Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти 20 корманди ВКД бар асоси шикоятҳои мардум


Мақомоти умури дохила мегӯянд, шикоятҳо аз бадрафтории пулис дар соли 2014 бамаротиб коҳиш ёфтааст. Бар асоси чунин шикоятҳо, дар як соли охир 20 корманди пулисро ҷазо додаанд.

Дар як соли ахир сокинон аз бадрафтории пулис 35 маротиба ба вазорати корҳои дохила шикоят кардаанд. Як масъули вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бар асоси ин шикоятҳо нисбат ба як корманди пулис барои даст ба қонуншикании ҷиддӣ заданаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 19 корманди дигарро ҷазои интизомӣ додаанд.

-Шикоятҳо бештар ин буд, ки фарзанди маро ғайриқонунӣ боздошт кардааст ва ё бо моддаи нодуруст парванда боз кардаанд. Аз лату кӯб шуданашон ҳам шикоят мекарданд, вале на ҳамаи шикоятҳо дар рафти санҷиши махсуси вазорат тасдиқи худро ёфт. Вазири корҳои дохилӣ телефони боварӣ доранд ва мо ҳамеша ба сокинон мегӯем, ки ҳар арзу шикояте пайдо шуд, мустақиман занг занед, - гуфт ин масъули вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ин масъули ВКД мегӯяд, шикоят дар нисбат ба кормандони пулис дар қиёс ба соли гузашта ба маротиб камтар шудааст, чунки ҳоло талош мешавад, то ҳарчӣ бештар ҷавонони донишманд ба сафи пулис ҷалб шаванд.

Дар ҳоле аз коҳиши шикоят аз болои пулис сӯҳбат мешавад, ки расонаҳо ҳамеша аз қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунон матлаби зиёд нашр мекунанд. Бештар қонуншиканиҳо замоне сурат мегиранд, ки кормандони пулис нафареро бо гумони даст доштан дар ҷинояте боздошт мекунанд.

Соли гузашта як сокини ноҳияи Ёвон барои шиканҷа шудани писараш аз ҷониби корманди пулис ба додситонӣ шикоят бурд. Ба дунбол Машариф Алиев, корманди пулис боздошт ва бо ҳукми додгоҳи Хатлон 7 сол равонаи зиндон шуд. Додгоҳ ин пулисро ба шиканҷа ва ба қасди худкушӣ кардани ин навраси 16-сола гунаҳкор донист.

Аммо дар ҳоле ки ВКД аз коҳиши шикоят алайҳи кормандонаш сӯҳбат мекунад, бар асоси иттилои додситонии кули Тоҷикистон, соли гузашта нисбат ба 4 корманди ВКД бо гумони даст доштан дар шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба гуфтаи соҳибназарон, бо вуҷуди талошҳо барои пок кардани симои милиса, бадрафторӣ ва фасод як омили бадномкунандаи ниҳодҳои умури дохилаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG