Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Меҳрудин 25 сол аст, боқимондаҳои ҷасади писарашро меҷӯяд. ВИДЕО


Рамзия 30 хешовандашро дар Сребрентиса аз даст додааст.
Рамзия 30 хешовандашро дар Сребрентиса аз даст додааст.

Рамиза Гурдич 25 сол аст, ки боқимондаҳои ҷасадҳои шавҳар ва ду писарашро меҷӯяд. Онҳо қурбониёни куштори дастаҷамъии соли 1995 дар Сребренитса ҳастанд, ки аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ба ин тараф бузургтарин куштори дастаҷамъӣ дар Аврупо ба ҳисоб меравад.

Ин фоҷиаро “Қатли омми Серебренитса” меноманд. Рамиза Гурдич, охирин сухани писари 20-солааш Мустафоро ҳаргиз фаромӯш накардааст: “”Писарам гуфт, ки модар дигар ҳаргиз шуморо намебинам. Писари ҷавонам ба сӯям нигоҳ карду дигар чизе нагуфт.”

Шавҳару писарони Рамиза аз ҷумлаи 8 ҳазор наврасу мардони мусулмон буданд, ки нерӯҳои Сербҳои боснӣ моҳи июли соли 1995 онҳоро куштанд. Қатли ом дар солҳои охири ҷанги Боснӣ сурат гирифт. Ҷанги хунине, ки дар солҳои 90 -ум ҳангоми таҷзия ва ё аз ҳам пошидани Югославияи собиқ оғоз шуд. Нерӯҳои Серби Боснӣ ба раҳбарии генерал Ратко Младич дар он замон, минтақаеро дар шаҳри Сребрентиса гирифтанд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҷоро минтақаи амн эълон карда буд ва даҳҳо ҳазор нафар онҷо паноҳ ёфтанд.

Модари Меҳрудин 25 сол аст, боқимондаҳои ҷасади писарашро меҷӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:03 0:00

Занону кӯдаконро аз мардон ҷудо карда буданд. Рамиза Гурдич мегӯяд, ки ӯву духтарашро дар автобус ба шаҳри Кландич бурданд. Идомаи қиссааш чунин аст: “Онҷо сарбозони Сербҳои боснӣ буданд, онҳо автобусро нигаҳ доштанд ва ба мо гуфтанд, ки ба сӯи писарон ва шавҳари худ нигоҳ кунед. Ман аз пушти шишаи автобус ба берун нигоҳ кардаму писарам Мустафоро дидам, ки онҷо нишаста буд. Вақте дид, ки ман ба сӯяш нигоҳ мекунам, сарашро ба зер афканд, сипас ман беҳуш шудам ва намедонам, ки дигар чӣ шуд.”

Гурдич 25 сол аст, ки ба Сребренитса сафар мекунад, то маълумоте дар бораи шавҳару писаронаш ба даст орад. Ӯ мегӯяд: “Онҳоро ба варзишгоҳ бурда буданд ва нерӯҳои Серби боснӣ ба онҳо гуфта буданд, ки футбол бозӣ кунанд. Писарам Мустафо бозӣ накарду кушта шуд.” Бақияҳои ҷасади Мустафо дар натиҷаи ташхиси ДНК- и қурбониён дар як гӯри дастаҷамъӣ дар маҳаллаи Бранйево шиносоӣ шуд.

Рамиза Гурдич дар соли 1996 дар маҳаллаи Бранйево дар ҷараёни муҳокимаи муттаҳамон ба ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи як сарбози Серби боснӣ, ки дар куштор дар ин маҳалла даст дошт, гувоҳӣ дод. Дражен Ардимовичро гунаҳкор донистанд. Ӯ зимни муҳокима ҳодисаро нақл кард, ки инсонро ваҳшатзада месозад: “Автобусҳоро меоварданд ва одамонро даҳ нафарӣ тақсим мекарданду ба алафзор мебурданд. Мо мардумро тирборон мекардем. Дақиқ намедонам, чанд нафар буданд, барои ман бисёр зиёд буд. Бемор будам, сарам дард мекард.”

Як додгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи 14 парвандаи ин ҷанг содир кард ва ҳодисаро наслкушӣ хонд. Рамиза Гурдич мегӯяд, ки ҳамсоягонаш шавҳари ӯ Юнусро пеш аз кушта шуданаш дидаанд. Шавҳараш аз ҷумла 1500 боснӣ буд, ки дар маҳаллаи Крависа дар як анбори зироат кушта шудаанд. Рамиза Гурдич мегӯяд, ки писари навҷавонаш Меҳруддин 18-сола буд ва ҷасадаш дар қабри гурӯҳӣ дар дараи Ганчарӣ ёфт шуд. Чанд моҳ ҷасадҳоро аз инҷо ба дигар ҷойҳо бурдаанд ва пора-пораву алоҳида дафн кардаанд, то ҷиноятҳояшонро пинҳон доранд. Рамиза Гурдич мегӯяд: ”Умедвор будам, ки яке аз фарзандонам зинда мемонад, аммо ҳеҷ яке намонд.”

"Нисфи баданашро дафн кардам"

Гурдич дар умум бештар аз 30 хешовандашро дар ин қатли ом аз даст додааст. Бақияҳои ҷасадҳояшон дар оромгоҳии умумии Поточари дафн кардаанд. Ӯ мегӯяд: “Барои ман сахттарин кор дафни Меҳрудин буд. Ман фақат нисфи бадани ӯро дафн кардам, бе сар ва бе дастон.“

Додгоҳи Байналмилалӣ барои Югославияи собиқ даҳҳо мақоми сиёсиву низомии Сербҳои боснӣ ба шумули Ратко Младичро барои қатли ом дар Сребренитса ба зиндони якумрӣ маҳкум кард. Млатич барои даст доштан дар ҷиноятҳои ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият соли 2017 гунаҳкор дониста шуд, вале шикояти ӯ мунтазири баррасӣ аст.

Аммо барои Гурдич ҳеҷ гоҳ адолати комил барқарор намешавад. Ӯ мегӯяд: “Ман дигар онҳоро баргардонда наметавонам, ҷинояткоронро бахшида наметавонам, қасос гирифта наметавонам.” Гурдич ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки боқимондаҳои дигари ҷасади Меҳрудинро меёбад, барои ҳамин бо гузашти чаҳоряк аср аз фоҷиаи Сребренитса имсол ҳам ба инҷо омадааст.

XS
SM
MD
LG