Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастур ба туркманҳо. Душманони раиси ҷумҳурро дуои бад кунед


Раиси ҷумҳури Туркманистон дар як видеои пешина ҳунари тирзаниро нишон медиҳад.

Баъди ибодат ва ё мавъизахонӣ дар масҷидҳои зери назари ҳукумат дар Туркманистон ҳамеша як роҳе барои таърифу тавсифи раиси ҷумҳур меёбанд ва дар ҳаққаш дуо мекунанд, ки сиҳату муваффақ бошад.

Аммо имомхатибон дар ин кишвари худкома дар самти мадҳияхонӣ дар васфи президент имсол роҳи дигареро ёфтаанд. Онҳо ба мардуми намозхон дастур додаанд, дар моҳи Рамазон ба душманони раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов лаънат бифристанд. Коре, ки бар асоси муқаррароти ислом дар моҳи Рамазон кори дуруст нест.

Як хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар маросими таровеҳи чанд масҷид дар шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон буд, мегӯяд, дар яке аз онҳо имоми масҷид зимни мавъиза аз мардум хост, ки раиси ҷумҳурро дӯст доранд ва дуо кунанд, ки душманонаш нобуд шаванд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки аз бими таъқиб намехоҳад, номаш бурда шавад, аз номи имом чунин иқтибос овард: “Худоё раиси ҷумҳурро аз тамоми бадбахтиҳо эмин нигаҳ дорад ва душманонашро зери пойи ӯ афтонад.”

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, мавъиза дар масҷид бо ситоиши Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шурӯъ мешавад, ки ӯро дар кишвараш “Аркадаг” ва ё муҳофизи туркманҳо ном мебаранд.

Масҷиди Ҳазрати Умар дар Ашхобод
Масҷиди Ҳазрати Умар дар Ашхобод

Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт: “Имом зикр кард, ки тамоми дастовардҳои мо ва зиндагии хушбахтона ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Аркадаг аст. Имом дуо кард, ки Худо ба Бердимуҳаммадов, сиҳативу саломатӣ ва умри дароз бидиҳад. Оллоҳ ӯро аз ҳама мушкилоту бадбахтиҳо эмин нигаҳ дорад ва тамоми душманонашро ҷазо бидиҳад.”

Мисли тамоми дигар муассисаҳо дар Туркманистон, масҷидҳо низ зери назорати сахти давлат ҳастанд, имомҳоро давлат таъйин мекунад ва маросимҳои мазҳабӣ низ бо фармудаҳои мақомоти расмӣ сурат мегиранд.

Дар Туркманистон, ки дар инзиво қарор гирифтааст, мақомоти расмӣ ва мардуми оддӣ аз тарси ҷазо гирифтан, бо матбуоти хориҷӣ суҳбат намекунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, намозгузорон нороҳат ҳастанд, ки ба онҳо дастур медиҳанд, душманони раиси ҷумҳурро лаънат хонанд, вале нороҳатии онҳо зоҳиран барои касе муҳим нест ва танқид карданашон ҳам самари “хубе” намедиҳад.

Форуми Фейсбук

XS
SM
MD
LG