Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод ва хешбозӣ - ду монeаи ҷалби сармоя ба Тоҷикистон


Тоҷикистон дар орзуи сармоягузориҳои хориҷӣ талошҳое ба харҷ медиҳад, аммо фазои хешутаборбозӣ ва фасод роҳи сармояро ба кишвар бастаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар як гузориши вижа мегӯяд, “муносибати ношаффофи давлат бо бизнес ва набудани волоияти қонун дар ҳалли баҳсҳо Тоҷикистонро барои сармоягузорон ба як муҳити торику ноҳамвор бо ояндаи норӯшан табдил додааст.”

Бино бар ин гузориш, ҳукумати Тоҷикистон дар тарҳҳои асосии зербиноияш бештар ба сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатие аз Чин, Русия ва Эрон такя дорад ва ҳамчунин ба ёрии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ. Ҳукумат ба сармоягузориҳои бештари хориҷӣ рағбат зоҳир кардааст, аммо дар ислоҳоте, ки онҳоро ҷалб кунад, собиқаи бад дорад.

Дар идомаи ин гузориш мехонем, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои он ки барои сармоягузориҳои хусусии хориҷӣ шароити муносиб фароҳам оварад, ғолибан ба сармоягузорӣ ва қарзҳои берунаи кишварҳое таваҷҷӯҳ дорад, ки онҳоро дӯстони геополитикӣ мешуморад. Бо василаи амалияҳои ғайришаффоф ва монеагузорӣ ба сабқат, ҳукумат ба бахши хусусӣ харҷҳои нозарурро бор мекунад ва барои онҳо номуайянӣ ва хатарҳои сахтеро ба миён меорад. Бар ин далел, сармоягузорони умдаи солҳои охири Тоҷикистон ҳукуматҳоеянд, ки дар минтақа манфиатҳои геополитикӣ доранд, махсусан Чин, Русия ва Эрон.

Аммо мақомдорони тоҷик, ки масъули ҷалби сармояҳои хориҷиянд, иддаоҳои омада дар гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрикоро бепоя хонда, мегӯянд, он бар пояи гуфтумони “як гурӯҳи норозӣ аз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ” дуруст шудааст.

Некрӯй Забиров
Некрӯй Забиров

Некрӯй Забиров, роҳбари “Тоҷикинвест”, идораи масъули ҷалби сармоя дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки арзёбиҳои ин гузориш воқеъбинона нестанд: “Ин як гуфтугӯи кӯчагии беасосу далел аст. Ба назари ман, ин гузориш дар асоси гуфтугузори як гурӯҳ афроди норозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳатто номи худро пинҳон мекунанд, навишта шудааст. Дар он ҷо дар бораи хешутаборбозиву шиносбозӣ ва одам доштан дар мақомоти давлатиро навиштаанд, ки ин падидаҳои охири солҳои 90- уми Тоҷикистон аст, на ҳозир. Дар мавриди коррупсия навиштаанд... Хуб, ин чиз дар ҳамаи давлатҳо ҳаст. Ҳамон давлате дар бораи коррупсия дар Тоҷикистон гӯяд, ки дар дохили худаш коррупсия набошад!”

Зимнан сафорат дар гузориши худ бо ёдоварӣ аз бархе ислоҳоти ба роҳ мондаи Тоҷикистон навиштааст, “баъзе беҳбудиҳо дар соли 2012 ба даст омад, аз ҷумла кишвар Қатъномаи эътироф ва ҳимояи ҳукмҳои ҳакамии хориҷиро имзо кард ва ҳам дар моҳи марти соли 2013 ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шуд. Кодекси нави андоз низ аз аввали соли 2013 эътибор пайдо кард, аммо бар хилофи умеди коршиносон печида ва зери бори маъмурӣ боқӣ монд.”

Аммо ба таъкиди муаллифони ин гузориш, то замоне ки Тоҷикистон мушкилоти бунёдиеро, чун фасод, беқонунӣ, таъмини собити нерӯи барқ ҳал накунад, ба густариши сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ноил нахоҳад гашт.

Дар идомаи гузориш муаллифон ба арзёбии фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, пардохта навиштаанд, ки ин ниҳод, ки соли 2006 барои кӯмак ба сармоягузорон таъсис ёфта буд, барои иҷрои рисолати худ кори зиёд накардааст. Меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳои сармоягузорӣ муайян нашудаанд. Дар натиҷа сармоягузори эҳтимолӣ, қарор аст, аз нигоҳи тақрибан ҳамаи ниҳодҳои марбутаи давлатӣ гузарад. Ҳоло он ки метавонист, танҳо бо ниҳоде кор кунад, ки масъули сармоягузориҳост.

Аммо Некрӯй Забиров мегӯяд, дар ин муддат ин кумита корҳои зиёдеро баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ анҷом додааст, ки муаллифони ин гузориш нодида гирифтаанд: “Кумита дар тӯли фаъолияташ садҳо қонунро барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таҳия ва ба парлумон пешниҳод кард, ки онҳо қабул шуда ва мавриди иҷро қарор гирифтаанд. Барои мисол, бо кӯшиши кумита аз 800 навъи фаъолият, ки барои он иҷозатнома даркор буд, танҳо 86 навъаш боқӣ монд. Равзанаи ягона барои сабти оғози фаъолияти соҳибкорӣ ташкил карда шуд. Ҳамаи ин фаъолият нест магар?”

Дар идомаи гузориш муаллифон таъкид ба душвориҳо дар дифоъ аз моликияти хусусӣ навиштаанд: Ҳимояти низоми адлияи кишвар аз қарордодҳои тиҷоратӣ дар амал хеле ночиз аст ва додрасҳо мустақил набуда, дар чанд ҳолат мақомоти ҳукуматӣ ба онҳо таъсир доштанд, то ҳалномаи дилхоҳи худро ба даст оранд.”

Ба гуфтаи гузоришгарон, ҳарчанд Тоҷикистон узви чандин қатъномаи ҳакамист, худ ягон низоми ба гунаи байналмилалӣ эътирофшудаи ҳакамӣ надорад ва додрасҳо на ҳамеша бартарии санадҳои байналмилалиро мепазиранд.

Нозим Ишонқулов
Нозим Ишонқулов

Дар ҳамин ҳол, Нозим Ишонқулов, директори «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, коршиносон ва афроде, ки бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ошно ҳастанд, ин гуна арзёбии сафорати Амрико барояшон ғайринтизор нест. Вай гуфт: «Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, мутаассифона, як кори бисёр таваккалӣ боқӣ мондааст. Аз як сӯ, барои сармоягузорон зерсохтори зарурие ба мисли барқу газ ва роҳи оҳану автомобилгард вуҷуд надорад, ё дастрасӣ ба он мушкил ва ё маҳдуд боқӣ мондааст. Ғайр аз ин низоми ситонидани андоз ва боҷи гумрукӣ низ хеле мураккаб ва бюрократӣ аст, ки вақти зиёд мегирад ва боиси сар задани муносибатҳои коррупсионӣ мешавад. Аз ҳама муҳим сармоягузорон ҳуқуқҳои хешро дар мавриди моликият ҳимоят карда наметавонанд. Чунки бо муроҷиат ба додгоҳ низ хеле кам иттифоқ меафтад, ки ҳуқуқи касе ҳимоят шавад.»

Ҷаноби Ишонқулов афзуд, душвор аст ба он иддаоҳое, ки дар гузориши сафорати Амрико омадааст, розӣ нашуд, чунки бизнеси маҳаллӣ ба он мушкилоте, ки дар гузориш ишора мешавад, ҳар рӯз дасту панҷа нарм мекунад.

Дар навбати худ, ҳатто ширкатҳои хушном ҳам, бино бар баъзе манобеъ, ногузир гоҳе қонунгузории андозро вайрон мекунанд, зеро тазоди дохилӣ ва муқаррароти аждаҳоӣ аксаран риояти қоидаҳои мавҷударо ғайримумкин мегардонанд. Ин ҳол ба манфиати муфаттишоне мешавад, ки дар ивази нодида гирифтани нақзи қонун пора талаб мекунанд.

Ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2000 ба ин сӯ босуръат рушд кард, кишвар ҳамоно гирифтори мушкилоте, чун танаввӯи ками саноатӣ, коҳиши сатҳи савод, зербинои сусти беҳдошти миллӣ ва афзоиши бекорӣ буда, ҳамоно ба сатҳи соли 1990-аш нарасидааст. Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, тавлиди умумии дохилӣ дар соли 2013 7,4 дарсад афзуда, ба 40,5 миллиард сомонӣ ё 8,5 миллиард доллар расидааст. Иқтисоди ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон низ, бино ба баъзе шуморишҳо, бузург буда, то 2 миллиард доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG