Як профессори амрикоӣ мегӯяд, роҳҳои пешгирӣ аз густариши бемории КОВИД-19 вуҷуд доранд. Лорен Энсел Мeйерс, профессори омору биология дар Донишгоҳи Остин дар Техас дар сӯҳбат бо Садои Амрико изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ҷаҳон қодир ба кашидани лаҷоми ин беморӣ ҳастанд, ки дар зиёда аз 13 000 нафарро кушта ва садҳо ҳазор каси дигарро сироят кардааст. Садои Амрико бо Лорен Мейерс дар бораи хатари вирус, роҳҳои пешгирӣ аз он сӯҳбате дошт.
Садои Амрико: Бо назардошти ончӣ, ки дар инҷо Амрико, Итолиё ва дигар кишварҳои Аврупо мебинем, чӣ чизи наве дар бораи ин вирус меомӯзем?
Лорен Мeйерс: “Бо густариши вирус дар ҷаҳон, мо суръати онро беҳтар мефаҳмем, ки чӣ гуна зуд паҳн мешавад. Ба ғайр аз ин мо оризаҳои бемориро хубтар меомӯзем, ки беморро ба шифохона мекашад, ё ӯро мекушад. Илова бар ин бисёре аз онҳое, ки вирусро паҳн мекунанд, аввал ҳеҷ аломати бемориро надоранд. Ҳатто намедонанд, ки бемор ҳастанд, вале айни замон вирус паҳн мекунанд. Ҳамчунин мо фаҳмидем ва албатта аз аввал ҳам маълум буд, ки вирус вазъи пиронсолон ва гирифторони бемориҳои музминро (хроникӣ) бадтар мекунад.”
Садои Амрико: Дар як сӯҳбати қаблӣ шумо гуфтед, ки ҳоло омори талафотро надорем.
Лорен Мeйерс: “Мо доир ба маргумир аз ин беморӣ ҳоло зиёд намедонем. Хатарнок будани ин вирус яқин аст, ки бемории вазнине бармеангезад ва маргумир аз ин беморӣ пайваста зиёд мешавад. Вале мо талафот аз онро дақиқ карда наметавонем. Норӯшан ин аст, ки агар касе бемор шуд, эҳтимолияти марги ӯ чӣ қадар зиёд аст. Мо адади дақиқе надорем, мо фақат медонем, ки чанд нафар фавтид, аммо намедонем, дар умум чӣ қадар сироят шудаанд. Бубахшед дигарбора мегӯям. Аз омори талафот ҳоло чизи зиёде маълум нест. Ин эҳтимол ҳаст, ки одами гирифтор ба беморӣ мемирад. Вале муайян кардани мизони эҳтимол мушкил аст, чунки шумурдани фавтидагон аз ин беморӣ осонтар аз он аст, ки маълум кунем, чанд кас ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, аломатҳои возеҳи онро надоштанд ва ё аслан нафаҳмидаанд, ки беморанд.
Садои Амрико: Барои чӣ фақат таваҷҷӯҳ сари суст кардани суръати густариши вирус аст. Мо мебинем, ки чӣ гуна мушкилоти рӯзмаррае дар инҷо Амрико меофарад. Барои чӣ ин муҳим аст, чаро ин корро бояд кунем?
Лорен Мeйерс: “Онгуна ки гуфтем, ин вирус бемории вазнине бармеангезад. Барои баъзе гурӯҳҳои калонсол ва ё осебпазир марговар аст. Мо бояд онҳоро муҳофизат кунем ва нагузорем, ки бемор шаванд. Айни замон мо онҳоро аз вирус дур нигаҳ дошта наметавонем, зеро вирус зуд ва гоҳо ноаён паҳн мешавад. Баъзе мубталоён ба сабаби набуди аломатҳои беморӣ намедонанд, ки бемор ҳастанд, вале ба дигарон сироят мекунанд. Аз ин сабаб барои нагузаштани вирус аз як кас ба каси дигар, моро лозим аст, ки иртибот байни одамонро бисёр маҳдуд кунем. Инҷо хатари дигаре низ ҳаст. Хатар на танҳо вазнин шудани вазъи афроди осебпазир, балки якбора зиёд шудани теъдоди гирифторон, нарасидани ҷойу табибон дар шифохонаҳо барои кӯмак ба мӯҳтоҷон аст. Барои ҳамин мо бояд барои монеъ шудан ба густариши вирус чораҳои фарогир биандешем. “
Садои Амрико: Ақидае зиёд такрор мешавад, ки ин вирус дар ҳарорати баланд, мемирад. Воқеан ҳамин дуруст аст?
Лорен Мeйерс: “Мо ҳоло арқоме надорем, ки бо боварӣ бигӯем, ҳавои тобистон, гармӣ ва ё рутубати баланд, ба густариши вирус таъсир мерасонад. Мо медонем, ки усулан эпидемияи бемориҳои роҳҳои нафас ба мавсим сахт вобаста аст. Масалан дар соли таҳсил дар муқоиса ба тобистон зиёдтар мешавад. Доир ба зуком маълумот дорем, ки вазъи ҳаво дар густариши он нақш дорад ва тобистон суръати он суст мешавад. Вале муҳимтар аз ҳама рафтори мост. Сабаби асосии пайдо шудани вирус на дар тобистон, балки зимистон, он аст, ки кӯдакон дар зимистон ба мактаб мераванд ва ба якдигар сироят мекунанд ва ҳамингуна ба паҳн шудани беморӣ таъсири чашмгир мегузоранд.”
Садои Амрико: Оё дар шеваи иртиботи табибон бо беморони коронавирус тағйиротие пеш меояд, чун Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, ки вирус метавонад, ҳангоми анҷоми баъзе заруриёти муолиҷа, вирус аз роҳи нафас ба табибон сироят мекунад.
Лорен Мeйерс: “Мо доир ба қудрати вогирии вирус иттилои нав мегирем, шоҳиди зиёд шудани мубталоён дар шифохонаҳо ҳастем. Ҳоло медонем, ки вирус қодир аст, соатҳои зиёд, ё бештар аз як шабонарӯз дар сатҳи ашёи сахт бимонад. Аз ин рӯ на танҳо табибон, балки аҳолӣ чораҳои зарурии эҳтиётӣ меандешанд. Сухан на танҳо дар бораи иртиботи мустақим бо инсон, балки даст задан ба ашёи истифодаи умумӣ меравад. “
Садои Амрико: Назари шумо ба гуфтаи Пажӯҳишгоҳи Миллии Таҳқиқи Ҳассосият ва Бемориҳои Вогир чӣ аст, ки гуфт, вирус дар ҳаво ва ашёи сахт аз чанд соат то чанд рӯз зинда мемонад. Донишмандон гуфтанд, коронавирус, ки бемории КОВИД-19 бармеангезад дар ҳаво то 3 соат, дар мис то 4 соат, дар картон то 24 соат ва дар ашёи пластикӣ ва фуллузоти зангнохӯрда аз ду то се рӯз мемонад.
Лорен Мeйерс: “Ин кашфиёт, аҳамияти фавқуллодае дорад. Мо акнун метавонем, барои муҳофизати табибону афроди осебпазир чораҳои иловагӣ андешем. Мо бояд ҳангоми даст задан ба ҳомилони эҳтимолии вирус эҳтиёткор бошем. "
Садои Амрико: Оё амрикоиҳо ҳама кори заруриро барои суст кардани суръати густариши вирус мекунанд. Чӣ кори дигар бояд кунанд? Баъзеҳо мегӯянд, ҳангома зиёд аст.
Лорен Мeйерс: “Ба назари ман, Амрико ин хатарро бисёр ҷиддӣ гирифтааст. Бисёре аз қарорҳоро дар сатҳи маҳалҳо қабул мекунанд. Вақте шаҳрҳо диданд, беморӣ дар миёни аҳолиашон зиёд мешавад, чораҳои иловагӣ меандешанд. Инҷо ҳангома аст, вирус дар воқеъ хатарнок аст ва бемор ба эҳтимоли зиёд бистарӣ мешавад. Вазъи гурӯҳҳои осебпазир ва калонсол хатарноктар аст. Барои ҳамин бояд аз ҳоло барои муҳофизати аҳолӣ чора андешид.”
Садои Амрико: Оё вазъ бадтар мешавад. Чиро бояд мунтазир бошем?
Лорен Мeйерс: “Пешгӯӣ кардани оянда, ки чӣ мешавад, бисёр сахт аст. Мо медонем, ки бо чораандешӣ метавон, пеши роҳи густариши вирусро гирифт. Мо мебинем, ки чӣ гуна кишварҳои дигар манбаи хуруҷи бемориро таҳти назорат медароранд. Беморонро зуд ошкор мекунанду ва алоҳида нигаҳ медоранд ва аз мардум мехоҳанд, ба ҳам зиёд наздик нашаванд. Бо назардошти онки дар кишварҳои дигар чӣ мегузарад, мо умед дорем. Агар қотеона ва зуд амал кунем, метавонем, дар ояндаи наздик пеши роҳи густариши бемориро бигирем."