Созмони хабарию таҳқиқотии ProPublica иттилоъ дод, соҳибкор аз Русия бо решаҳои тоҷикӣ, Умар Кремлёв, як бахши ҷашни арӯсии писари калонии президенти ИМА Доналд Трампро пардохтааст.
Наздикии Кремлёв бо мақомоти Русия ва махсусан президенти ин кишвар Владимир Путин саховатмандии ӯро нисбати хонаводаи раҳбари Амрико баҳсбарангез кардааст.
Бино бар хабарҳо, Кремлёв барои як маҳфили хурдтари туёна ҷазираеро дар минтақаи сайёҳии Баҳам дар уқёнуси Атлантик ба маблағи 100 ҳазор доллар иҷора гирифта, баъзе хароҷоти ждигари ин базмро пӯшондааст.
Дар ин бора аввал маркази таҳқиқотии ProPublica ва баъдан рӯзномаи Ню Йорк Таймс хабар доданд. Демкоратҳои Конгресс дар ин робита хостори таҳқиқи воқеа шуданд. Дар посух домод, Доналди хурдӣ ва ҳамсараш Беттина ҳарчанд ин хабарро тасдиқ карданд, хароҷоти Умар Кремлёвро на бештар аз «тӯҳфаи як дӯст» номиданд.
Онҳо дар баёнияи муштараки худ гуфтанд: «Дӯсти азизи мо, Умар, бо саховатмандии зиёд барои мо ду шаби фавқулодаи ҷашнро, албатта, Баъд аз тӯямон ташкил кард. Ин як тӯҳфаи тӯёнаи бениҳоят саховатмандона аз ҷониби як дӯст буд ва мо барои он аз ӯ хеле миннатдор будему ҳастем». Наварӯсон шиква карданд, ки расонаҳо ба ин ҳадя тобиши сиёсӣ медиҳанд.
Кохи Сафед изҳороти президент Трампро пахш кард. Дар он гуфта мешавад: «Ман намедонам, ин Умар кист ва ҳаргиз дар бораи ӯ чизе нашунидаам; ӯ хароҷоти тӯйи Дон ва Беттинаро напардохтааст, зеро он маросим дар макони комилан дигар ва дар рӯзи дигар баргузор шуда буд».
Умар Кремлёв соли 1982 дар шаҳраки Серпухови наздикии Маскав ба дунё омада, падараш Назар Лутфуллоев аз дараи Алмосии Тоҷикистон аст.
"Босс"-и собиқ ва аз "Гургони шаб"
Вай аз наврасӣ ба муштзанӣ рағбат нишон дода, муддате “босс” ё нафари аввали Серпухов будааст ва дар нимаи солҳои 2000-ум бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва зарбулат маҳкум ба зиндон шудааст. Дар сохтмон, посбонӣ ва хадамоти таксӣ кор кардааст.
Ба гуфтаи расонаҳои русӣ, ӯ дар соли 2010 номи хонаводагияшро аз Лутфуллоев ба Кремлёв тағйир дода, аввал ба байкерҳои “Гургони шаб” пайвастааст ва гӯё сармоягузории давлатӣ пайдо карда, аз тарафи Путин қадрдонӣ шудааст.
Аммо роҳаш ба долонҳо ҳукумат зимни дӯстияш бо сардори амнияти Путин, Алексей Рубежний сар шудааст. Рубежний ҳамчунин раиси шӯрои мудирони Федератсияи бокси Русия буд ва дертар Кремлёв бо хоҳари ӯ издивоҷ кард. Дар ин бора созмони таҳқиқгарони «Проект» иттилоъ додааст. Дар соли 2017 Кремлёв раиси ин федератсия шуд.
Се сол баъдаш ӯ раҳбарии Федератсияи байналмилалии бокс, маъруф ба IBA-ро аз Ғафур Раҳимов, як тоҷири узбек, гирифт, ки ба иддаои мақомоти Амрико яке аз раҳбарони маъруфи олами ҷиноӣ буда, дар қочоқи байнулмилалии ҳероин гунаҳкор мешавад. Раҳимов ҳамеша ин иттиҳомотро инкор кардаст.
Дар мақоми наваш Умар Кремлёв борҳо бо Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ бар сари иттиҳомоти мудирияти хато, хароҷоти молии ношаффоф ва доварии ноодилона ҷанҷол дошт. Дар соли 2023 пеш аз Бозиҳои олимпии Порис КБО зимни моҷарои муштзанони зан IBA-ро ғайриқонунӣ хонд ва аз ҳаққи ташкили рақобатҳои олимпӣ маҳрум намуд.
Дар Тоҷикистон, зодгоҳи падараш Кремлёв бо хешовандонаш робитаи наздик дорад ва дар корҳои хайрия ширкат мекунад. Соли гузашта Кремлёв ба модари навраси тоҷик Қобилҷон Алиев, ки бо зарби корд дар як мактаби Маскав кушта шуд, дар шаҳри Душанбе манзил туҳфа кард.
Аз он пеш дар соли 2023 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидоре бо Кремлёв “вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс”-ро баррасӣ кард. Тобистони имсол Умар Кремлёв ҳамроҳ бо писари президент Рустам тарҳи бунёди толори бузурги бокс ва меҳмонсарои панҷситораро дар Душанбе оғоз кард.