Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон хостанд, ба ду нафар ҷуброн бипардозад. Як ҳуқуқдони СММ эрод гирифт


Маҳалли таркиш дар шаҳри Хуҷанд.
Маҳалли таркиш дар шаҳри Хуҷанд.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои бадрафторӣ бо як шаҳрванд ва азияти равонии ҳамсари ӯ ба ҳарду ҷуброни маънавӣ бипардозад ва онҳоеро, ки ҳуқуқи ин шаҳрвандонро помол кардаанд, ба ҷавобгарӣ бикашад.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои бадрафторӣ бо як шаҳрванд ва азияти равонии ҳамсари ӯ ба ҳарду ҷуброни маънавӣ бипардозад ва онҳоеро, ки ҳуқуқи ин шаҳрвандонро помол кардаанд, ба ҷавобгарӣ бикашад. Кумита баъди баррасии шикояти Илҳом Исмонов ва ҳамсараш Зарина Наҷмиддинова аз беэътиноӣ ба ҳуқуқи онҳо дар кишвар ба ин натиҷа расидааст, ки мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошт, бозпурсӣ ва баъдан нигаҳдории Илҳом Исмонов бар хилофи Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ амал кардаанд. Тоҷикистон чандин сол пеш ба ин аҳднома пайвастааст ва вазифадор аст, ки онро бечунучаро иҷро ва риоят кунад.

Қазияи Илҳом Исмонов ба 9 соли пеш бармегардад ва ба нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон рабт мегирад, ки 3 -уми сентябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар он рӯз як фарди маргталаб мошини бомбгузоршударо ба дари Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона дар вилояти Суғд равона кард. Дар натиҷаи таркиши мошин 4 нафар, се корманди раёсат ва маргталаб кушта шуданд ва 26 нафари дигар аз ҷумла 5 раҳгузар ҷароҳат бардоштанд. Дар умум бештар аз 50 нафар барои ин ҳамла паси панҷара рафтаанд. Илҳом Исмоновро дар узвият ба Ҳаракати исломии Туркистон гунаҳкор донистаанд.

Хулосаҳои гуруҳи ҳуқуқдонҳои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал рӯзи 9-уми ноябр нашр шуд ва як нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид. Баъди баррасии шикоят ҳуқуқдонон гуфтаанд, аз шикояти гирифтаи муддаиён Илҳом Исмонов ва Зарина Наҷмиддинова ва ҳам посухҳои давлати Тоҷикистон ба ҳуқуқдонҳо чунин бармеояд, ки мақомот ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд.

Илҳом Исмоновро баъди ҳамлаи маргталабона дар рӯзи 3-уми ноябри соли 2010 дастгир карда ва баъдан ӯро бо гуноҳи ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва даст доштан дар ҳамла ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Баъдан ҳукми ӯро кӯтоҳтар кардаанд вале Илҳом Исмонов гуфтааст, ки гуноҳе надошт ва зери азобу шиканҷаи зиёд иттиҳомро эътироф кард. Дар шикояти ӯ ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал омадааст, ки ӯро ба нерӯи барқ монданд, ба ҳадде латукӯб карданд, ки роҳ рафта ҳам наметавонист.

Дар хулосаи ҳуқуқдонҳои кумита омадааст, ки зимни муносибат бо Илҳом Исмонов, мақомоти Тоҷикистон, моддаи 7-уми Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсиро риоят накардаанд, ки чунин фармудааст: “Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, муносибати ғайринсонӣ ва бадрафторӣ қарор бигирад.”

Дар санад омадааст, Илҳом Исмонов ба вакилаш нақл кардааст, ки “ӯро ба нерӯи барқ монданд, ба сараш оби ҷӯш рехтанд, нимаурён дар берун нигаҳ доштанд” ва бо вуҷуди шикоят дар назди додрас дар ин бора, додрас ба ин ҳарфҳо эътиное накардааст. Дар қиссаи Илҳом Исмонов, ки Эътилофи мубориза бо шиканҷа соли 2016 алоҳида нашр кард, омадааст: “Шиканҷаҳо тоқатфарсо буданд. Ба пушти пойҳои ӯ бо калтак заданд, ба сараш латта баста, аз ду тараф тавре кашиданд, ки ӯ аз сахтии дард аз ҳуш рафт.”

Бо Радиои Озодӣ муяссар нашуд, Татяна Хатюхина, вакили дифои Илҳом Исмонов ва ҳамсараш тамос бигирад. Аммо дар хулосаи кумита омадааст, ки муроҷиатҳои батакрори ҷабрдида ба додгоҳҳои Тоҷикистон барои таҳқиқи иддаоҳо дар бораи шиканҷа натиҷае надодаанд. Айни замон мақомоти интизомии Тоҷикистон дар посух ба суолҳои кумита дар бораи қазия гуфтаанд, ки худи Илҳом Исмонов эътироф кард, ки ҳеҷ касе ӯро шиканҷа накардааст, вале санади расмии тасдиқкунандаи ин иддаоҳоро пешниҳод накардаанд.

Мақомоти интизомӣ ҳамчунин эътироф кардаанд, ки ҳангоми боздошти Илҳом Исмонов, дар санадҳои расмӣ 7 рӯз баъд сабт кардаанд ва ду афсаре, ки ба ин қонуншиканӣ роҳ додаанд, барои “кашолкорӣ” танбеҳ гирифтаанд. Бо ин рафтор ба гуфтаи ҳуқуқдонҳои СММ, давлати Тоҷикистон моддаи 10-уми аҳдномаи байналмилалиро риоят накардааст, ки дар он гуфта мешавад, “муносибат бо ҳар касе, ки аз озодӣ маҳрум шудааст, бояд инсонӣ ва бо эҳтиром бошад.

Парвандаи Илҳом Исмонов, ки ҳамчунин дар дасти як гуруҳи Созмони Милал будааст, ки боздоштҳои худсаронаро тафтиш мекунанд. Ин гуруҳ баъди таҳқиқи қазияи Илҳом Исмонов аз ҳукумат хостааст, ки ӯро озод кунад, аммо дар Тоҷикистон аз Илҳом Исмонов хостаанд, ки гуноҳашро эътироф карда, аз раиси ҷумҳур тақозои афв кунад. Коре, ки ӯ накардааст ва гуфтааст, ки гуноҳе надорад. Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфтааст, ки зимни таҳқиқи шикоят маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон чандин банди Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсииро риоят накардаанд ва бояд барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи Илҳом Исмонов ва озори равонии ҳамсари ӯ ба ҳарду ҷуброн бипардозанд.

Ҳамсари Илҳом Исмонов гуфтааст, ки баъди рабудани шавҳараш аз тарафи афроди номаълум ва бехабар мондан аз сарнавишти ӯ, азоби равонии сахте кашид ва гоҳо мехост худкушӣ кунад. Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ҳам инро озори равонии Зарина Наҷмиддинова дониста ва гуфтааст, ки ҳукумат барои чунин амалкард бояд ба ин зан ҷуброн бипардозад.

Аммо Василка Санчин яке аз ҳуқуқдонҳои кумита бо вуҷуди ҳамназар будан дар бисёре аз хулосаҳо гуфтааст, ки “дар баёнияҳои Зарина Наҷмиддинова ихтилофот ба назар мерасад.” Василка Санчин гуфтааст, муаллифони шикоят ба хулосаи ҳукуматро, ки Илҳом Исмонов, узви гуруҳе, ки масъули ҳамлаи террористӣ буд, зери шубҳа набурдаанд. Дигар ин ки шавҳари Наҷмиддинова дар гузашта ҳам 5 сол барои авбошӣ дар зиндон будааст.

Ба гуфтаи Василка Санчин, дар ин ҳолат чунин бармеояд, ки давлати Тоҷикистон “нисбат ба Зарина Наҷмиддинова шиканҷа ё бадрафториро раво надидааст.” Илҳом Исмонов баъди адои ҳукмаш дар моҳи майи соли 2015 ҳамон сол бо ҳамсару оилааш ба Русия рафтааст. Бар асоси қарори Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал давлати Тоҷикистон бояд дар муддати 180 рӯз қарори кумитаро иҷро кунад, вале чунин қарорҳо аз ҷумла нисбат ба Зайд Саидов, тоҷири шинохтаи зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ, Маҳмадалии Ҳаит, узви раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ иҷро нашудаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG