Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА 28 ширкати Чинро бо гумони озори мусалмонон ба "рӯйхати сиёҳ” ворид кард


Ин аксро моҳи июни имсол гирифтаанд. Масҷиде дар Янгисор, ғарби Шинҷон

Амрико 28 корхонаву ташкилоти чиниро барои эҳтимоли даст доштан дар “нақзи ҳуқуқи инсон ва озор”-и уйғурҳову гурӯҳҳои дигари мусалмонон дар минтақаи Шинҷони Чин ба феҳрасти сиёҳ ворид кард.

Вазорати тиҷорати Амрико рӯзи 7-уми октябр гуфт, ширкату корхонаҳое, ки ба ин рӯйхат шомил шудаанд, аз ҳаққи харидани маҳсулоти ширкатҳои амрикоӣ бе иҷозаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида маҳрум мешаванд. Дар шарҳи расмӣ гуфта мешавад, фаъолияти ин ташкилот барои пешбурди “маъракаи саркӯб дар Чин, боздоштҳои дастҷамъии худсарона ва роҳандозии назорат ба воситаи фанновариҳои навин алайҳи уйғурҳову қазоқҳо ва намояндагони ақаллиятҳои дигари мусалмон” мусоидат кардааст.

Дар миёни ширкатҳое, ки мавриди ҳадаф қарор гирифтанд, 20 ниҳоди ҷамъиятии амниятӣ ва 8 ширкат ном бурда мешаванд, ки дар кӯчаву хиёбонҳо ба назорати видеоӣ машғул ҳастанд. Дар ин феҳраст номи Hikvision, Sense Time ва Megvii Technology ҳам ворид шудааст, ки дар шинохти чеҳраҳои инсонҳо пештоз эътироф шудаанд. Айни чунин муҷозот чанд моҳ пеш нисбат ба ширкати азими Huawei Technologies Co Ltd. ҳам татбиқ шуд.

Интизор меравад, вокуниши мақомоти Чин ҳам тунд хоҳад буд, чун то ҳол Пекин барои сиёсате, ки дар Шинҷон пиёда кардааст, шадидан мавриди интиқоди байналмилалӣ мебошад.

Мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳадди ақал 1 миллион уйғур ва намояндагони гурӯҳҳои дигари мусалмон ба қароргоҳҳои воқеъ дар минтақаҳои дурафтода ҷой дода шудаанд. Пекин пойфишорӣ дорад, ки ин боздоштгоҳҳо марказҳои “таълими касб” мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, “маъракаи саркӯби Шинҷон ба терроризм рабт надорад. Ин ҷо ҳадаф поккории шаҳрвандони худӣ аст”.

Ин суханҳоро Помпео рӯзи 22-юми сентябр дар як ҷаласаи Ню-Йорк баён кард, ки дар он вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карданд. Нишаст дар ҳошияи Маҷмаи кулли Созмони Милал баргузор шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, Амрико ва Чин дар ҳолати ҷанги тиҷоратӣ қарор доранд ва ба якдигар нархномаҳои муҷозоткунанда таъйин кардаанд.

Тасмими Вазорати тиҷорати Амрико дар бораи таҳрими ширкатҳои чинӣ дар ҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ қарор аст гурӯҳҳои музокиротии ду кишвар бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Ин музокирот баъди 15 моҳи ҷанги тиҷоратии Вашингтону Пекин баргузор хоҳад шуд. Вале ба назар намерасад, ки президент Доналд Трамп мавзеи худро тағйир дода бошад.

Вирбур Росс, вазири тиҷорати Амрико дар изҳороти худ гуфт: “Ҳукумат ва Вазорати тиҷорати Иёлоти Муттаҳида саркӯби бераҳмонаи ақаллиятҳои қавмиро дар Чин таҳаммул накардааст ва нахоҳад кард”.

Хабаргузории «Ройтерс» менависад, мақомоти амрикоӣ барои шарҳи бештари ин мавзӯъ дастрас набуданд, вале бино ба ҳисобҳои расмӣ, яке аз ширкатҳое, ки дар пайи ин таҳримҳо зарар мебинад, Hikvison аст, ки бо 42 миллиард доллар дороиаш дар бозор худро як ғӯли назорати видеоӣ меномад.

Дороиҳои ширкатҳои дигаре, ки ба феҳрасти сиёҳ шомил шудаанд, садҳо миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Дастгоҳҳои Hikvision
Дастгоҳҳои Hikvision

Яке аз аввалин ташкилоте ҳам, ки вокуниш кард, Hikvison буд ва сухангӯи он гуфт, ширкат ба шиддат мухолифи ин қарор аст. Ӯ гуфт, моҳи январ ширкати Hikvison ба ҳайси мушовири масоили ҳуқуқи башар собиқ сафири Амрикоро ба кор гирифт ва вазифаи ӯ гузориш додан дар бораи шикоятҳо дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи башар аст. “Муҷозоти Hikvison, бо вуҷуди ӯҳдадориҳое, ки дорад, ширкатҳои ҷаҳониро аз муошират бо ҳукумати Амрико бозмедорад, ба тиҷорати шарикони амрикоии Hikvison осеб мерасонад ва ба иқтисоди Амрико таъсири манфӣ мегузорад”, -- гуфт сухангӯ.

Ҷон Ҳонович, муассиси ширкати назорати видеоии IPVM мегӯяд, ширкатҳои Hikvison ва Dahua бо ҳадафҳои таъминот аз хадамоти ширкатҳое ба мисли Intel Corp (INTC.O), Nvidia Corp (NVDA.O), Ambarella Inc (AMBA.O), Western Digital (WDC.O) ва Seagate Technology (STX.O) истифода мекунанд ва аз ин хотир, паёмадҳои қарор ба ширкатҳои чинӣ “харобиовар” хоҳад буд.

Оҷонсии «Ройтерс» моҳи август гузориш дод, ки Hikvison аз 7 миллиард доллар даромад 30 дарсадашро аз ҳисоби бозори берунӣ ё хориҷӣ таъмин кардааст. Ширкатҳои дигар ҳам аз қарори қабулкардаи мақомоти амрикоӣ изҳори нороҳатӣ карданд. Аксари онҳо мегӯянд, пойбанд ба қонун ҳастанд, маҳсулоти баландсифат истеҳсол мекунанд ва аз ин қарор фаъолият ва даромади на танҳо ин ширкатҳо, балки шариконашон осеб мебинанд.

Созмону гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳукуматҳои ғарбӣ Чинро барои поймол кардани ҳуқуқи мусалмонон дар вилояти Шинҷон ва ба қароргоҳҳои ба истилоҳ бозтарбия ҷой кардани онҳо маҳкум кардаанд.

Моҳи апрел як гурӯҳи вакилони амрикоӣ дар амри таҳқиқи ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Чин ба ин хулоса омаданд, ки дар сиёсати поймолкунии ҳуқуқи инсон дар ин кишвар бархе ширкатҳо, мисли Hikvison ва Dahua аз мавқеи “ҳамкорӣ” кор гирифтаанд.

Моҳи август ҳукумати Трамп як қоидаи дохилие ҷорӣ кард, ки хариди федеролии маҳсулоти мухобиротӣ ё телекоммуникатсионии панҷ ширкати чинӣ, аз ҷумла Huawei ва Hikvision-ро манъ мекунад. Дар паи ин, тибқи гузоришҳо, Huawei гуфтааст, хабарҳо дар бораи ин ки аз ҷониби ҳукумат ваё хадамоти интизомиву махфии Чин назорат мешавад, аз ҳақиқат дур аст ва ба зидди маҳдудиятҳои ҷорикардаи ҳукумати Амрико ба додгоҳ шикоят бурд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG