӣ ва эҳтимолан системаи дифои мушакӣ хабар медиҳад. Вале созиши муҳими деринтизори тиҷоратӣ байни Амрикову Ҳинд имзо намешавад. Доналд Трамп ҳафтаи гузашта гуфт: “Дар воқеъ ман созиши бузургро барои баъд мондам. Намедонам, пеш аз интихобот мешавад, ё не, вале мо як созиши бисёр бузурге бо Ҳинд дорем.”

XS
SM
MD
LG