Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси маводи хатарнок. Амрико ба Фурудгоҳи Душанбе таҷҳизоти нав дод. ВИДЕО


Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба Фурудгоҳи Душанбе. 22-юми октябри 2019
Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба Фурудгоҳи Душанбе. 22-юми октябри 2019

Мақомоти Амрико ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгоҳи ошкор кардани маводи ҳастаиро доданд. Ҳоло дар 13 нуқтаи гумрукии фурудгоҳ мусофиронро чунин дастгоҳ ташхис мекунад ва дар сурати муайян кардани маводи хатарнок бонги хатар садо медиҳад.

Таври маълум дар Тоҷикистон миллионҳо тонна маводи радиоактив аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Замони Шӯравӣ дар шимоли кишвар комбинати коргарди маъдани уран фаъол буд. Партовҳои он ҳанӯз ҳам дар атрофи шаҳраки Истиқлол ва минтақаи Деҳмой вуҷуд дорад, аммо то кунун дар бораи қочоқи моддаҳои атомӣ ва радиоактивӣ дар Тоҷикистон гузорише нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон таҷҳизоти навро барои пешгирӣ аз қочоқи маводи хатарноке, ки мумкин аст, мавриди истифодаи террористон қарор бигирад, муҳим хонданд. Чунин хатар дар Тоҷикистон ҳам вуҷуд доштааст.

Таҷҳизот аз ҷониби идораи ошкорсозии қочоқ ва назорати маводи ҳастаии Вазорати Энержии Амрико дар маросиме рӯзи 22-юми октябр ба Тоҷикистон супурда шуд. Ҳадаф аз ин кумак ба Тоҷикистон таъмини амният дар минтақа ва мубориза бо қочоқи маводи ҳастаӣ гуфта шуд.

Ҷон Гинкел, кордори муваққатии сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди таҷҳизот ба фурудгоҳи Душанбе гуфт: “Сатҳи хатареро, ки аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ ба мо таҳдид мекунад, эътироф мекунем ва барои пешгирӣ аз ин таҳдидҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамкорӣ мекунем.”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Мақомоти Тоҷикистон муҷаҳҳаз кардани 45 гузаргоҳи марзӣ ва гумрукии кишварро бо таҷҳизоти ошкорсозии маводи хатарноки ҳастаӣ муҳим медонанд ва тасмим доранд. Илҳом Мирсаидов, раиси Оҷонси амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом дар доираи “Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои қатъномаи 15/40-и Шӯрои амнияти СММ” татбиқ мегардад. Бар асоси нақша, то имрӯз дар маҷмӯъ 6 гузаргоҳи марзии кишвар бо детекторҳои махсус барои кашфи маводи ҳастаӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Ба гуфтаи Мирсаидов, хатари қочоқи маводи хатарноки ядроӣ дар кишвар вуҷуд дорад. Вай афзуд: “Бо назардошти ҳамсарҳад будани Тоҷикистон бо Афғонистон чунин хатар вуҷуд дорад ва аз ин хотир шояд аз давлатҳои дигаре, ки дорои силоҳи қатли ом мебошанд, гардиши ғайриқонунӣ рух диҳад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тамоми гузаргоҳҳоро бо чунин детекторҳо муҷаҳҳаз кунад.”

То имрӯз нозирони гумрук дар фурудгоҳи Душанбе имкони дақиқ ошкор кардани маводи хатарноки ҳастаиро надоштанд. Қабл аз насби дастгоҳ ба кормандони гумрук истифодаи ин абзор ва роҳҳои муайян намудани маводи хатарнокро омӯзондаанд.

Фирӯз Саидалиев, нозири гумрук дар Фурудгоҳи Душанбе, мегӯяд, дастгоҳе, ки онҳо барои назорати бағоҷу мусофирон истифода мекарданд, чунин қобилиятро надошт: “Таҷҳизоти хурд доштем, аммо он наметавонист пурра ва ҳамаҷониба маводи кимиёвӣ ва радиатсиониро кашфу назорат кунанд. Чунин таҷҳизот барои ошкор ва манъ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи кимиёвӣ ин таҷҳизот дар фаъолияти ҳаррӯзаи мо муҳим аст.”

Нигаронии мақомоти ду кишвар ҳам аз талошҳои гурӯҳҳои террористӣ барои даст ёфтан ба маводи ҳастаӣ ва қочоқу истифодаи он ҷиҳати омода кардани силоҳҳои қатли ом аст. Вазорати энержии Амрико аз соли 2013 дар самти мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар ин самт барои Тоҷикистон бо арзиши 2,7 миллион доллар таҷҳизот тақдим кардааст.

Соли 2018 бо ёрии Амрико дар Тоҷикистон маркази минтақавӣ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом таъсис ёфт. Дар ин марказ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳҳои пешгирӣ аз терроризм омӯзонида мешаванд. Мақомоти Амрико барои таъмини гузаргоҳҳои дигари Тоҷикистон бо дастгоҳҳои нав изҳорӣ омода карданд.

XS
SM
MD
LG