Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский қасам хӯрд ва порлумони Украинаро пароканда кард


Ҳангоми адои савганд дар Верховная Рада

Володомир Зеленский имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳури Украина қасам ёд кард.

Ҳаҷвнигори собиқи 41-сола, ки бо иҷрои нақши раиси ҷумҳур шуҳрат ёфт, рӯзи 21-уми апрел дар даври дуввуми интихобот да рӯзи 21-уми апрел Петро Порошенко, раиси ҷумҳури феълиро шикаст дод. Ӯ 73 дар сади раъйи мардумро ба даст овард.

Ҳангоми адои савганд дар рӯзи 20-уми май Володимир Зеленский дар ҳузури вакилони мардум дар шаҳри Киев гуфт: “Қавл медиҳам, ки истиқлол соҳибихтиёрии Украинаро муҳофизат мекунам.”

Ӯ ки дар иҳотаи муҳофизон дар дохили порлумон қадам мезад, бо мардум даст мефишурд ва бо баъзе аз онҳо акс мегирифт.Маросими адои савганди Володимир Зеленский чанд рӯз баъд аз он баргузор шуд, ки эътилофи аслӣ дар порлумони Украина аз ҳам пошид.

Баъди адои савганд дар Верховная Рада, Володимир Зеленский хост, Юрий Лутсенко, додситони баҳсбарангези Украина, вазири дифо, ва сардори Хадамоти амнияти миллӣ аз мақомҳояшон барканор шаванд.

Ӯ гуфт, ин афрод бояд дар муддати ду моҳ сабукдӯш гаванд ва ин кор бояд бар асоси қонунҳои нав сурат бигирад. Володимир Зеленский эълон кард, ки Верховная Радаро пароканда мекунад ва хост, интихоботи зудрас баргузор шавад, аммо замони муайянеро пешниҳод накард.

Дар Украина ин баҳс сар задааст, ки оё Зеленский ҳаққи пароканда кардани порлумонро дорад, ё не, чун эътилофи асосӣ дар Верховная Рада ҳафтаи гузашта аз ҳам пошид. Ба гуфтаи мухолифон, бар асоси Қонуни асосӣ порлумон 30 рӯз муҳлат дорад, ки эътилофи нав ташкил диҳад ва дар ин муддат раиси ҷумҳур ҳаққи пароканда кардани порлумонро надорад.

Дар маросим адои савганд, намояндагони 60 кишвар аз ҷумла раиси ҷумҳурони Эстония, Латвия, Литва, Маҷористон, Гурҷистон ҳузур доштанд.

Форуми Фейсбук

XS
SM
MD
LG